Аз соли 1992-юм то 1994-ум дар шаҳри Душанбе -- пойтахти Тоҷикистон танҳо се корхонаи нонбарорӣ фаъол буд.
Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки соли 1992-юм сар шуд ва расман панҷ сол идома дошт, мардуми кишварро ба ду сангари муқобил кашид, дӯстони деринро ба ҳам душман кард ва ҳамсояҳоро ташнаи хуни якдигар.
Аммо дар оғози соли 1993-юм зарурати дигаре мардуми пушти сангарҳои муқобилро ба ҳам овард. Дар ин сол бидуни ихтиёр ё раҳбарии нафаре ҷабҳае таъсис шуда буд, ҷабҳаи дарёфти нон, ки аъзои он ҳам кӯлобӣ буду ҳам ғармӣ ва ҳам бадахшӣ буду ҳам ҳисорӣ...
Заррина Зуҳурова, як сокини Душанбе, солҳои 1990-юм донишҷӯ буд ва аз он солҳо чунин ёдоварӣ мекунад: "Дар Душанбе шумораи гурезаҳо аз манотиқи мухталифи кишвар хеле зиёд шуда буд, барои онҳо дигар фарқе надошт, ки аз кадом минтақа ҳастанду аз кадом гурӯҳ пуштибонӣ мекунанд. Ҳадаф фақат яке буд - дарёфти як бурда нон." Кӯдакон субҳи барвақт халтаҳо зери бағал ба остонаи корхонаҳои тавлиди нон мешитофтанд ва соатҳо интизорӣ мекашиданд. Сар аз интиҳои соли 1992-юм то соли 1994-ум дар пойтахти Тоҷикистон танҳо се корхонаи нонбарорӣ фаъол буд.
Даврон Сатторов, иҷрокунандаи раиси корхонаи "Нонпаз", ки бештар бо истилоҳи русиаш “Хлебозавод” маъруф буд, мегӯяд, замони қабл аз нооромиҳои солҳои навадум корхонаи онҳо дар як шабонарӯз то 140 тонна нон тавлид мекард. Дар солҳои нооромӣ, мегӯяд ӯ, тавлидоти ин корхона ва корхонаҳои нонпазии дигари пойтахт хеле афзоиш ёфта буд, вале бо ин вуҷуд нон барои мардум намерасид. Зеро ба гуфтаи ӯ, корхонаҳои хусусии нонпазӣ ва мардуми оддӣ ба орд дастрасӣ надоштанд.
"Солҳои 1990-ум, пас аз оғози нооромиҳо дар кишвар масъалаи орд дар пойтахт ва минтақаҳо хеле шадид шуда буд. Дар Душанбе се заводи "Хлебозавод", "Булочная" ва "Лепёшечная" кор мекарданд. Вале корхонаи аслии нонпазӣ корхонаи мо - "Хлебозавод", ки 7 печи нонпазӣ дошт, шабу рӯз кор мекардем, ҳатто дар як шабонарӯз то 200 тонна нон истеҳсол мекардем, аммо боз ҳам кофӣ набуд",-хотираҳояшро гардон мекунад Даврон Сатторов.
Бӯҳрони нон то ҳадде расида буд, ки мардуми манотиқи кишвар ҷаву ҷуворимакка ва сабӯси гандуму кунҷора ва тухми ҷорӯбу дигар зироотро орд карда ва нон мепухтанду мехӯрданд. Дар интиҳои соли 1992-юм ва оғози соли 1993-ум дар ноҳияи Фархор бар асари истифодаи гандуми заҳрулод маризии шадиди гепатити гелеотропӣ сар зад, ки ҳудуди 8 ҳазор нафар қурбони ин маризӣ гардиданд. Аммо дар шаҳрҳо, хусусан пойтахт, мардум дар навбати нон ва барои бурдаи нон атрофи корхонаҳои нонпазӣ ҷон медоданд.
Дар навор: Яке дар ғами ҷону дигаре дар ғами нон...
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Яке дар ғами ҷону дигаре дар ғами нон...
Сулаймон Исмонов, дар солҳои 1992-1995-ум дар корхонаи нонпазии шаҳри Кӯлоб сармуҳандис буд ва мегӯяд, он замон хонаи умед ва раҳоии мардуми минтақаи Кулоб аз бенонӣ корхонаи онҳо буд: "Посбонҳо дар корхонаи нонпазии Кӯлоб низомиён буданд, ҳодисаи тирборон ҳам сар мезад. Рӯзе дар натиҷаи ҳамингуна тирборон, ки барои пароканда кардани мардуми гурусна аз назди дарвозаи корхона ба ҳаво тир кушоданд, тир ба девор бархӯрда баргашт ва ба гардани як ҷавон зад, ки ӯ дар ҷояш ҳалок шуд."