Баъд аз 26 соли таваққуф, нахустин автобуси мусофирбар аз Тошканд вориди шаҳри Хуҷанд -- маркази вилояти Суғд шуд. 45 нафар, бо шумули намояндагони ниҳодҳои давлатии Узбекистон, кормандони фаннии ширкатҳои нақлиётии ин кишвар, сайёҳон, хабарнигорон ва 15 нафар мусофири оддӣ, аз ҷумлаи аввалин мусофирони хатсайри расмӣ аз Узбекистон ба Тоҷикистон буданд.
Қимати чипта феълан аз як самт барои як мусофир 50 сомонӣ муқаррар шудааст. Ҳамзамон масъулини ин ду ширкат таъкид доштанд, ки дар оянда нархи чипта бозбинӣ хоҳад шуд.
Ин автобус нисфирӯзии 15-уми май ба шаҳри Хуҷанд расид. Меҳмононро дар автовакзали "Роҳи абрешим"-и шаҳр гурӯҳе аз мақомоти вилояти Суғд бо раҳбарии Рустам Раҳматзода, муовини аввали раиси вилоят ва иддаи зиёде аз сокинони маҳаллӣ, истиқбол карданд.
Дар маросими пазироии меҳмонони Узбекиитон таъкид шуд, ки бозкушоии хати сайри Тошканд-Хуҷанд, марҳилаи аввали барқарорсозии рафтуои мусофирбарҳо миёни ин ду кишвар аст ва дар ҳафтаи оянда хати сайри Тирмиз-Душанбе низ кушода мешавад. Қарор аст дар маҷмӯъ миёни шаҳрҳои ин ду кишвар дувоздаҳ хатсайр фаъол шавад.
Аз рӯи мувофиқаи миёни кишварҳо, ҳаракати автобусҳо дар хатсайри Тошканд-Душанберо аз ҷониби Узбекистон ширкати "Манзара туризм" ва аз ҷониби Тоҷикистон "Asian express" анҷом хоҳанд дод.
Султон Камолов, раиси нақлиётии ширкати "Asian express" дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки ҳар рӯз ду автобус, соати ҳашти субҳ ва дувоздаҳи нисфирӯзӣ аз сӯи Хуҷанд ба Тошканд ва ҳамин тавр ду автобуси дигар аз Тошканд ҷониби шаҳри Хуҷанд раҳсипор мешаванд.
Қимати чипта феълан аз як самт барои як мусофир 50 сомонӣ муқаррар шудааст. Ҳамзамон масъулини ин ду ширкат таъкид доштанд, ки дар оянда нархи чипта бозбинӣ хоҳад шуд.
Хайрулло Каримов, як масъул аз вазорати нақлиёти Узбекистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар замони шӯравӣ миёни Тошканд ва Хуҷанд то 12 автобус дар як рӯз рафтуомад мекард. Мо ҳоло талош мекунем то ҳадде равобити нақлиётии қаблиро миёни ин шаҳрҳо барқарор созем."
Ҳайати меҳмонон аз Узбекистон аз маконҳои таърихию фарҳангии шаҳри бостонии Хуҷанд дидан карданд. Қарор аст субҳи 16-уми май автобуси мусофирбар аз Хуҷанд озими шаҳри Тошканд шавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад