Пас аз гузориши "Озодӣ" пули байни Вахш ва Кӯшониён барқарор шуд. ВИДЕО

Як гузориши Радиои Озодӣ сабаб шуд, ки пули баҳсии миёни ду ноҳия барқарор шавад. Пуле, ки дар байни қаламрави маъмурии ду ноҳияи ҳаммарзи вилояти Хатлон - Кӯшониён ва Вахш ҷойгир аст, хароб шуд, вале баҳси мансубияти пул ба ин ё он ноҳия се сол тӯл кашид ва сокинони маҳаллӣ маҷбур буданд, ки бино ба хатарзо шудани харобаҳои пули пешина, фосилаи се километр роҳро тай карда, ба роҳи калони пайвасткунандаи ноҳия бо шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) бирасанд.

Идораи хоҷагии роҳҳои автомобили водии Вахш, ки назорати пулҳоро бар зимма дорад, гуфт, ки онҳо дар тобеияти кадом ноҳия қарор доштани ин пулро намедонад, вале бо талоши мақомоти вилоят, ҳукумати ноҳияи Вахш сохтмони онро ба ӯҳда гирифтааст.

Сокинони маҳаллӣ дар гузориши Радиои Озодӣ, ки октябри соли 2017 нашр шуд, шикоят карданд, ки илова ба мушкили ҳаракат дар роҳ, харҷи роҳкирои онҳо ҳам афзоиш ёфт. Тайи се соли ахир масъулони ду ноҳияи ҳамсоя Кушониён ва Вахш бар сари бунёди пуле, ки сокинони ҷамоати деҳоти "Киров"-ро бо ҷамоати "Бӯстонқалъа" ва аз онҷо ба маркази вилоят мерасонд, ба мувофиқа намеомаданд ва сохтмонашро ба зима намегирифтанд.

Маҳмадшариф Назруллоев, як сокини ноҳияи Вахш мегӯяд, ахиран бо ташаббуси ҳукумати ин ноҳия корҳои сохтмони пул аз сар гирифат шуд ва ба гуфтаи ӯ, ҳоло 90 дарсад корҳои сохтмонӣ анҷом шудааст: "Аз хеле вақт буд, ки пул вайрон буд, сокинон ба мушкил барои харид мерафтанд. Боз роҳпулияшон зиёд мешуд, ҳукумат кӯмак кард ва мардум онро сохтаанд."

Барои сохтмони пул, ки ҳоло 90 дарсад иҷро шудааст, ҳудуди 100 ҳазор сомонӣ ва ба иловаи он, сементу маҳсулоти сохтмонӣ аз сӯи соҳибкорон ва мақомот ҷудо шудааст. Гуфта мешавад, ки кори сохтмони ин пулро сокинон ба роҳи ҳашар анҷом медиҳанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Пас аз даъвои 3-сола пули 40 ҳазор нафарро таъмир карданд

Усмоналӣ Юсупов, аз соҳибкороне мебошад, ки дар сохтмони ин пул саҳм дорад, гуфт: "Мо аввал ба Радиои Озодӣ ташаккур мегӯем, ки омада сӯҳбати мардумро сабт кард ва гузориш нишон дод ва ин пул сохтмонаш оғоз шуд."

Як мақоми ҳукумати ноҳияи Вахш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди нашри гузорише дар сомонаи Радиои Озодӣ гурӯҳи корӣ таъсис шуда, назорат аз болои сохтмони пул пурзӯр шудааст ва онҳо тасмим гирифтанд, ки пулро бисозанд.

Аммо Шарбатуллои Азизулло, раиси ноҳияи Вахш чанде пеш зимни як ҷаласа ҳамоно гуфт, ки пул ба зимаи онҳо набуд, вале сохтмонашро ба ӯҳда гирифтаанд: "Ҳарчанд ин пул дар зимаи мо набуд, вале мо сохтмон карда истодаем, сохтмон ҳоло идома дорад, идораи роҳ ва масъулин вобаста шудаанд."

Сокинон ду ноҳия мегӯянд, ки борҳо талош кардаанд ин пулро тариқи ҳашар бисозанд, вале масолеҳи ҷамъовардаашон басанда набудааст ва бидуни кӯмаки молӣ ва техникии мақомот, наметавонад ин корро анҷом диҳад. Ин кӯпрук аз панҷоҳ сол ба ин тараф роҳи беш аз 40 ҳазор сокини ҷамоатҳои шаҳраки Киров ва Бӯстонқалъа пайваст мекард.

Идораи хоҷагии роҳҳои автомобили водии Вахш, ки назорати пулҳоро бар зимма дорад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо дар тобеияти кадом ноҳия қарор доштани ин пулро намедонад, вале бо талоши мақомоти вилоят, ҳукумати ноҳияи Вахш сохтмони онро ба ӯҳда гирифтааст. Тибқи иттилои расмӣ дар вилояти Хатлон аксар пулҳо ба таъмиру бозсозӣ ниёз дорад, ки аз Шӯравӣ бар ин сӯи боқӣ мондаанд.