Бритониё равобиташро бо Гурҷистон "маҳдуд мекунад"

Дэвид Лэммӣ, вазири корҳои хориҷии Бритониё

Мақомоти Бритониё саркӯби такондиҳандаи рӯзноманигорон ва эътирозгарони ҷонибдори Ғарбро дар Гурҷистон танқид карда, гуфтанд, ки робитаашонро бо ҳукумати ин кишвар бисёр маҳдуд мекунанд.

Пештар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо низ аз чораи мушобеҳ хабар дода буданд.

Дэвид Лэммӣ, вазири корҳои хориҷии Бритониё, рӯзи 9-уми декабр гуфт, "саҳнаҳои ҳавлноки хушунат алайҳи эътирозгарон ва хабарнигорон аз ҷониби мақомоти Гурҷистон қобили пазириш нест ва бояд бас карда шавад."

"Бо таваҷҷуҳ ба идомаи ин рӯйдодҳо, Бритониё ҳама гуна барномаҳои пуштибонӣ аз ҳукумати Гурҷистонро фавран қатъ ва ҳамкориҳои дифоиро маҳдуд мекунад," – афзуд ӯ.

Танишҳо дар Гурҷистон пас аз эъломи пирӯзии ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" дар интихоботи порлумонии 26-уми октябр боло гирифт. Мухолифони ғарбгаро ва раисҷумҳури Гурҷистон, Саломе Зурабишвили, гуфтанд, ки дар ин маърака бо мадади Маскав тақаллуб сурат гирифтааст.

Баъди он ки ҳукумати Гурҷистон рӯзи 28-уми ноябр музокиротро бо Брюссел дар бораи пайвастани Гурҷистон ба Иттиҳоди Аврупо то соли 2028 боздошт, эътирозгарони зиёд ба хиёбонҳои пойтахт, Тбилиси, баромаданд. Мақомот барои пароканда кардани онҳо аз зӯр ва обу гази ашковар истифода карданд.

Иёлоти Муттаҳида рӯзи 4-уми декабр аз ҳукумати Гурҷистон талаб кард, ки бо мардуми норозӣ боэҳтиромона муносибат кунад.