Бунёди боғҳои фароғатии кӯдакона дар назди баландманзилҳои Душанбе шумораи истироҳаткунандагон, хусусан волидайн бо атфолро дар ин боғчаҳо ба маротиб афзудааст. Ҳамчунин кӯдакон бо фароҳам шудани шароит дар наздики манзилашон, аз ин майдончаҳо фаровон истифода мекунанд.
Анвар Шоев, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки дар боғчаи наздики маҳаллаи зисташ гаштугузор мекард, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамарӯза фарзандонашрон ба ин маҳал меорад, чун шароит барои истироҳати кӯдакон ҳоло беҳтар шудааст.
Сокинони бузургсол шикоят доранд, ки фарҳанги истироҳатии аксари кулли хонаводаҳо дар боғу гулгаштҳои пойтахт коста шудааст.
Боғчаҳои кӯдаконаи наздики баландошёнаҳои Душанбе ба усули муосир ва шароитҳои бозиву истироҳат барои кӯдакон бунёд шудааст. Аммо муддати кӯтоҳе аз бунёди ин боғчаҳо нагузашта, тахриби онҳо шурӯъ шудааст.
Маҳина Лутфуллоева, як сокини дигари ноҳияи Синои пойтахт бо таассуф гуфт, ки ҷавонон ва калонсолон омада, аз арғунчаку алвончак ва дигар мошинчаҳои бачагона истифода мекунанд ва кӯдаконро имконияти бозӣ намедиҳанд. Вай мегӯяд, ки ҳоло қисмате аз таҷҳизоти тафреҳии кӯдакон вайрон шуда, имкони истифодаи он вуҷуд надорад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба гуфтаи сокини дигари маҳал Маҳина Лутфуллоева, сокинон ҳамчунин дар боғчаҳо партов меандозанд ва ба ободиҳо аслан аҳамият намедиҳанд. Анвар Шоев, мусоҳиби аввали мо ба маҳалле дар як қисмати боғча ишора кард, ки дар онҷо бассейн ё ҳавзи хурд бунёд шудааст ва ҳоло кӯдакон "кубик"-ҳои онро канда барои бозии худ мебаранд.
Қисмате аз боғҳои навбунёди кӯдаконаи назди баландошёнаҳои Душанбе ҳанӯз расман ифтитоҳ нашудааст. Аммо сокинон аз он бемалол истифода мебаранд. Теъдоде аз он боғчаҳо посбон надорад ва ин амр сабаби тахриби боғчаҳо аз сӯи ҷавонон ва наврасон шудааст.
Сокинони бузургсол шикоят доранд, ки фарҳанги истироҳатии аксари кулли хонаводаҳо дар боғу гулгаштҳои пойтахт коста шудааст. Ба ин манзур дар аксари боғҳои бузурги пойтахт, ки азнавсозӣ шудааст ва ё ба тозагӣ бунёд шудааст, посбонҳо гузоштаанд.
Масъулони боғҳо мегӯянд, ки ин иқдоми онҳо иҷборӣ аст, зеро дар сурати озод гузоштани истироҳаткунандагон, дар муддати кӯтоҳ боғҳо ва таҷҳизоти тафреҳӣ хароб мешаванд.