Чӣ ва ё кӣ сабаби боло рафтани қимати чорво дар Суғд шудааст?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Тоҷикистон маъмулан, пеш аз оғози зимистон сокинон ва тоҷирон молу гове, ки дар баҳору тобистон парвариш кардаанд, бештар барои фурӯш ба бозор мебаранд. Солҳои гузашта дар тирамоҳ нархи чорво поинтар мерафт, вале имсол харидорон чунин чизеро мушоҳида накарданд.