Ҳуввияти модари тифли «селлофанӣ» мушаххас шуд

Сафорати Тоҷикистон ҳуввияти шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар Ярославл ба ҳангоми фирор аз зоишгоҳ боздошт шуд, мушаххас кардааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳуввияти модари тифли навзодеро, ки ӯро дар дохили халтаи селлофанӣ аз зоишгоҳ гирифта фирор кард, мушаххас кардааст. Бо далелҳои ахлоқӣ исми ин занро дар матн ҳамчун М.М.П. меорем. Ӯ аз ӯзбактаборони Тоҷикистон буда, 8 марти соли 1987 таваллуд шудааст. Ин маълумотро Рустам Мирхоҷаев, раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Ярославл ва узви шӯрои ҷамъиятии сафорати Тоҷикистон дар Маскав таҳқиқ ва дар ихтиёри радиои Озодӣ гузошт.

Ба иттилои ӯ, ба ҳангоми расидани мӯҳлати таваллуди кӯдак, хонум М.М.П.-ро рӯзи 31 март ба зоишгоҳи Ярославл бо кӯмаки мошини ёрии таъҷилӣ интиқол доданд. Табибон гуфтанд, ки тамоми ёрии тиббии зарурӣ барои таваллуди амну саломати ин зан ва кӯдак карда шуд. Рӯзи якшанбе, 5 апрел ин хонум, ба гуфтаи духтурҳо, бо истифода аз он ки масъулини тиббӣ нисбат ба рӯзҳои маъмулии корӣ камтаранд, тифлро баъди додани шир дар дохили як халтаи селоффанӣ ҷо карда, фирор мекунад. Рустам Мирхоҷаев дар як сӯҳбати телефонӣ аз Ярославл юа Озодӣ гуфт:

  • Вақте ин зан дар дохили маршрутка мехост фирор кунад, садои тифл аз дохили халта баланд шуд. Дар пушти ӯ дар курсии маршрутка як хонуми ходими милиса ҳам нишаста будааст, ки ин ҳодисаро мушоҳида мекунад ва ӯ ронандаи мусофирбарро маҷбур мекунад, ки ҳаракатро боздорад ва полис даъват шавад, - нақл кард оқои Мирхоҷаев.

Баъди ба бемористони вилоятии кӯдакона интиқол ёфтани тифл ва модар, саломатии духтарчаи навзодро хуб арзёбӣ мекунанд, ӯ зери назари табибон аст. Шоми 7 апрел маълум шуд, ки модарро ба ҷои дигар интиқол додаанд. Маҳалли нигаҳдошти зан ҳанӯз мушаххас нест.

Дар ҳоле, ки то ҳанӯз сабаби фирори зан бо кӯдак дар дохили селлофан ҳанӯз маълум нест, танҳо ҳамин чиз мушаххас шудааст, ки дар дасти худ зан танҳо 1 патенти мӯҳлаташ тамомшудаи корӣ аз соли 2014 ва қайди порсолаи манзили зистро доштааст.

Баъди боздошти модар, бо амри полиси Ярославл модару кӯдак дар бемористони кӯдаконаи ин вилоят ҷой дода шуданд. Дар ин бора ба радиои Озодӣ рӯзи 7 апрел Марина Кокуева, сухангӯи полиси раёсати умури дохилаи вилояти Ярославли Русия хабар дод.

Ба иттилои Кокуева, ҳоло мақомоти полис ҳуввияти ин шаҳрванди Тоҷикистон ва сабабҳои фирори ӯ аз зоишгоҳро ҳамроҳ бо тифли шашрӯзааш таҳқиқ мекунанд. “Модару кӯдак ҳоло дар як муассисаи тиббӣ нигоҳдорӣ мешаванд. Шахсияти модарро мо ҳоло бояд тасдиқ кунем. Ҳоло мо бояд гуфтаҳои ӯро бисанҷем. Сабабҳои фирор карданашаро аз зоишгоҳ ӯ шарҳ дода натавонист, худо медонад, чаро ба ин кор даст зад. Илова ба ин, ба забони русӣ хеле бад сӯҳбат мекунад. Ин масъаларо ҳам мо бояд таҳқиқ кунем”, - гуфт ӯ.

Ин ходими полис гуфт, ба назар мерасад, ин фарзанди нахустини зан нест ва ӯ аз ин пеш ҳам таваллуд кардааст. Маълум нест ин зан шавҳар дорад ё на. “Ҳамин чиз маълум аст, ки ба ҳангоми боздошти ӯ дар дасташ ҳеҷ ҳуҷҷат надошт ва аз ҳамин хотир, ҳоло барои мушаххас кардани тамоми ҷузъиёти марбут ба ҳуввияти ин зан мо бояд таҳқиқи ҷиддие барпо кунем”, гуфт Марина Кокуева.

Матбуоти Русия навишт, ки рӯзи якшанбе дар як маршруткаи шаҳрии Ярославл дар хатсайти рақами 90 мусофирон занеро диданд, ки дар дохили як халтаи селлофанӣ тифли навзодеро бо худ мебурд. Анжелика Мова, як мусофири маршрутка ва шоҳиди ин ҳодиса ба матбуот гуфтааст, ки ин хонум дар истгоҳи «Перинатальный центр» ба мошин нишаст ва баъди муддате аз дохили халта садои тифл баланд шуд. Мусофирон ронандаро маҷбур карданд, ки ҳаракатро боздорад ва полисро даъват карданд. То омадани полис ин зан бо нафаре телефонӣ занг зад ва ба забони ӯзбакӣ аз онҳо хост, ки паспорташро биёранд. Полис ҳоло ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд ва ӯро метавонанд дар “иҷро накардани масъулияти тарбияи тифли ноболиғ” маҳкум кунанд, ки аз пардохти ҷарима то 3 соли зиндонро дар назар мегирад.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав таҳқиқи ин қазия ва ҳамчунин ҳуввияти ин занро шурӯъ кардааст. Дар сафорат инчунин мегӯянд, ки ҳоло бояд дақиқ мушаххас шавад, ки оё ин зан воқеан ҳам шаҳрванди Тоҷикистон аст ё на ва дар чӣ шароит дар Русия ба сар мебурд.

Мақомоти бемористони вилоятии кӯдаконаи Ярославл дар сӯҳбат бо Озодӣ аз шарҳи ин қазия худдорӣ карданд. Онҳо мегӯянд, пахши ҳама гуна маълумот дар бораи ҳолати сиҳҳатии беморон "сирри тиббӣ" аст ва мувофиқи қонунгузории Русия, муҷозот пешбинӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, раиси зоишгоҳи вилоятии Ярославл - “Перинатальный центр» дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ин хонум қарор буд муддати бештаре зери назари табибон бимонад. Татяна Волкова, раиси ин муассисаи тиббӣ гуфт, “мо ният доштем, ки мӯҳлати тӯлонитар ин хонум ва духтарчаашро табобат кунем. Аз назари мо, на модар ва на кӯдак барои озод шудан аз бемористон ҳанӯз омода набуданд ва мо бояд онҳоро зери назорат нигоҳ медоштем. Вале ӯ фирор кард ва дигар ин кор дар дасти мақомоти тафтишотӣ аст. Мо ӯро дигар қабул карда наметавонем”, гуфт Волкова. Раиси зоишгоҳ аз гуфтани ҷузъиёти сиҳҳатии модару кӯдак худдорӣ кард ва инчунин гуфт, ки барои ӯ сабаби фирор кардани ин зан маълум нест.

Дар баъзе сомонаҳои интернетӣ сабаби фирори зан аз бемористон дар мушкили санадҳои ин зан гуфта мешавад. Вале ин хабарро ҳанӯз полис тасдиқ ё рад намекунад.

Хабари дар дохили халтаи селлофан интиқол додани кӯдаки навзод аз ҷониби модар тоҷик мавриди интиқодҳои шадид дар матбуоти Русия шудааст.