Тоҷикистон воридоти мошинҳои кӯҳнаро манъ кард. ВИДЕО

Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор воридоти мошинҳоеро, ки 12 сол пеш истеҳсол шудаанд, манъ кард. Дар нусхаи қарори ҳукумат, ки рӯзи 28-уми январ содир шуда ва имрӯз ба дасти Радиои Озодӣ ҳам расид, омадааст, “воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли бароришашон то соли 2005 аз 15-уми феврали соли 2018 манъ карда шавад".

Ҳукумат ба Хадамоти гумрук ва Вазорати корҳои дохилӣ амр додааст, ки раванди воридоти мошинҳоро мутобиқ ба ҳамин қарор назорат кунанд.

Бештари мошинҳое, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид мегарданд, дар охири солҳои навадум ва аввали солҳои 2000-ум истеҳсол шудаанд. Барои овардани чунин мошинҳо ба кишвар ягон маҳдудият вуҷуд надорад. Ин худравҳо ҳамагӣ чанд ҳазор доллар нарх доранд ва барои сокинони миёнҳол, аз ҷумла муҳоҷироне, ки аз Русия бармегарданд, хеле дастрасанд. Ҳазорҳо сокини Тоҷикистон мошинҳои кӯҳнаро ҳамчун нақлиёти мусофирбар ва ягона василаи даромад истифода мебаранд.

Назари сокинон дар бораи мошинҳои арзону гаронбаҳо дар Тоҷикистон:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Барои харидани мошини нав пули кофӣ надорем"

Мутахассисони муҳити зист аз афзоиши мошинҳо дар роҳҳои Тоҷикистон, ки теъдодашон ним миллионро убур кардааст, бонги изтироб мезананд. Онҳо мегӯянд, мошинҳои бисёр кӯҳна ба меъёрҳои зистмуҳитӣ ҷавобгӯ нестанд ва ҳаворо олуда мекунанд ва ба саломати сокинон зиён дорад.

Саидусмон Судуров, масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон гуфт, “нақлиёте, ки соли истеҳсолашон хеле куҳна аст. Партовашон аз мошинҳои нав дучанд аст. Илова бар ин, бояд сӯзишвории ба меъёрҳо ҷавобгӯ ба кишвар ворид карда шавад.”

​Ҳукумати Тоҷикистон соли 2017 барои ҳавасманд кардани сокинон барои харидани мошинҳои нав боҷи гумрукии ин гуна мошинҳоро 50 дарсад кам карда буд.