Ҷаласаи зидди "Салафия" дар Қӯрғонтеппа

Имомҳои масоҷиди минтақаи Қӯрғонтеппа берун шудан аз ҷаласаи 4 май

Бархе аз имом-хатибони минтақаи Қӯрғонтеппа мегӯянд, онҳо муваззаф шудаанд, ки дар масоҷид бештар мушоҳидакор шуда, пайравони равияҳои мамнӯе мисли "Салафия"-ро ошкор кунанд.

Намояндагони мақомоти расмӣ ва ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон дар як ҷаласаи махсус аз имомҳои 25 шаҳру ноҳияи минтақаи Қӯрғонтеппа хостаанд, ки монеи гароиши ҷавонон ба ҷараёни мамнӯи "Салафия" шуда, аз пайвастани онҳо ба гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" низ ҷилавгирӣ кунанд. Ин ҷаласа рӯзи 4 май дар Қӯрғонтеппа баргузор шуд.

Бино ба иттилои манобеи Озодӣ, дар ин ҷаласа Абдураҳмон Аламшозода - муовини вазири умури дохилӣ, Саидмукаррам Абдулқодирзода - раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ва Махфират Хидирзода - муовини раиси вилояти Хатлон иштирок ва суханронӣ кардаанд. Вале хабарнигорони мустақил ба ин ҷаласа роҳ наёфтанд.

Баҳром Миров, сармутахассиси Шӯъбаи иттилоот ва таҳлили ҳукумати Хатлон гуфт, ки "ҷаласаро Вазорати корҳои дохилӣ баргузор кард ва ба ин хотир мо натавонистем хабарнигоронро даъват кунем."

Ба қавли манобеи Озодӣ, дар ин ҷаласа аз ҳузури 200 сокини вилояти Хатлон дар ҷангҳои Ироқу Сурия нигаронӣ шудааст, ки ба иттилои мақомот 30 тани онҳо ноболиғ ва ба камиияш 20 нафарашон зан будаанд. Дар ин ҷаласа, инчунин, аз гироиши ҷавонон ба ҷараёни мамнӯи "Салафия" нигаронӣ шудааст. Мақомот гуфтаанд, ки тайи се моҳи охир танҳо дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Бохтар ва Ҷалолиддини Балхӣ ҳудуди 50 нафарро ба иттиҳоми пайравӣ аз ин ҷараёни мамнӯи мазҳабӣ боздошт шудаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷаласаи зидди "Салафия" дар Қӯрғонтеппа

Аслиддин Раҷабов, имоми масҷиди панҷвақта аз ноҳияи Вахш, баъди берун шуданаш аз ҷаласа ин нуктаҳоро таъйид кард. Ӯ ҳам гуфт, ки дар ҷаласаи рӯзи 4 май дар Қӯрғонтеппа асосан мавзӯи пайвастани ҷавонон ба гуруҳи “Давлати исломӣ” ва созмонҳои дигари мамнӯе мисли “Салафия” матраҳ будааст. “Дар мавриди терроризм, шомил шудан ба равияҳои мамнуъ, хусусан “Салафия” суҳбат карданд. Мо гуфтем, ки кӯшиш мекунем, то ҷавононро ба роҳи рост даъват намоем,” – гуфт ӯ.

Ин суҳбатро Ҳабибулло Файзуллоев, имом-хатиби масҷиди ҷомеи ба номи Эшони Ҷамшед дар ноҳияи Панҷ идома дод ва гуфт, ки онҳо аз сӯи мақомоти расмӣ ва ниҳодҳои интизомӣ муваззаф шудаанд, дар вақти намозгузорӣ мушоҳидакор бошанд ва аз шеваи намозгузорӣ ва рафтори пайравони равия ва созмонҳои мамнуъ огоҳ шаванд.

Ӯ гуфт, "талош мекунем, ки мардумро ба мазҳаби ҳақ, меҳрубонӣ ва роҳи дуруст таблиғу ташвиқ кунем. Дар ҷаласа мавзӯи ифротгароии ҷавононро гаштаву баргашта таъкид карданд. Мавзуъҳои доғи рӯзро дар миён гузоштанд.”

Ин ҷаласа ва нигаронии мақомот дар ҳолест, ки додгоҳҳои кишвар то кунун ҳудуди 20 сокини Норак ва Шаҳритӯсро барои овехтани парчами сиёҳи "Давлати исломӣ" маҳкум ба зиндон кардаанд. Додситони вилояти Хатлон ҳам мегӯяд, ки дар се моҳи соли ҷорӣ 132 ҷинояти хусусияти экстремистӣ доштаро ошкор карда, алайҳи даҳҳо тан парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.