Чаро дар Хатлон шифохонаи хоси кӯдакон нест?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Хатлон, ки сераҳолитарин вилояти Тоҷикистон аст, шифохонаи махсус барои кӯдакон нест. Волидоне, ки бачаҳояшон бемор мешаванд, шикоят мекунанд, ки як шуъбаи кӯдакона дар шифохонаи вилоятӣ барои аҳолии чанд миллионнафарӣ кофӣ нест ва бояд барои муолиҷаи тифлон шифохонаи бузургтаре бунёд шавад.