Чаро тоҷиконро дар марзи Русия сахт тафтиш мекунанд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ду рӯз шуд дар як гузаргоҳи марзии байни вилоятҳои Оренбурги Русия ва Урали ҷанубии Қазоқистон даҳҳо мошин бо мусофирони тоҷик дармондааст. Сарҳадбонони рус ҳар як мусофирро мӯшикофона тафтиш ва саволу ҷавоб мекунанд. Бархе муҳоҷирон инро як пайомади дигари ҳамла ба "Крокус" номиданд.