Идораи шабакаҳои барқии Кӯлоб бо тақозои волидайни як ҷавон, ки дар қатли хоҳараш гумонбар дониста мешавад, зеристгоҳи барқиро аз ҳавлии онҳо ба дигар ҷой кӯчонид.
Идораи шабакаҳои барқии Кӯлоб бо тақозои волидайни як ҷавон, ки дар қатли хоҳараш гумонбар дониста мешавад, зеристгоҳи барқиро аз ҳавлии онҳо ба дигар ҷой кӯчонид. Ҷониби муттаҳам даъво дорад, ки агар трансформатор намебуд, ин куштор ҳам сурат намегирифт. Моҳи гузашта дар хонае, ки дар ҳавлияш зеристгоҳи барқӣ ё худ трансформатори маҳаллаи Кирови шаҳри Кӯлоб насб шуда буд, бародари 22-сола хоҳари 17-солаашро ба қатл расонд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қаблан дар шарҳи ин ҳодиса гуфта буд, ки сокини 22-солаи шаҳри Кӯлоб Мизробҷони Музаффар рӯзи 14-уми январи соли ҷорӣ хоҳараш Мизробова Озодамоҳ Музаффаровнаи 17-соларо дар ошхонаи хонаи истиқоматиашон бо рӯймоли сараш бӯғӣ карда, ба қатл расонидааст.
Мақомоти интизомӣ сабаби қатли хоҳар аз сӯи бародарро эълон накардаанд, вале гуфтаанд, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва тафтиш идома дорад.
Ба таъкиди ин ниҳод, гумонбар дар қатли Мизробова Озодамоҳ Музаффаровна рӯзи 17-уми январ ба дунболи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯии мақомоти интизомӣ боздошт шуд.
Дар ҳамин ҳол, Ҷумъагул Одинаева, модари ин ду ҷавон, мегӯяд, ҳодисаи нохуш дар ҳоле рух додааст, ки писар ва духтараш бо сабаби мавҷудияти ин зеристгоҳи барқӣ дар ҳавлиашон солимии рӯҳиашонро аз даст дода буданд. Ба гуфтаи ин зан, зеристгоҳи маҳалла, ки дар ҳавлиашон қарор дошт, ҳар сол дар фасли зимистон таркида, оташ мегирифт ва аз ин боис фарзандонаш аз тарс саломатии равонии худро аз даст додаанд:
«Ҳар сол дар зимистон кафида, дар мегирифт. Духтарам тарсида касал шуд, писарам ва худам ҳам аз ин кафиданҳои ногаҳонии трансформатор касал шудаем. Соли гузашта кафид, хонаамон дар гирифт. Боз ин хел ҳодиса шуд ва духтарамро бой додам. Зора кардем, ки ҳаминро аз ҳавлии мо берун кунанд. Ҳар зимистон аҳволамон бад буд.»
Ин зан бадбахтии хонаводаи худро дар рух додани сӯхтори ҳарсола дар ҳамин зеристгоҳи барқӣ медонад ва ҳангоми тафтиши қазия аз муфаттишони додситонии Кӯлоб хоҳиш кардааст, то ба идораҳои шабакаҳои барқии Кӯлоб супориш диҳанд, зеристгоҳро аз ҳавлиашон берун кунад ва ҳангоми баррасии парвандаи писараш ин омилро ба назар гирифта, ба ӯ ҷазои сабуктар диҳанд.
Идораи шабакаҳои барқ бо хоҳиши додситонӣ зеристгоҳро берун аз маҳалла насб кард, аммо Озар Исоев, муовини додситони Кӯлоб, мегӯяд, дар робита ба ҳодиса бо моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноии кишвар, яъне куштори барқасдона, парванда боз шудааст. Исоев гуфт, омӯзиши парванда ба анҷом нарасидааст ва хулосаи ниҳоиро додгоҳ эълон хоҳад кард, ки то кадом андоза зеристгоҳи барқӣ боиси сар задани ин ҳодиса шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Аҳмад Кишваров, сармуҳандиси идораи шабакаҳои барқии Кӯлоб, мегӯяд, мувофиқи ҳуҷҷатҳо зеристгоҳи барқӣ дар маҳаллаи Кирови шаҳр берун аз ин ҳавлӣ насб шуда буд, аммо атрофи он аз ҷониби ин хонавода забт шудааст, ки бо ин сабаб зеристгоҳ дар дохили ҳавлӣ мондааст.
Аҳмадов гуфт: «Ин ҷо пештар партовгоҳ буд. Маълум шуд, ки ин замин забт шудааст. Вақте ки дар ин масъала гап шуд, мо трансфарматорро кӯчонидем, лекин трансформатор қонунӣ шинонида шуда буд.»
Додситонии Кӯлоб ҳоло парвандаи куштори хоҳар ба дасти бародарро таҳқиқ мекунад. Дар ин қазия то кадом андоза «гуноҳи зеристгоҳ» ба назар гирифта мешавад, ҳукми додгоҳ нишон хоҳад дод.
Ҳодисаи қатли як хоҳар аз сӯи бародар дар Тоҷикистон барои бори аввал нест ва моҳи августи соли гузашта як сокини шаҳри Турсунзода хоҳарашро барои амалҳои фоҳишагӣ ба қатл расонида буд.
Куштор дар Тоҷикистон ҳукми сангинро дар пай дорад. Тоҷикистон соли 2004, пас аз баҳсҳои тӯлонии будан ва ё набудани “ҷазои олӣ”, билохира ба ҳукми қатл моратория эълон кард ва онро баъдан ба ҳабси якумрӣ иваз намуд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад