Масъулини «Барқи тоҷик» далели ин иқдомро камбуди барқ дар худи Тоҷикистон мегӯянд. Кормандони «Барқи тоҷик» таъкид мекунанд, ки баъди оғози истифодаи захираҳои обанбори Норак, содироти барқ ба Афғонистонро тавассути хати интиқоли Сангтӯда –Пули Хумрӣ қатъ кардаанд.
Намояндагони «Барқи тоҷик» қатъи интиқоли барқ ба Афғонистонро дар доираи созишномаи дутарафа арзёбӣ мекунанд, ки тибқи он дар сурати зуҳури камбуди энергияи барқ дар дохили Тоҷикистон, содирот ба Афғонистон қатъ мегардад.
Масъулини энергетикаи Тоҷикистон он миқдори ками энергияи барқро, ки айни ҳол тавассути хати Сангтуда-Пули Хумрӣ интиқол меёбад, «ба хотири амният» мегӯянд, то симчӯбу ноқилҳо ба яғмо нараванд.
Тайи фасли гармои гузашта Тоҷикистон ҳудуди 450 миллион киловат-соат энергияи барқро бо нархи 3.5 сент бароя як килловат, ба Афғонистон интиқол додаст. Масъулини энергетикаи кишвар мегӯянд, имкон доштанд ҳаҷми интиқоли барқро дар фасли гармо ба маротиб зиёд намоянд, аммо инфрасохтори Афғонистон дар ҳоли ҳозир барои қабули барқ дар ҳаҷми зиёд омода нест.
Тоҷикистон имкон дорад дар ҳар фасли гармо ҳадди ақал 5 миллиард килловат-соат нерӯи барқро ба муштариёни хориҷӣ пешниҳод намуда, ҳамасола ҳудуди 200 миллион доллари амрикоиӣ ба даст оварад. Аммо ба далели набудани хати интиқол, масъулин мегӯянд, ночор дар фасли гармо обро бе истеҳсоли барқ аз обанборҳои кишвар раҳо кардаанд.
Дар натиҷа зиёни Тоҷикистон тайи се соли охир ҳудуди ним миллиард доллари амрикоиро ташкил додаст, ки ин баробари 25 фоизи буҷети солонаи кишвар ё пули сохтмони марҳилаи аввали нерӯгоҳи «Роғун» мебошад.
Камбуди барқ дар Тоҷикистон аз ду даҳсола ба ин тараф ҳалли худро наёфтаст. Имсол масъулини энергетикаи кишвар сар аз 7-уми октябр барои навоҳӣ, маҳдудияти барқ ҷорӣ кардаанд. Соли гузашта дар кишвар аз 11-уми октябр ва соли 2010-ум аз 1-уми ноябр маҳдудият ҷорӣ шуда буд.