Мурғҳои Тоҷикистон ҳамаро ба як нӯл заданд. ВИДЕО

Барканории се масъули ниҳодҳои назоратӣ ва санҷиши низоми фурӯши гӯшти мурғ, бозорҳои Тоҷикистонро ба камбуди ин маҳсулот дучор кардааст. Тоҷирон мегӯянд, давоми як ҳафта аст, ки дигар гӯшти мурғ дарёфт карда наметавонанд ва захираи маҳсулоташон то чанд рӯзи дигар мерасаду бас. Дар як ҳафтаи ахир қимати гӯшти мурғ низ боло рафта, ҳоло арзиши 1 килои ин маҳсулот 19 сомонӣ арзиш дорад, ки ду-се сомонӣ гаронтар аз қимати пешинааш аст.

Таҷрибаи маҳдуд кардани воридоти тухму гӯшти мурғ аз хориҷ дар гузашта барои аҳолии Тоҷикистон мушкилиҳои зиёд эҷод кардааст.

“То бегоҳ маҳсулот дорам, пагоҳ чӣ мефурӯшам?”

Манучеҳр Шеров, тоҷири бозори умдафурӯшии “Меҳргон”-и шаҳри Душанбест. Ӯ ба фурӯши маҳсулоти гӯштӣ машғул аст ва мегӯяд, як ҳафта боз аз дарёфти гӯшти мурғ танқисӣ дорад. Ин фурӯшандаи тоҷик ба чанд кило гӯшти мурғи дар растааш монда ишора кард ва гуфт, “инҳо 4-5 килоянд ва эҳтимол то бегоҳ тамом шаванд. Пагоҳ ба харидорон чӣ пешниҳод мекунем?”

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муҳр ба дари анборҳо – Камчинии гӯшти мурғ дар бозорҳои Тоҷикистон

Шеров афзуд, чанд дафъа ба анборҳои яклухтфурӯшии гӯшти мурғ барои дарёфт кардани маҳсулот муроҷиат кард, аммо дари анборҳоро баста ёфт. “Мегӯянд, ки маҳсулоти ватаниро фурӯшед, ҳоло мо гӯшти мурғи фабрикаҳои Ёвонро истифода мебарем. Аммо маҳсулоти ватанӣ талаботро қонеъ карда наметавонад. Сабаби қимат шудани гӯшти мурғ ҳам аз ҳисоби набуданаш аст”, - афзуд ин фурӯшанда.

Манучеҳр Шеров танҳо нест ва дар қатори ӯ чанд нафари дигаре ҳастанд, ки мегӯянд, беш аз як ҳафта боз дар дарёфти гӯшти мурғ ба мушкил дучор шудаанд. Карим Абдуллоев, тоҷири бозори яклухтфурӯшии “Фаровон”-и пойтахт гуфт, барои 3-4 рӯзи дигар дар анбораш гӯшти мурғ дорад ва баъди тамом шудани он маҷбур аст аз фурӯши ин намуд маҳсулот даст кашад. Абдуллоев гуфт, қаблан дар пайдо кардани гӯшти мурғ ҳеч мушкил надошт ва танҳо баъди баста шудани анборҳои яклухтфурӯшӣ ба камбуди маҳсулот дучор шуданд.

Ин фурӯшандаи тоҷик мегӯяд, “захираи гӯшти мурғи дар яхдон доштаамон ба 3-4 рӯзи дигар мерасад. Баъди тамом шудани он агар маҳсулот наёбем, маҷбурем маҳкам кунем.”

Рӯзи 7-уми декабр, ки хабарнигорони Радиои Озодӣ ба анборҳои калонтарини канораҳои Душанбе рафтанд, дари онҳо баста буд. Масъулини анборҳо гуфтанд, ки ҳафтаи гузашта аз мақомоти “Тоҷикстандарт” омада, ба дари онҳо муҳр заданд ва роҳбаронашон низ чанд рӯз аст, ки аз ҷониби мақомот мавриди бозпурсӣ қарор доранд.

Муҳлат: То 10-уми декабр

Мушоҳидаҳои мо дар чанд бозори шаҳри Душанбе нишон дод, ки гӯшти мурғи аз хориҷ воридшуда тақрибан камчин шудааст. Як қисми фурӯшандаҳо ба харидорон гӯшти мурғи аз ноҳияи Ёвон овардашударо пешниҳод мекунанд. Тоҷирон мегӯянд, бо дастури роҳбарияти бозор онҳо маҷбуранд, ки гӯшти мурғи фабрикаҳои Тоҷикистонро ба савдо гузоранд. Аммо ба гуфтаи фурӯшандаҳо, маҳсулоти ватанӣ кам аст ва бо он наметавон талаботи харидоронро қонеъ карда, нархро дар сатҳи муътадил нигоҳ дошт.

Тоҷирон мегӯянд, баста будани анборҳои нигоҳдории гӯшт як омили камчини ин маҳсулот бошад, аз ҷониби дигар тафтишҳои зиёди як ҳафтаи ахир онҳоро дар фурӯши гӯшти мурғ эҳтиёткор кардааст. Ба гуфтаи тоҷирон ҳафтаи равон чандин комиссия маҳсулоти гӯшти мурғ дар дӯкони онҳоро санҷида, он маҳсулотеро, ки бидуни сертификат буданд, аз савдо бардоштанд. Як тоҷири тоҷик, ки соҳиби мағоза аст, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ҳушдор гирифтаанд, ки то 10-уми декабр гӯшти мурғи дар дӯкон будаашонро фурӯхта, муваққатан аз ин навъи маҳсулот харидорӣ накунанд.

“16 сомонӣ буд, 19 сомонӣ шуд”

Фараҳнӯш Куллизода

Камчин ва ҳамин тавр боло рафтани қимати гӯшти мурғ дар бозорҳо пеш аз ҳама харидоронро нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, бо гарон будани арзиши гӯшти гов ва гӯсфанд, гӯшти мурғ барояшон ягона маҳсулоти дастрас ба ҳисоб мерафт. Дар шароити Тоҷикистон, ки 30 дарсади аҳолиаш зери хатти фақр ба сар мебаранд, то чанд соли пеш гӯшти мурғ аз маҳсулоти серистеъмол барои қишри камбизоат ба ҳисоб мерафт. Аммо ҳоло арзиши он ба нисфи қимати гӯшти гов ва гӯсфанд баробар шудааст.

Нисо Холова, як сокини шаҳри Душанбе, рӯзи 7-уми декабр барои хариди гӯшти мурғ ба бозори “Меҳргон” омадааст. Холова аз гаронии нархи гӯшти мурғ афсӯс хӯрда, аз фурӯшандаҳо сабаби онро мепурсид. Нисо Холова мегӯяд, қаблан аз мағоза ва бозорҳо бо қиммати 16-17 сомонӣ гӯшти мурғ дарёфт мекард ва ҳоло ҳайрон аст, ки аз ҳисоби хариди кадом маҳсулот кам карда, гӯшти мурғро бо нархи гаронтар бихарад.

Тибқи ҳисоби мутахассисони тоҷик ҳар як сокини Тоҷикистон бояд дар як сол ҳадди ақал 7,5 кило гӯшти мурғ истеъмол кунад.

“Пеш арзон буд. Бо 15-16 сомонӣ як кило мехаридем. Ҳоло нархи як кило гӯшти мурғро 18-19 сомонӣ мегӯянд. Қимат шудани нарх барои мо низ вазнин аст”, - афзуд Нисо Холова.

“Талабот аз истеҳсол бештар аст”

Масъулини бозорҳои пойтахт мегӯянд, дар пайи интиқоди раиси ҷумҳур аз вуруди гӯшти пастсифати мурғ ба бозорҳо, миқдори зиёд аз ин навъи маҳсулотро аз фурӯш берун кардаанд. Фараҳнуш Куллизода, як масъули бозори “Меҳргон”-и шаҳри Душанбе дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, давоми як ҳафта наздики 400 кило маҳсулоти гӯшти мурғро бо сабаби мувофиқат накардан ба қоидаҳо аз фурӯш гирифтанд.

Ба таъкиди ин масъули бозори “Меҳргон”, ҳоло таваҷҷуҳи аслии онҳо ба маҳсулоти ватанӣ аст ва аз ин роҳ мехоҳанд камбуди гӯшти мурғ дар бозорҳоро бартараф кунанд.

Мақомоти тоҷик дар чанд соли ахир талош доранд, аҳолиро бо тухм ва гӯшти мурғи дохилӣ таъмин намоянд. Аммо омор ҳокист, ки гӯшти мурғи истеҳсолшуда дар дохили Тоҷикистон ҳатто нисфи талаботи мардумро таъмин карда наметавонад. Тибқи иттилои Хадамоти байтории Тоҷикистон талаботи солонаи аҳолии кишвар ба гӯшти мурғ ҳудуди 64 ҳазор тонна мебошад. Аммо ҳамасола дар корхона мурғпарварии кишвар наздики 2,5 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол мешавад. То соли равон дар Тоҷикистон се корхонаи паррандапарварӣ фаъолият мекард, ки ба истеҳсоли гӯшти мурғ машғул буданд. Аммо дар соли 2017 аз ин се корхона ду адади он дар ноҳияҳои Файзобод ва Конибодом аз фаъолият бозмонданд. Ҳоло гӯшти мурғ дар Тоҷикистон асосан дар корхонаи паррандапарварии “Беҳамто”-и ноҳияи Ёвон истеҳсол мешавад.

Тибқи ҳисоби мутахассисони тоҷик ҳар як сокини Тоҷикистон бояд дар як сол ҳадди ақал 7,5 кило гӯшти мурғ истеъмол кунад. Дар ҳоли ҳозир ба Тоҷикистон гӯшти парранда асосан аз Туркия, Бразилия ва ИМА ворид мешавад. Қаблан ин намуд маҳсулот аз Эрон низ ба Тоҷикистон ворид мешуд, аммо дар пайи сардӣ дар муносибати ду кишвар воридоти гӯшти мурғ аз Эрон қатъ гардид. Тибқи маълумотҳои оморӣ, дар 10 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон тақрибан 20 ҳазор тонна анвои мухталифи гӯшти парранда ворид шудааст. Ҳарчанд ҳамасола ин рақам наздики 64 ҳазор тонна будааст.

Таҷрибаи маҳдуд кардани воридоти тухму гӯшти мурғ аз хориҷ дар гузашта барои аҳолии Тоҷикистон мушкилиҳои зиёд эҷод кардааст. Аз ҷумла дар пайи маҳдуд шудани воридоти тухм аз хориҷа нархи он дар бозорҳои кишвар аз 50-60 дирам ба 85-90 дирам расид. Огоҳони соҳа мегӯянд, пеш аз маҳдуд кардани воридоти ягон намуд маҳсулот бояд истеҳсоли он дар кишвар ба он тарз роҳандозӣ шавад, ки аҳолӣ аз маҳсулот танқисӣ накашанд.

Инчунин бихонед:

ВИДЕО: Аз Бразилия то Тоҷикистон. Мо чӣ мехӯрем?