Дар навори аввал саҳнаи задани наврасе дида мешавад, ки бо лабу рӯйи хуншор гиря дорад. Ҳодиса дар ноҳияи Хуросон рух додааст. Шоҳиди ҳодиса мегӯяд, кӯдакро модараш ба ин ҳол овард. Кор ба ҷое расид, ки модар боздошту муҷозот шуд. Сабаби рафтори ӯ маълум нест, вале ба касе, ки ин лаҳзаро сабт кардааст, мегӯяд, “шумо ҳам ба ҷойи ман бошед, ҳамин корро мекунед.”
Қазияи дигари пурбаҳc бо химча задани кӯдакон буд. Навор рӯзи 16-уми ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд. Мақомоти интизомӣ дар вилояти Хатлон баъди як рӯз гуфтанд, ки ӯ сокини 54-солаи ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ, модаркалони ин кӯдакон аст. Аз ӯ Ойнагул Ҷонмирзоева ном бурда, хабар доданд, ки вай барои “азобу шиканҷа ва латукӯби бераҳмонаи кӯдакон" боздошт шуд.
Барои гирифтани тафсилот ва сабаби чунин рафтори зан, хабарнигори Радиои Озодӣ ба ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ рафт. Пайвандони Ҷонмирзоева дар деҳаи Ҳақиқати ноҳия ҳастанд. Ҳамсояҳои ин хонавода гуфтанд, зан ба ҳабси хонагӣ гирифта шудааст. Мақомот хабарро тасдиқ ё рад накарданд. Дар манзили Ойинагул Ҷонмирзоева ба хабарнигор гуфтанд, ки вай дар хона нест.
Яке аз келинҳои хонавода дар суҳбати бидуни сабт гуфт, кӯдаконе, ки дар навор латукӯб мешуданд, фарзандони духтари Ҷонмирзоева ҳастанд. Ба нақли вай, саҳнаи задани кӯдакон махсус барои модари онҳо ташкил ва сабт шуда буд. Духтари Ойинагул Ҷонмирзоева гуё парастории онҳоро бар дӯши модараш гузошта, ба Русия рафтааст. Ҷонмирзоева мехостааст, модари кӯдакон баргашта, онҳоро ба тарбияи худ гирад.
Баъд аз паҳн шудани навори задани онҳо модари муҳоҷири кӯдакон аз Русия омада, фарзандонашро ба хонаи худ, ба ноҳияи Ҷайҳун, бурдааст. Мақомот ҳанӯз расман эълон накардаанд, ки зане, ки набераҳояшро зад, чӣ ҷазо гирифт.
Шумори дақиқи волидоне, ки барои ин амали худ ҷазо гирифтаанд, маълум нест, аммо ду сол пеш мақомоти тоҷик хабар дода буданд, ки 50 падару модарро барои ҷабр ба фарзандон боздошт карданд. Иддае зиндонӣ ва гурӯҳи дигар ба супурдани ҷарима вазифадор шуданд.
Оё бо задан кӯдакро тарбия кардан мумкин аст? Шумо ҳам боре аз падар ё модар шаллоқ хӯрдаед? Чанде пеш дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграм чунин суол гузоштем. Беш аз сад посух омад. Баъзе аз онҳоро инҷо меорем:
“Очаам маро барои даъво кардан бо ҳамсоя зада буд. Сарам захмӣ шуд. Ҳоло 33-сола ҳастам. Хурсандам, ки модарам барои кори бад маро чунин адаб дод. Ҳар коре модар мекунад, барои тарбияи мо мекунад.”
***
“Вақте хурд будам, модарам маро барои кори хонаро накардан, аз хона гурехтан, дарсамро нахондан мезад. Ман аз ояндаи худ бехабар будам. Фикр мекардем, ӯ маро дӯст намедорад. Вақте калон шудам, соҳиби маълумоту ҳунар ва соҳиби фарзанд шудам, баъд фаҳмидам, ки барои хубии худам мезадаст.”
***
“Моро дар кӯдакӣ падару модар он тараф истад, бригадири колхоз, муаллимони муҳтарам, албатта, барои гуноҳамон, бо химча мезаданд. Касе чизе намегуфт.”
Ба андешаи бархе муваффақияту ҷойгоҳе, ки имрӯз дар зиндагӣ доранд, натиҷаи ба қавли онҳо “химчаи адаб”-и падар ё модарашон аст. Мухолифони ин тарзи тарбия мегӯянд, ин тарбия не, бадрафторӣ ва хушунат алайҳи кӯдак аст.
“Задан кӯдакро тарсончак мекунад, ҷуръаташ гум мешавад,” – навиштааст яке аз корбарон.
Дигаре бовар дорад, ки "бо задан ҳайвонро ром мекунанд. Задан ин тарбия нест. Фарзандро чунон тарбия диҳед, ки ҳолати Шуморо аз нигоҳатон фаҳмад.”
Қонун чӣ мегӯяд?
Порлумони Тоҷикистон дар тобистони имсол қонун “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”-ро ислоҳ кард. Банди 16-и ин қонун падару модаронро вазифадор кардааст, ки дар раванди тарбияи кӯдак аз зӯроварӣ, аз ҷумла ҷазои ҷисмонӣ истифода набаранд, “ба муносибати бераҳмона ва ғайриинсонӣ роҳ надиҳанд, шаъну шарафи кӯдакро паст назананд. Ҳар касе, ки кӯдакро ҳатто бо ҳадафи тарбия мушту лагад мезанад, ҷазо мегирад.”
Бунёди кӯдакони СММ ё ЮНИСЕФ аз ин иқдоми Тоҷикистон ситоиш кард ва гуфт, Тоҷикистон яке аз 67 кишваре шуд, ки озору азият ё задани кӯдакро дар хонаву мактаб ва ҳар ҷойи дигар пурра манъ кард.
Пештар Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ дар гузоришe аз он эътироз карда буд, ки ба далели рӯшан набудани ин масъала дар қонунгузорӣ, дар хона ва мактаб зӯроварии ҷисмонӣ чун як усули таълими кӯдак ба таври васеъ истифода мешавад.
Дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки ҳоло падарони зиёде дар муҳоҷират ё банди коранд, масъулияти таълиму тарбияи кӯдак бештар ба дӯши занон гузошта шудааст ва қаҳрамони наворҳои пурбаҳс бо саҳнаи латтукӯби кӯдакон ҳам бештар занонанду онҳо ҷавобгар мешаванд. Чаро фикр мекунанд, ки задан ин тарбия аст ва барои тарбияи дурусти кӯдак бояд чӣ кор карду чиро донист?
Ба ин ва суолҳои дигар Наргис Тоймастова, равоншиноси тоҷик, посух гуфт. Суолу ҷавобро бо ӯ дар барномаи “Салом, хоҳар” бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Барнома дар Ютуб: