Чаро муллоҳо дар Эрон овозхонони занро чап гирифтаанд?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бо вуҷуди таҳдид ба зиндон дар Эрон вақтҳои охир шумори занони овозхон зиёд мешавад ва онҳо бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ талош мекунанд барномаҳои ҳунарии худро барои доираи васеи бинандагон муаррифӣ намоянд. Вале мақомот хонандагонро боздошту бозпурсӣ ва гоҳо ҳабсу зиндонӣ мекунанд.