Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ҷавоне барои азобу шиканҷаи як наврас дар Душанбе. ВИДЕО


Акс аз Раёсати корҳои дохилии Душанбе
Акс аз Раёсати корҳои дохилии Душанбе

Як ҷавони ҳаждаҳсоларо дар Душанбе барои шиканҷаи наврасе бо “электрошокер” дастгир кардаанд.

Навори азияти наврас рӯзи 2-юми декабри имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта шуд ва хашми бисёре аз корбаронро барангехт.

Раёсати корҳои дохилии Душанбе рӯзи 5-уми декабр дар эъломияе гуфт, ки дар пайванд ба ҳодиса Фирдавс Қудратуллозодаро дастгир карданд.

Назари муттаҳам ва наздиконаш феълан дастрас нест.

Мақомот гуфтаанд, “барои кушодани парвандаи ҷиноӣ маводи зарурӣ тартиб дода шуда, санҷиш идома дорад.”

“Ҷавон барои онки ноболиғ А.Ҷ. чанд дафъа ӯро дашном додааст, ба болои боми биноҳои “Қайроққум”-и Душанбе бурда, задааст,” – хабар доданд мақомот.

Дар навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки як ҷавон наврасеро бо “электрошокер” азият медиҳад.

Наврас узр чанд дафъа маъзарат хостааст, вале ҷавон бо алфози қабеҳ ба шиканҷаи ӯ идома медиҳад. Вай бо дасту пой низ зарба мезанад. Маълум нест, наворро кӣ ва кай сабт кардааст.

Латукӯби кӯдакон дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест.

Моҳи июни имсол кормандони милитсияи пойтахт сокини 42-солаи пойтахтро барои латукӯби ҷияни ноболиғаш боздошт намуданд. Навори задани тифл тайи як ҳафта дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархид ва баҳси зиёде барпо кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG