Сокинони маҳаллаи 32-и шаҳри Душанбе аз бунёди як бинои нав, ки майдончаи бозии кӯдаконашонро аз байн мебарад, шадидан норозиянд. Онҳо аз шаҳрдорӣ хостаанд, ки ин тарҳ бознигарӣ шавад.
Зӯҳро Ҳамидова, сокини кӯчаи Ҷаббор Расулов мегӯяд, бо оғози сохтмон дар ин ҷо наздик ба 600 кӯдаку наврас аз макони бозӣ маҳрум шудаанд: «Мо намехоҳем, дар ин ҷо иморат шавад. Бачаҳои мо дар таътили думоҳа аз надоштани ҷои бозӣ дарбадару сарсонанд. Ин ҷо ҳама қариб камбизоатанд. Ё як падар кор мекунад, ё модар. Буҷаи на ҳама мерасад, ки фарзандашро ба лагер барад.»
Ҳамсӯҳбати мо аз он нигарон аст, ки муроҷиати чандинкаратаи сокинон ба мақомоти расмӣ бидуни посух мондааст. Бисёриҳо мегӯянд, майдончаи варзишӣ ҷойи дӯстдоштаи кӯдакону наврасон буд ва ҳавзчаи оббозӣ атфолро дар тобистон аз гармо наҷот медод.
Худи кӯдакону ҷавонон, аз дидани ин манзара, ки майдончаи бозии онҳо аз даст рафтааст, хеле маҳзуну ғамгин ҳастанд.
Панҷшер Сайфиддинов, хонандаи синфи 6 мегӯяд, бо ҳамсолонаш дар майдончаи варзишӣ ҳар субҳ ба футбол ва нисфирӯзӣ ба оббозӣ машғул мешуд: «Ҳоло ягон кор кор надорем. Танҳо гирди биноҳо велосипедронӣ мекунем. Кӯдакони хеле зиёд будем, ки ҳар саҳар баромада бозӣ мекардем. Агар дар ин ҷо хона созанд, бозӣ кардан имконнопазир мегардад.»
Камоли Исмат, навраси дигар мегӯяд, азбаски имкони ба лагер рафтанро надоранд, одатан таътили худро дар майдончаи назди бинои истиқоматияшон мегузарониданд: «агар мо дар он тараф бошему очаҳоямон дар ин тараф намефаҳманд, ки мо дар куҷоем, хавотир мешаванд. Агар раҳи он тараф равем, садама шудан мумкин аст.»
Раҳмоналӣ Содиров, истиқоматкунандаи кучаи Ҷаббор Расулов сохтмони бинои панҷтабақа дар миёни чор бинои чорошёнаро мантиқӣ намедонад. Зеро ба таъкиди вай системаи қубур ва корезҳо, ки замони Шӯравии пешин сохта шудаанд, осеб мебинад. Раҳмоналӣ мегӯяд, бе ин ҳам сокинони биноҳо аз набудани об дар фасли гармо танқисӣ мекашанд: «Тамоми сеюм ва чорум ошёна муҳаррикҳои обкашӣ доранд, ки ҳамонҳо низ дуруст насб нашудаанд. Бинобар ин агар ҳозир як бинои дигар созанд, мумкин аз дуюм ва сеюм ошёна об боло наравад. Сохтмони меъморӣ инҳоро ба инобат намегиранд.»
Вале масъулони бахши меъморӣ мегӯянд, ки бинои нав дар хиёбони Ҷаббор Расулов ҳанӯз соли 1983 тарҳрезӣ шуда, ба ҳеҷ система, ҳатто обу корез зиёне намерасонад.
Қудратулло Файзуллоев, сардори сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии ҳукумати Душанбе гуфт, биноҳо тибқи қоидаҳои сохтмонӣ ҷойгир мешаванд. Фосилаи байни биноҳо аз ошёнаҳояш вобаста мебошад. Ӯ мегӯяд, «дар сатҳи се ошёна масофаи байни биноҳо, ки ба ҷониби якдигар нигаронида шудааст, бояд на камтар аз 15 метр бошад. Дар ҳолате ки як тарафи бино рӯя бошаду дигар тараф бопаҳлугӣ, ки аз паҳлуяш тиреза ё рӯшноӣ нигоҳ намекарда бошад, дар ин ҳолат метавон масофаро то 10 метр кам кард. Дар ҳолати ҳавогузарӣ ё офтобрасӣ бошад, аз нуқтаи назари меъёри бехатарӣ ва зиддисӯхторӣ то 8 метр масофа наздик оварда мешавад.»
Ба иттилоъи раёсати шаҳрсозӣ ва меъмории Душанбе, бинои нави истиқоматӣ дар маҳаллаи 32 дар панҷ табақа барои 20 хонавода сохта мешавад. Масъулон мегӯянд, ин биноро соҳибкори тоҷик Сӯҳроб Шарифов месозад. Аммо аз гуфтаҳои мақомот бармеояд, ки онҳо эътирози ҳамсояҳо дар мавриди ин тарҳ ба назар гирифта нахоҳад шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад