Тағйироти нав ба қонунгузории Русия, ки шароити будубоши муҳоҷиронро дар ин кишвар мушкил мегардонад, рӯзи 8-уми август аз тарафи президенти он кишвар Владимир Путин имзо шуд.
Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 14-уми август навишт, минбаъд хориҷиён дар Русия дар давоми як сол ҳақ доранд танҳо 90 рӯз иқомат кунанд. "Қаблан 90 рӯз дар давоми 6 моҳ имконпазир буд," -- навишт вазорат.
Пештар Ирина Волк, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Русия, ба расонаҳо гуфта буд, ин маҳдудият ба хориҷиёне, ки ҳаққи иқомат (РВП ё ВНЖ) доранд ё бо патент кор мекунанд, дахл надорад.
Вазорати меҳнати Тоҷикистон ҳамчунин ҳушдор додааст, ки бар асоси тағйироти нав ба қонун, муҳоҷирон вазифадоранд “ба фарҳанг, анъанаҳо, арзишҳои маънавӣ ва мардуми Русия эҳтиром гузоранд; корнамоии халқи Советиро дар муҳофизати Ватан таҳриф накунанд."
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Русия мехоҳанд ба муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ тарзи рафторро дар минтақаҳои ин кишвар биомӯзонанд. Ба мисли ҳуштак накашидан ба занону мардон ва муҳокима накардани роҳгузарон ба забони модарӣ. Валентина Чупик, фаъоли ҳуқуқи башар, мегӯяд, ин тасмимҳо "дар Русияи имрӯзӣ на барои ҷазби муҳоҷирон, балки бо ҳадафи таҳқири онҳо ва ҳамзамон пулситонӣ роҳандозӣ мешаванд. Дақиқан ҳадафи онҳо пулситонӣ ва таҳқир аст."
Тағйироти дигар, ки вазорат муҳоҷиронро огоҳ кардааст, ҷорӣ шудани як талаботи иловагӣ ҳангоми гузаштан аз марзи Русия аст. Ба гуфтаи Вазорати меҳнат ва муҳоҷират, аз моҳи феврали соли 2025 ҳангоми гузаштан аз гузаргоҳҳои марзии Русия “арзёбии хатарҳои эҳтимолӣ ё эҷоди таҳдид ба амнияти давлат гузаронда мешавад”.
Маҳдудияти нав интиқоди ҳомиёни ҳуқуқро ба миён овард, аммо мақомоти Русия ин танқидҳоро нодида гирифтанд. Як тағйироти дигар, ки нигарониҳоро ба миён овард, ба дасти пулис додани ҳаққи ихроҷи муҳоҷирон аст. Пештар шаҳрвандони хориҷӣ танҳо баъд аз қарори додгоҳ аз Русия ронда мешуданд.