Баъзе аз тоҷирон дар Суғд тасдиқ карданд, ки нархи чорво ва гӯшт дар вилоят дар муқоиса ба соли гузашта қариб бист дарсад афзудааст. "Он вақт 70 сомонӣ буд, ҳозир 90–95 сомонӣ шудааст. Гӯшти бе устухон 120 сомонӣ аст," – гуфт Худойбердӣ, тоҷири чорво рӯзи 30-юми октябр.
Аксар чорводорон сабаби баланд шудани нархи молро бештар ба гаронии хӯроки он рабт медиҳанд. Онҳо исрор меварзанд, ки агар гову гӯсфанди парвардаашонро бо нархи поин бифурӯшанд, харҷу меҳнати чандмоҳаашон барбод хоҳад рафт.
Чорвопарвар Комил Шодиев гуфт: "Ҳозир ҳама чиз гарон шудааст. Андоз (молиёт) месупоред, алаф 33 сомонӣ аст, як халта кунҷора 250 сомонӣ. Аз ин рӯ, нархи чорво гарон аст. Се моҳ парвариш мекунад, шояд фоида мегиред, шояд зиён мебинед.”
Баъзе аз тоҷирон мегӯянд, як сабаби гарон шудани нархи чорво дар шимоли Тоҷикистон бинобар афзоиши тақозо аз гӯшаҳои дигари ҷумҳурист.
Тоҳирҷон Толибов, тоҷири чорво, гуфт, “молҳои фарбеҳро ба Душанбе мебаранд. Дар он ҷо қимат аст. Вақте онҳо харида мераванд, мо ҳам ночор харида мефурӯшем. Дӯкони гӯштро қулф намезанем-ку."
"Гӯшт қимат, халқ пул надорад. Дигар чӣ кор кунем? Мо барои харидуфурӯш меоем, то як бурда нон ёбем. Дар тарафи мо чорво камтар аст. Инҷо биёем, бо нархи арзонтар мегирем. Молҳои фарбеҳ зиёд аст," – гуфт Худойбердӣ, тоҷири чорво.
Мақомот мегӯянд, баръакс, талаботи мардум ба гӯшт зиёд шудааст ва ин омил боис ба гаронии нархи он мегардад. Ин масъала дар нишасти шашмоҳаи блоки иқтисодии вилояти Суғд низ сабаби баҳсу суолҳо гардид.
Ҳокимбек Накҳатзода, сардори Идораи омори вилояти Суғд, гуфт: “Ҳангоме маҳсулот дар бозор камчин мешавад, нархи он боло меравад. Ҳоло дар ҳама минтақаҳои вилоят камбуди гӯшт нест. Нархи он пеш аз ҳама ба беҳ шудани вазъи зиндагии мардум вобаста аст. Дар ҳақиқат, мо сатҳи камбизоатии мардумро таҳлил мекунем ва нишондоди буҷа дар ҳар хонавода қариб 200 сомонӣ зиёд шудааст."
Сарфи назар аз посухҳои зидду нақизи мансабдорони тоҷик дар мавриди сабабҳои боло рафтани арзиши гӯшт, ба назар мерасад, мушкили норасоии маҳсулот дар кишвар ҷиддист.
Видеоро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад