Тибқи як пажӯҳиш дар Тоҷикистон, наздики 40 нафар кӯдакони муттаҳам ба қонуншиканӣ, мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор гирифтаанд.
Гулчеҳраи 17-сола танҳо барои он, ки дубора дар дасти кормандони милиса наафтад, худкушӣ кард. Бо расидани даъватномаи шӯъбаи корҳои дохилӣ, вай сирко нӯшид, то бимирад, аммо бо одамоне, ки ӯро бераҳмона заданд ва батакрор таҳдиди таҷовуз ба номусаш карданд, рӯбарӯ нагардад.
Додситонии шаҳри Душанбе мегӯяд, қазияро таҳқиқ мекунад, аммо бисёриҳо бар инанд, ки масъулони ҳодиса бо ҷазои сабук, раҳо хоҳанд шуд. Модари Гулчеҳа мегӯяд, духтараш аз даъвати такрорӣ барои бозпурсӣ сахт дар ҳарос буд. Сониян, ин саргузаштро Гулчеҳра ҳамроҳ бо як дугонааш паси сар кардааст, ки милисаҳо ҳардуро бо иттиҳоми дуздӣ боздошт карда буданд.
ҚазияИ Гулчеҳра яке аз мисолҳоест, ки дар пажӯҳиши ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» дар робита ба «шиканҷа ва муносибати бераҳмона бо кӯдакон дар лаҳзаҳои боздошту бозпурсӣ ва нигаҳдорӣ дар муассисаҳои интизомии Тоҷикистон, номбар шудааст.
Тоҷиддин Ҷалолов, раҳбари ин созмон дар сӯҳбат бо радиои "Озодӣ" гуфт, дар пажӯҳиши мазкур ҳудуди 40 нафар ноболиғи аз 10 то 18 сола ширкат доштаанд: «Масалан яке аз ин ноболиғони 17-сола мегӯяд, вақте ӯро ба шӯъбаи корҳои дохилӣ ворид карданд, 5 нафар пулис ӯро пурсиш намуданд. Дар ин миён на ҳимоятгар ва волидайни ӯ ширкат надоштанд. Пурсиш аз соати 11-и шаб то саҳар идома ёфт ва ҳар соат танҳо чанд дақиқа барои истироҳат дода мешуд. Чунин ҳолатҳо бениҳоят зиёданд. Мутаассифона имрӯз нисбати ноболиғон азобу шиканҷа раво дида мешавад. Ин таҳқиқот муайян кард, ки нисбати кӯдакони дар низоъ бо қонун мушкилоти бениҳоят зиёд ҷой дорад. Аз ҷумла, зиёд нигоҳ доштани ноболиғон дар муассисаҳои тафтишотӣ ва дар ҷараёни дастгир кардану овардан ба шӯъбаҳои корҳои дохилӣ, инчунин надодани иҷозат барои дидорбинии волидайн бо ноболиғон дар муассисаҳои пӯшида ва тафтишотӣ ва бад будани вазъи расонидани ёрии тиббӣ.»
Ба гуфтаи ҷаноби Ҷалолов, ин кӯдакони, ки ду нафарашон духтар буданд, зери шиканҷа ба ҷурмҳое иқрор шудаанд. Ӯ ҳамчунин мисол овард, ки се ноболиғи аз 15 то 17 сола дар яке аз шӯъбаи корҳои дохилии пойтахт мавриди латту кӯб қарор гирифта, аз соати 5-и бегоҳ то 3-и субҳ, то замоне, ки гуноҳро ба гардан нагрифтаанд, бозпурсӣ шудаанд
Гуфта мешавад, бозпурсии ин кӯдакон асосан шабонгаҳ ва бидуни ширкати волидайн ва ё ҳимоятгари онҳо сурат гирифтааст. Аз ҷумла ба таъкиди оқои Ҷалолов, қонунгузории Тоҷикистон, татбиқи боздоштро ба мӯҳлати 7 рӯз нисбати ноболиғон иҷозат додааст, ки мухолифи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.
Гулҷаҳон Умарова, сардори шӯъбаи ҳуқуқи кӯдаки идораи Омбудсмени Тоҷикистон, ки низ дар гузаронидани ин пажӯҳиш ширкат дошт, мегӯяд, «агарчӣ шумораи чунин ҳолатҳо зиёд набошад ҳам, вале мутаассифона аллакай чунин муроҷиатҳо дар бобати шиканҷаи ноболиғон ҷой дорад. Вақте мо ин мониторингро гузаронидем, мо бо кӯдаконе сӯҳбат кардем, ки аллакай дар муассисаҳои пӯшидаву нимпӯшида нестанд. Мо ба хулосае омадем, ки мақомоти ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ин муассисаҳо пажӯҳишҳоро анҷом бидиҳад. Мо аллакай ин чорабиниҳоро дар назар гирифтем. Дар ин баробар таҳияи лоиҳаи қонунро оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ба нақша гирифтем. Дар ин замина мо корҳои зиёдеро анҷом дода истодаем.»
Дар ҳамин ҳол, охирин шикоят оиди латту кӯби кӯдак аз ҷониби мақомот ду ҳафта пеш дар расонаҳои ватанӣ инъикос гардида буд. Инобат Яъқубова, як сокини Душанбе даъво дорад, ки кормандони Идораи амнияти пойтахт фарзанди ӯро мавриди латту кӯб қарор додаанд. Бино ба гуфтаи ӯ, амниятиҳо аз фарзанди ӯ тақозо кардаанд, ки аз болои айбдоршавандагон дар экстремизм "шаҳодат" диҳад.
Дар ҳамин ҳол Латиф Зокиров, раҳбари боздоштгоҳи ноболиғони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, гузаронидани чунин пажӯҳишҳо воқеан ҳам метавонад, истифодаи шиканҷаро дар нисбати ноболиғони дар низоъ бо қонун, кам кунад. Ӯ афзуд, «баъд аз қабули қонун дар бораи шиканҷа дар Тоҷикистон, гузаронидани чунин таҳқиқотҳо шарт ва зарур аст. Чун ҳангоме, ки аз ҷониби
кормандони муассисаҳои пӯшидаву нимпӯшида дар нисабти ноболиғон шиканҷа раво дида шавад, онҳо ба ҷавобгарии сахти интизомӣ кашида мешаванд ва ё аз вазифа озод мегарданд.»
Аммо тавре Тоҷиддин Ҷалолов, раҳбари созмони ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» мегӯяд, ҳайратовар аст, ки бо вуҷуди шиканҷа шудани ноболиғон аз сӯи кормандони милиса, тақрибан ягон волидайн ва ё пайвандони онҳо дар ин робита шикоят набурдаанд, ки метавонад далели нобоварии онҳо ба мақомот ва ҳам хеле мурракаб будани ҳимоя аз ҳуқуқи ноболиғон дар Тоҷикистон бошад.
Бинобар ин, пажӯҳишгарон тағйиру иловаҳоро ба қонунҳои ҳимояи кӯдакон дар Тоҷикистон пешниҳод намуда, назорат бар риояи ҳуқуқи кӯдаконро дар марҳилаҳои боздошту бозпурсӣ аз сӯи додситонӣ, зарур мешуморанд.