Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Холиқов бо 40 навъи питсаи итолиёӣ ба Душанбе баргашт. ВИДЕО


Фабио Холиқов пас аз 28 соли зиндагӣ дар Итолиё ба зодгоҳаш Душанбе баргашт ва бо худ ҳунари питсапазии итолиёвиро ба Тоҷикистон овард. Номи тоҷикии Фабио - Қурбон аст. Падараш Адҳам Холиқов - операхони маъруфи тоҷик, ки дар авоили солҳои навади асри гузашта дар сафари ҳунарӣ дар Итолиё қарор дошт, ба далели нооромиҳо дар Тоҷикистон, писари панҷсолааш Қурбонро низ бо худ бурд. Фабио аз наврасӣ ба питсарасонӣ шурӯъ кард ва дар 18-солагӣ бо дӯстони итолиёвиаш тасмим гирифт питсерия таъсис диҳад.

Фабио пас аз издивоҷ ҳамсари тоҷикашро низ бо худ ба Итолиё бурда буд.

Фабио Холиқов, питсапаз ва муассиси питсерияи “Fabio’s pizza” мегӯяд, онҳо дар шаҳри Лоди питсерияи аввалини худро, ки на он қадар бузург ва мисли ҳамин дӯконе, ки дар Душанбе доранд, кушоданд ва ба муштариён фармоишҳоро ба хонаҳо мебурданд. Ба гуфтаи Фабио, ҳамин тавр ба ин кор машғул шуд ва ин пеша барояш писанд афтод.

Фабио пас аз издивоҷ ҳамсараш Дилафрӯз -- духтари ҳунарманди фақид Абдулло Султонро низ бо худ ба Итолиё бурд ва ҳамроҳ дар питсерия шурӯъ ба кор карданд. Дар тӯли кор дар Итолиё, тақрибан пӯхтани 90 навъи питсаи итолиёвиро омӯхт. Пас аз бозгашт ба Тоҷикистон дар 1 соли пеш тасмим гирифт, ҳунари омӯхтаашро дар ватан истифода кунад ва зиндагиашро пеш барад. Дӯконеро дар маркази тиҷорати Пойтахт-90 иҷора гирифт ва питсерияе бо номи “Fabio’s pizza” боз кард.

“Fabio’s pizza” дар Душанбе 40 навъи питсаи итолиёвӣ омода мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00

Фабио Холиқов мегӯяд, ки дар Итолиё питсерияҳо ҳаст, ки дар номгӯи ғизоҳо то 90 навъи питса доранд. Ба гуфтаи Фабио, дар питсерияи онҳо дар Душанбе дар ин ҷо 40 навъи питса пухта мешавад: "Ин ҳам хеле зиёд аст. Питсаҳои мо ба гурӯҳи сабзавотӣ, гӯштӣ, сиру афшурдаи помидор ҷудо мешавад. Албатта, тақрибан ҳамаи маҳсулотҳои мо барои пухтани питса дар Итолиё тавлид шудааст. Мо асрори худро барои истифодаи панир дорем."

Дар питсерияи Фабио дар тӯли аз 3 то панҷ дақиқа питсаҳо пӯхта мешавад. Фабио Холиқов мегӯяд, "хамири ғафстар -- инро мешавад гуфт питсаи тоҷикӣ. Дар ин навъи питса афшураи помидор ду баробар бештар меандозем, ду баробар бештар панир, 3 навъи панир истифода мекунем. Барои онҳое, ки бисёр хӯрдан мехоҳанд, гӯшти мурғ, қимаи гӯшти гов, ҳасиб, чағора, донаи зайтун ва қаламфури булғорӣ истифода мекунем."

Қиммати питсаҳои итолёвии Фабио вобаста ба навъ аз 30 сомонӣ шурӯъ мешавад. Дар як рӯз миқдори фармоишҳо мухталиф аст. Ҳарчанд ҷой барои питсахурӣ фароҳам доранд, аммо маъмулан бо фармоиши ба хона расонидан кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG