Ҳуриннисо Исҳоқова, модари Бузургмеҳр Ёров – вакили дифои зиндонӣ, иддао дорад, ки тайи моҳҳои охир писараш дар боздоштгоҳ мавриди азияту шиканҷа қарор гирифтааст. Ӯ рӯзи 27-уми сентябр, баъд аз нӯҳ моҳи муроҷиатҳо, дар боздоштгоҳи рақами яки Душанбе бо писараш мулоқоти кӯтоҳ анҷом дод. Исҳоқова гуфт, ки писарашро кормандони СИЗО латту кӯб кардаанд ва, бино ба қавли ӯ, Ёров ҳатто як дафъа ба бемористон бурда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, созмони ҳомии ҳуқуқи инсон – Human Rights Vision Foundation – аз вазъи Бузургмеҳр Ёров дар боздоштгоҳ изҳори нигаронӣ карда, аз Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи башар, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Амрикову Канада ва Иттиҳодияи Аврупо даъват кардааст, ки ба қонунувайронкунӣ дар мавриди вакили мудофеъ тадбирҳо ҷуста, алайҳи мақомот таҳримҳо роҳандозӣ кунанд. Ин созмон зикр кардаст, ки ҳаёти вакили мудофеъ таҳти хатар қарор дорад.
Масъулини СИЗО мулоқоти Ҳуриннисо Исҳоқоваро бо Бузургмеҳр Ёров таъйид карда, аммо айни замон гуфтанд, ки "масъалаи азияту шиканҷа шуданаш асос надорад".
Мағозаи ҳамсари Бузургмеҳр Ёров мусодира мешавад
Хешовандони Бузургмеҳр Ёров моҳи август ба матбуот гуфтанд, додгоҳ ахиран ҳуқуқшиносро барои таҳқири президент ва қаллобӣ низ айбдор донист.
Садриддин Шарифзода, масъули боздоштгоҳи рақами яки Душанбе, рӯзи 28-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "модари Бузургмеҳр бар асоси иҷозатнома рӯзи чаҳоршанбе дар СИЗО бо фарзандаш мулоқот дошт. Бузургмеҳр аз шароити боздоштгоҳ шикоят надорад ва дар бораи инки мавриди шиканҷаву азият қарор дорад, ҳеҷ гап назадааст."
Шарифзода афзуд, ҳоло Заррина Набиева, ҳамсари Бузургмеҳр Ёров, ба ҳайси адвокат аз ҳаққи ӯ ҳимоят мекунад ва мешавад асли қазияро аз ӯ низ пурсид. "Бузургмеҳр ба навиштани аризаи кассатсионӣ ва санадҳои дигар барои додгоҳ машғул аст. Ҳеҷ кас бо ӯ кордор нест. Худаш гуфт, ин бори аввал нест, ки чунин хабару овозаҳо пахш мешавад", - афзуд Садриддин Шарифзода.
Бунёди ҳуқуқи башар: Тоҷикистон бояд Бузургмеҳр Ёровро озод кунад
Бузургмеҳр Ёров, ки баъди ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои раёсати боздоштшудаи ҲНИТ дар соли 2015 дастгир шуд, дар маҷмӯъ ба 28 соли зиндон маҳкум гардид. Додгоҳ ҳукмҳои ӯро аз рӯи моддаҳои “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ”, “беэҳтиромӣ ба намояндаи додгоҳ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият" исботшуда ва қонунӣ меномад.
Хешовандони Бузургмеҳр Ёров рӯзи 23-юми август ба матбуот гуфтанд, додгоҳ ахиран ҳуқуқшиносро барои таҳқири президент ва қаллобӣ низ айбдор донист.
Бузургмеҳр Ёров ва наздиконаш ҳукми додгоҳҳои Тоҷикистонро дорои ангезаҳои сиёсӣ арзёбӣ карда гуфтанд, ки омодагии вай дар ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои ҲНИТ дар тирамоҳи соли 2015, чанд ҳафта баъди “ғайриқонунӣ” ва “террористӣ” эълон шудани ҳизби сиёсӣ, боиси боздошт ва дар ҷиноятҳои содирнакарда гунаҳгор эълон шудани вай гардид. Баробар бо Ёров вакили дигари дифоъ Нуриддин Маҳкамов ҳам ба мӯҳлати 21 соли зиндон маҳкум шудааст ва Маҳкамов ҳам иттиҳомотро эътироф накардааст.