Бонки ҷаҳонӣ нишасти дувуми тарҳи Роғунро хулоса кард

Бонки ҷаҳонӣ гуфт, ҳамаи шароитро фароҳам меорад, то ҳарфи ҷонибҳои манфиатдори тарҳи нерӯгоҳи Роғун шунида шавад.
Рӯзи ҳаштуми ноябр намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба муносибати анҷоми ҷаласаи дувуми намояндагони кишварҳои Осиёи Миёна дар масъалаи арзёбии тарҳи "Роғун" дар Алма-ато, иттилоия (пресс-релиз) интишор дод.

Сароҷ Ҷа, мудири минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ дар ин иттилоия гуфтааст, дар ҷараёни баҳси Алма-ато намояндагони 45 кишвар ва созмонҳои мухталифи ҷаҳон ширкат доштанд ва тариқи видео бо ҳам суолу ҷавоб карданд.

Ба қавли ӯ, Бонки ҷаҳонӣ ҳамаи имконотро фароҳам меорад, то назару фикри ҳамаи ҷонибҳо дар хусуси ҷараёни баррасии тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун шунида шавад ва ин ҳам як қадами муҳим барои шаффоф сурат гирифтани ин бозрасист.

Дар иттилоияи Бонки ҷаҳонӣ гуфта мешавад, ширкатдорони ин баҳс бештар ба масъалаи тобоварии нерӯгоҳи Роғун ҳангоми зилзила таваҷҷӯҳ кардаанд. Рӯзи 7-уми ноябр дар Алма-Ато ҷаласаи дувуми намояндагони кишварҳои Осиёи Миёна дар масъалаи арзёбии тарҳи "Роғун" ба поён расид.

Дар ин нишаст, ки ду рӯз идома кард, натиҷаҳои муқаддамотии арзёбии паёмадҳои иҷтимоиву муҳитзистии бунёди ин нерӯгоҳи азим баҳс шудааст. Ин арзёбиро ширкати швейтсарии "Роугу" омода карда ва як хулосаи асосиаш ин аст, ки бунёди нерӯгоҳи Роғун барои муҳити зисти минтақа паёмади манфӣ нахоҳад дошт.

Дар нишасти навбатӣ, ба гунае, ки Бонки Ҷаҳонӣ қаблан иттилоъ пахш карда буд, натиҷаи пешакии бозрасии фанниву иқтисодии ин тарҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва он аз нишасти пешин, ки 17 ва 19-уми майи соли гузашта низ дар Алма-ато доир шуда буд, тафовутҳое доштааст. Дар баррасии масоили нишасти навбатӣ ба ҷуз ширкаткунандагони он дар Алма-ато ҳамчунин аз тариқи робитаи видеоӣ бо қароргоҳҳои Бонки ҷаҳонӣ дар минтақа намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Ашқобод, Остона, Бишкек, Душанбе, Кобул ва Тошканд даъват шуда буданд. Нишасти навбатӣ ҳам чун пешина бидуни ширкати намояндагони расонаҳои хабарӣ доир шуд ва ҳам Бонки ҷаҳонӣ ва ҳам намояндагони Тоҷикистон алъон аз баёни назар дар бораи натиҷаҳои ҳамоиши дурӯза худдорӣ мекунанд.

Рӯзи чоршанбе дар нишасти Қазоқистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ корманди дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Алмаато Оксана Баришева гуфт, иттилоияи матбуотии ин нишаст, ки "аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ омода мегардад, рӯзи 8-уми ноябр пахш хоҳад шуд" ва ӯ аз додани ҳар гуна иттилои бештар худдорӣ кард. Давлати Тоҷикистон сохтани нерӯгоҳи Роғун бо сарбанди баландиаш 335 метрро танҳо василаи раҳоии кишвар аз вартаи буҳрони шадиди энержӣ ва аз байн бурдани лимити шадиди барқ, ки ҳар фасли сармо аз гиребони Тоҷикистон мегирад, медонад. Аммо кишварҳои поёноб, бахусус Узбакистон мухолифи сохта шудани Роғунанд ва мегӯянд, ин тарҳ заминҳои кишт дар кишварҳои поёнобро беоб хоҳад гузошт. Мояи дигари мухолифати Тошканд дар як минтақаи зилзилахез қарор доштани макони сохтмони ин нерӯгоҳ аст.

Аммо мақомоти Тоҷикистон ин даъвоҳои ҳамсоякишварро рад мекунад ва ба навбаи худ иддао доранд, ки бунёди Роғун ба нафъи тамоми минтақа аст. Манобеи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, далели аслии мухолифати Тошканд бо даст ёфтан ба барқи арзон фароҳам шудани имконоти бамаротиб бештари рушди иқтисодии Тоҷикистон ва ҳам имкони дасти дарозтар ёфтанаш ба танзими захираҳои оби Осиёи Марказист ва ғолибан ба дасти Душанбе омадани чунин фишанги муассири фишор, Тошкандро ин қадар нигарон кардааст.

Душанбе дар пайи чанд соли талошҳои ноком барои пайдо кардани сармоя ба тарҳи Роғун, аз ҷумла ду созишномаи иҷроношуда бо давлати Русия дар соли 1994 ва бо ширкати русии РусАл дар соли 204, билохира дар соли 2010 талош кард, сохтмони ин нирӯгоҳи барояш ҳаётан муҳимро бо сармояи дохилӣ шурӯъ кунад. Ба ин манзур, дар оғози соли 2010 як маъракаи нимаиҷбории фурӯши саҳмияҳои Роғунро ҳам ба роҳ андохтанд, ки дар зарфи 3 моҳ аз мардум ва корхонаҳои маҳаллӣ барои ин сохтмон наздики 200 миллион доллар ҷамъ овард.

Вале мухолифати кишварҳои поёноб, бахусус Тошканд боис шуд, ки Душанбе баъди ҳамагӣ 3 моҳ ин маъракаи саҳмияфурӯширо қатъ кунад ва аз Бонки ҷаҳонӣ анҷоми ташхиси фанниву иқтисодии тарҳи нирӯгоҳи Роғунро дархост кунад. Ин ташхис мебоист ҳанӯз дар поёни соли 2011 анҷом меёфт, вале ба таъхир уфтод ва дар ҳоли ҳозир гуфта мешавад, ки натиҷаҳои ташхиси Бонки ҷаҳонӣ эҳтимолан дар соли 2013 нашр хоҳанд шуд.

Дар моҳи сентябр Русия дар ивази қарордоди пойгоҳи низомиаш барои бунёди нирӯгоҳи якуми Қамбар-Отаи Қирғизистон, ки низ ба мухолифати шадиди Узбакистон рӯбарӯ буд, ваъдаи сармоя дод. Дар Тоҷикистон ба дунбол умедвор буданд, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин зимни боздидаш аз Душанбе дар баҳои тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-уми артиши Русия айни чунин ваъдаро дар қиболи нирӯгоҳи Роғун низ хоҳад дод. Аммо бо вуҷуди то соли 2042 тамдид шудани замони ҳузури пойгоҳи 201, дар ҷараёни сафари рӯзи 5 октябр Путин дар мавзӯъи Роғун байни Маскаву Душанбе ҳатто як ёддошти тафоҳум ҳам ба имзо нарасид.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!