Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдаки шашрӯза дар халтаи селофанӣ (ВИДЕО)


Як шаҳрванди Тоҷикистон барои интиқоли кӯдаки 6-рӯзаи худ дар пакет ё халтаи селофанӣ дар шаҳри Ярославл боздошт шудааст.

Полиси Русия мегӯяд, таваҷҷӯҳи мусофирони як микроавтобус ба ин зан, ки ба забони русӣ хуб сӯҳбат карда наметавонист, замоне ба миён омад, ки аз халтаи селофании ӯ садои гиряи тифл шунида шуд.

Дар ин маршрутка як корманди полис низ сафар мекард ва аз ронанда талаб намуд, ҳаракатро қатъ кунад. Бо давъати ӯ гурӯҳи кормандони полис ба ҷои воқеа расиданд ва ҷавонзанро боздошт карданд.

Дар навори видеоӣ, ки шабакаи "Lifenews" пахш кардааст, дида мешавад, мусофирон аз зан хоҳиш мекунанд, кӯдакро барои он ки дар халта нафастанг нашавад, берун гиранд, вале ӯ ба ин дархостҳо эътино намекунад. Ин зан ба забони узбакӣ сӯҳбат мекунад ва аз касе мехоҳад, шиносномаашро барояш биёранд, чун ба кормандони полис зарур аст.

Полис муайян кардааст, зан шаш рӯз пеш дар як зоишгоҳ таваллуд карда, бе сабти ном ва ҳуҷҷатҳо бо кӯдак аз он ҷо фирор кардааст.

Бино бар қонунҳои Русия, ба ин зан "барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои падару модар дар нигоҳубини фарзанди ноболиғ" се соли зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG