Аз оғози соли нави таҳсил муҳоҷирони зиёде аз ҳомиёни ҳуқуқи Русия кӯмак хостанд, ки дар осон шудани имкони таҳсили фарзандонашон дар мактабҳои миёнаи ин кишвар мусоидат кунанд.
Ҳар се моҳ бояд аз кишвар берун раванд?
Бо ин ки қонунҳои Русия таҳсили ҳама кӯдакони синни мактабӣ дар мактабҳоро кафолат медиҳанд, мушкили санадҳои волидон дар таҳсили фарзандонашон таъсиргузор мешавад.
Барои мисол, мактабҳо талаб мекунанд, ки кӯдак бояд дар ноҳияе, ки мактаб рафтан мехоҳад, сабти иқомати доимӣ дошта бошад. Ин аслан мухолифи қонун аст, вале мисле, ки ба қонун онҳо коре надоранд. Чунин мушкилот зиёд аст дар мактабҳо
Акбар Расулов, хонандаи синфи 7 дар шаҳри Иркутски Русия яке аз чунин кӯдаакон аст. Ӯ аз ҷумлаи хонандагони аълохону фаъоли синф ва мояи ифтихори падару модар аст. Акбар дар мактаби миёнаи Иркутск аз синфи якум таҳсил мекунад. Замоне, ки падари ӯ тасмим гирифт ду фарзандашро ҳамроҳ бо Русия биёрад, мисли бисёр муҳоҷирони дигари тоҷик умедвор буд, ки заҳматҳои сангини ӯ дар Русия барои ҳамвор кардани ояндаи фарзандонашро дар ин кишвар ҳамвору бемушкил мекунад ва гирифтани маълумот гарави муҳими зиндагии хуб дар оянда дониста мешавад.
Дилафрӯз Аҳмадҷонова ҳам мегӯяд, писараш Акбар дар ин ҳафт соли таҳсил дар мактаби миёнаи Русия пайваста таҳсин шунидааст ва, ба қавли модар, “худашон баъзан мегӯянд, ки аз кӯдакони маҳаллӣ таҳсили наврасони ғайрирус беҳтар аст. Бетарбия нестанд ва таҳсил кардан мехоҳанд”.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Калтаки муҳоҷиратро кӯдакони тоҷик мехӯранд"
Фарзандон - қурбонии мушкилоти ҳуқуқии волидони муҳоҷир
Аммо мушкиле, ки ин модарро пайваста нигарон мекунад, ин хатари ҳар замон аз мактаб хориҷ шудани фарзандаш аст. Дилафрӯз Аҳмадҷонова мегӯяд, ки дар гузашта танҳо бар асоси патенти кори падар ва нома аз мактаб дар бораи муҳассили ин муассиса будани кӯдакон ҳузури бемушкили онҳо дар Русия таъмин мешуд. Ҳоло, мегӯяд ӯ, дигар пешниҳоди патенти падар кофӣ нест ва аз кӯдакон талаб мекунанд, ки ҳар се моҳ аз кишвар берун ва дубора ворид шаванд. Дар ҳоле, ки волидон дар хонаи зисти худ дар Иркутск сабтином шудаанд, барои сабтиноми кӯдакон аз назари пулӣ мушкил аст. Соҳиби хона барои регистратсияи кӯдакон дар манзилаш пули зиёд мехоҳад.
Мувофиқи қонунгузории Русия, муҳоҷироне, ки бо ҳадафи кору зиндагӣ ба ин кишвар меоянд, бояд дар ин кишвар аз сабтиноми расмӣ гузашта, будубоши худро пурра қонунӣ кунанд. Онҳое, ки бо оилаву фарзандон меоянд, барои таъмини бемушкили ҳузурашон дар Русия дар хонаи зисти худ сабтином шуда, аз мақомот иҷозаи иқомати муваққатӣ мегиранд. Ин санад (РВП – разрешение на временное проживание) таҳсили бемушкили кӯдаконро дар мактаб ҳам таъмин мекунад. Як фаъоли ҳуқуқи муҳоҷирон дар Волгоград мегӯяд, онҳое, ки бо таҳсили фарзандон дар Русия мушкил доранд, “саҳлангорӣ мекунанд, камсаводанд ваё пул надоранд”, ки санадҳои худ ва фарзандонро пурра қонунӣ кунанд.
То замоне, ки муҳоҷирон будубоши худу фарзандонро пурра қонунӣ накунанд, мушкил бо таҳсили фарзандон ҳам боқӣ мемонад ва фарзандон қурбони ин саҳлангориҳои волидон мешаванд, гуфт ӯ.
Ба Ризвон Маҳмудов, муҳоҷири дигари тоҷик ва падари се мактабхон имсол дар як мактаби Русия гуфтанд, ки бо хоҳиши худ ариза нависаду фарзандонашро аз мактаб бигирад. Ба ӯ ваъда додаанд, ки баъди тамдиди сабти иқомати фарзандон ва аз марз гузаронидани онҳо, дубора кӯдаконро ба мактаб қабул мекунанд.
Аммо Ризвон мегӯяд, ба ин хоҳиши маъмурини мактаб розӣ нашуд, чун эҳтимоли хориҷ кардани онҳо аз мактаб зиёд буд. Ризвон Маҳмудов мегӯяд, ки намехоҳад фарзандонро аз чашми худ дур фиристад, чунки аз мактабу тарбия дур мемонанд: “Ман тамоми мушкилотро тоқат мекунам, мо ба азоб одат кардем, аммо дилам ба ҳоли кӯдакон месӯзад, дар Тоҷикистон ба ҳоли худ мемонанд ва намедонам чӣ мешавад оқибаташон”.
60 шикоят аз рад шудани аризаи қабули кӯдак ба мактаб
Ҳомиёни ҳуқуқ қурбони мушкилоти санадҳо шудани кӯдакони муҳоҷир ва аз таҳсил дур мондани онҳо дар Русияро нақзи ҳуқуқи кӯдак ва хилофи Паймони байналмилалии ҳуқуқи кӯдак медонанд. Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд: “Барои мисол, мактабҳо талаб мекунанд, ки кӯдак бояд дар ноҳияе, ки мактаб рафтан мехоҳад, сабти иқомати доимӣ дошта бошад. Ин аслан мухолифи қонун аст, вале мисле, ки ба қонун онҳо коре надоранд. Чунин мушкилот зиёд аст дар мактабҳо».
Ба бовари ин ҳомии ҳуқуқ, кӯдаконе, ки бо санад мушкил доранд, дар ҳолати ҳақир қарор мегиранд ва дар бархе ҳолатҳо муносибат ба онҳо дар мактабу ҷомеа ҳам баробар бо атфоли маҳаллӣ намешавад. Дар бархе мактабҳо бо назардошти мушкилоти санад ва набуди иқомати доимии кӯдакон, фарзандони муҳоҷиронро ба таҳсил қабул намекунанд.
Танҳо дар моҳи сентябри соли равон ба Созмони «ЭтМос», яке аз ҷамъиятҳои тоҷикони шаҳри Маскав беш аз 60 муҳоҷир аз қабул нашудани фарзандонашон ба мактаб шикоят бурдаанд.
Бино ба омори ФМС, дар мактабҳои шаҳри Маскав беш аз 70 ҳазор нафар фарзандони муҳоҷирон таҳсил мекунанд. Аммо ба ҳисоби Пажӯҳишгоҳи демографияи Мактаби олии иқтисодии Маскав, танҳо 70 дарсади фарзандони муҳоҷирон дар Маскав ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Муҳоҷирони тоҷик ҳам баъди солиёни зиёди зиндагӣ дар муҳоҷират ва бо вуҷуди мушкилоти фаровон, оилаву фарзандони худро аз деҳу навоҳии Тоҷикистон бо худ ба Русия мебаранд. Бо умеде, ки он ҷо кӯдаконашон таҳсили хуб мегиранду худи онҳо ҳам зиндагии солими оилавии худро дур аз ватан ҳифз мекунанд.
Фарзандони муҳоҷирон боистеъдоданд
Ҳалима Хушқадамова, коршиноси тоҷики муқими Русия, мегӯяд, ҳоло дар Русия мактабе нест, ки дар он дар баробари кдакони маҳаллӣ фарзандони муҳоҷирон ҳам таҳсил накунанд. Як сабаби аслии бо худ гирифтани фарзандон ба ин кишвар ҳам ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, дастрасӣ ба таҳсили хуб ва соҳибилм шудани кӯдакон аст. Талоши падарону модарони муҳоҷир ҳам бенатиҷа нест, мегӯяд Ҳалима Хушқадамова: “Ман мисолҳои зиёде дорам, ки бачаҳои мо ин ҷо хеле хубу аъло мехонанд ва талоши зиёде барои таҳсил мекунанд. Аслан муҳоҷироне, ки худашон соҳиби маълумотанд ва мефаҳманд, ки оянда бе ин намешавад, хеле мехоҳанд фарзандонашон дониши хуб гиранд.”
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Падари Скайпӣ". Муҳоҷирон аз дур фарзандони худро тарбия мекунандВолидони муҳоҷире, ки мушкилоти зиёдро ба душ гирифтанд, аммо фарзандонро аз худ дур накардаанд, бовар доранд, бо таҳсил дар низоми маорифи Русия, кӯдакони онҳо оянда соҳиби кору зиндагии шоиста хоҳанд буд.
Агарчи баъдан аз ин қишр на ҳама мехоҳад ба ватан баргардад ва ин ҳам раванди фирори мағзҳоро аз кишвар боз ҳам бештар мекунанд, аммо дар ҳар сурат ба бовари таҳлилгарон, нафъи онҳо, ки чун муттахассисони хуб тарбия мешаванд, дар оянда ба кишвар зиёд хоҳад буд. Аз рӯи ҳисоби коршиносон, дар панҷ соли ахир дар маҷмӯъ 540 ҳазор тоҷикон шаҳрвандии Русияро соҳиб шудаанд ва 42 ҳазори онҳо дар Маскав иқомати доимӣ доранд. Теъдоди донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, тибқи омори расмӣ 20 ҳазор нафар аст.