Ин суоле буд, ки маҷаллаи бритониёии “Reader’s Digest” аз тариқи як санҷиш ба он посух ҷустааст. Ин маҷалла дар 16 шаҳри ҷаҳон 12 ҳамёнро дар боғҳои истироҳатӣ, роҳҳои одамгузар ва наздикиҳои фурӯшгоҳҳо “афтонда”, аз дур назорат кардааст, ки роҳгузарон бо ҳамён чӣ хоҳанд кард? Дар дохили ҳамён 50 доллар ва аксу рақами телефони соҳиби он гузошта шуда буд.
Санҷиш маълум кард, ки аз ҳама одамони росткору ҳалолхӯр дар Ҳелсинкӣ, пойтахти Финландия зиндагӣ мекардаанд. Финҳо аз 12 ҳамёни дар кӯча афтода 11-тояшро ба соҳибонашон баргардониданд. Дар ин сабқати росткорӣ поёнтарин мақом насиби Лисабон - пойтахти Португалия шудааст. Дар ин шаҳр аз 12 ҳамён танҳо якеашро ба дасти соҳибаш супурдаанд. Ва он ҳам афроде ки ҳамёнро аз кӯча ёфтанд, як зану шӯи ҳолландӣ будаанд, ки дар Португалия сафар доштанд.
Маскав дар раддабандии росткортарин мардуми дунё ҷойи шашумро гирифт. Дар ин шаҳр аз 12 ҳамён ҳафтоаш соҳибонашро пайдо кардааст. Яке аз шаҳрвандони росткор корманди вазорати ҳолатҳои изтирории Русия Эдуард Антипин буд. Ӯ гуфт, ки волидон ӯро аз хурдӣ дар рӯҳияи росткориву ҳалолкорӣ тарбия кардаанд ва ӯ наметавонист бо ҳамёне, ки аз кӯча пайдо кард, таври дигар рафтор кунад.
Дар Варшава, пойтахти Полша аз 12 ҳамён танҳо панҷ донааш ба соҳибонаш баргашт, 7 ҳамёни дигар ба ҷайби онҳое рафт, ки шояд он рӯзро барои худ рӯзи бобарор шумурданд.
Ин санҷиш ҳамчунин маълум кард, ки барои росткор будан синну сол ва ҷинс фарқ надоштаст. 7 ҳамёнро дар кӯчаҳои Полша занҳо аз худ карданд. Ҷавонҳо дар Ню-Йорк баробари дидани акси оилавӣ дар дохили ҳамён аз пайи пайдо кардани соҳибаш шуданд. Аммо ҷавонҳо дар Прага ин корро накарданд.
Як пиразани 73-сола дар Бразилия, ки дар он ҷо аз 12 танҳо 4 ҳамёнро баргардондаанд, баробари ёфтани ҳамён ба соҳибаш занг зад, вале як зани 60-сола дар Варшава вақте ҳамёнро кушод ва дид, ки дар дохилаш пул дорад, дар як они воҳид бо он ҳамён дар дохили биное ғайб зад.
Дар маҷмӯъ, 47 дарсади ҳамёнҳо ба дасти соҳибонашон баргаштанд ва 57 ҳамён ба ҷайби онҳое рафт, ки тасодуфан ҳамён ёфтанд.Кетрин Ҳоуней - сардабири маҷаллаи “Reader’s Digest” мегӯяд, ҳамаи заҳматҳо барои ҳамин 47 дарсад буд ва нишон дод, ки ин санҷиш кори дуруст аст. “Бо ин ҳоле, ки иқтисоди ҷаҳон қарор дорад, пай бурдан душвор нест, ки он ба арзишҳои маънавии мардум чӣ гуна таъсир гузоштааст ва хеле хушнуд шудем, ки теъдоди зиёди мардум ҳамёнҳоро баргардониданд,” – мегӯяд Кетрин Ҳойней.
Даниел Ариелӣ, ки дар риштаи равоншиносӣ ва иқтисоди рафтории донишгоҳи Дюки аёлати Королинаи Шимолии Амрико таҳсил мекунад, мегӯяд, онҳое, ки ҳамёнҳоро баргардониданд, ин корро ба он хотир кардаанд, ки дар мадди назари раҳгузарони дигар қарор доштанд: “Агар касе онҳоро намедид, шояд ҳамёнро аз худ мекарданд.” Ба ақидаи ӯ, “осонтарин роҳ дар чунин пажӯҳишҳо хулосаест, ки як гурӯҳ одамҳо хеле хубанд ва як гурӯҳ одамҳо - хеле бад. Аммо воқеиятро ёфтан душвор аст. Баъзан одмони бисёр хуб ба таври ваҳшатнок рафтор мекунанд. Рафтори хубу бади инсон ба ҳолату шароит вобаста аст.”
Аммо агар чунин як санҷиш дар Тоҷикистон мегузашт, раҳгузарҳо бо ҳамёни дар кӯча афтода чӣ кор мекарданд? Ба ин суол раҳгузарҳо дар Душанбе ин тавр посух доданд.