Дар ҷараёни музокироти миёни ҷонибҳои сулҳи Тоҷикистон дар соли 1994 як Кумиссюни муштараки назорати оташбас ташкил карда шуд. Дар ҳоле ки дар кишвар ҷанг идома дошт ва намояндагони мухолифин таҳти таъқиб қарор доштанд на ҳар кас розӣ мешуд, ки вориди ин
кумиссюн бишавад ва ба Тоҷикистон баргардад. Яке аз ин нафарон, ки дертар раёсати ин Кумиссиюн аз ҷониби мухолифинро бар дӯш дошт, Ҷалолиддини Маҳмуд буд.
Озодӣ: Интихоби Шумо ба ин вазифа чӣ гуна иттифоқ афтод?
Ҷалолиддини Маҳмуд: “Моҳи ноябри соли 1994 буд. Дар шумори ҳазорҳо нафар ҳамватани дигар дар шаҳри Маскав дар ҳолати гурезагӣ ба сар мебурдам. Дар он ҷо дафтари ҲНИТ фаъолият мекард. Рӯзе устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ занг зада ва гуфтанд, ки як Кумиссюни назорати оташбас аз ҳарду ҷониб, яъне ҷониби ҳукумат ва мухолифин ташкил шудаасту чор нафар аз мо бояд шомили он бишаванд. Ду нафар аз Афғонистон омаданд. Ҳоҷӣ Музаффар Раҳмонов ва Муҳиддин Ҳасанов, ки дертар ҳардуи онҳо, дар ҷараёни кор дар ин кумиссюн -- яке дар худи Тоҷикистон ва дигарӣ дар Афғонистон бе ному нишон ғайб заданд. Нафари севвум Саид Мухтор Мирзоев аз Маскав. Хулоса, маро аз Маскав даъват карданд, ки дар кори ин кумиссюн ширкат варзам. Он се нафари дар боло зикршуда ду ҳафта пештар аз ман омада буданд. Маро аз Маскав Сафорати Тоҷикистон гусел кард ва дар Душанбе ҳам истиқбол гирифтанд. Дар меҳмонхонаи Окятбр («Авесто»-и ҳозира) моро ҷой доданд. Ҳифозати мо ба ӯҳдаи русҳо (дивизияи 201-ум) вогузор шуда буд. Ҳоҷӣ Музаффар ҳамраиси кумиссюн буд. Корро шурӯъ кардем, аммо мушкили ноамнӣ вуҷуд дошт. Мушкили молӣ ҳам доштем. Дар Русия мо аллакай соҳиби нону шароити хуб ҳам шуда будем. Ба ҳамин минвол то омадани Кумиссюни Оштии миллӣ ба Душанбе бо роҳбарии устод Нурӣ дар ҳайати Кумиссюни назорат бар оташбас фаъолият кардам.”
ШОГИРДИ УСТОД НУРӢ
Озодӣ: Номзадии Шумо танҳо пешниҳод шуд ва ё чанд нафар будеду аз ин миён худатон розӣ шудед ва ё дастур шуд, ки ҳатман Шумо биравед?
Ҷалолиддини Маҳмуд: “Дар Маскав намояндагии ҲНИТ амал мекард ва муроҷиат ба дафтар шуда буд. Чун Афғонистон телефон надошт, устод аз Теҳрон тамос гирифта буд. Аслан ин кор бар ӯҳдаи устод Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, раҳбари ҳайати музокирот, гузошта шуда буд. Нафарони узви кумиссюнро мебоист он кас пайдо мекарданд, чун зиёдтар дар Теҳрон буданд ва имкони иртиботи телефонӣ доштанд. Дафтари ҲНИТ танҳо намояндагии мухолифин дар Русия буд. Дигар ҳеҷ кадом мухолифини давлатҳои собиқ Шӯравӣ онҷо дафтари худро надошт. Чандин ҷаласаҳо баргузор шуд, аммо касе ин пешниҳодро ба ӯҳда намегирифт. Чун диданд, ки касе ба ӯҳда намегирад, аз мо ду-се маротиба талаб намуданд, то ба ӯҳдаи худ бигирем. Ман ба устод пеш ҳам наздик будам, шогирд ба ҳисоб мерафтам. Чун узви ҲНИТ будам, супоришро иҷро кардам.”
Озодӣ: Яъне, Шумо шогирди ҳалқаҳои дарсии устод Нурӣ ҳастед?
Ҷалолиддини Маҳмуд: “Бале ва ман ҳамеша дар раддаҳаи болоии ҳизб будам.”
БАРХЕ ФАРМОНДЕҲОН ФАРМОНБАРДОР НАБУДАНД?
Озодӣ: Азбаски Шумо аз наздик бо фармондеҳон шинос будед, метавонед бигӯед, ки чаро гурӯҳе аз фармондеҳони мухолифин бо сулҳ созиш накарданд ва баъзе аз эшон дар замони ҷанг ҳам саркашу фармоннобардор шуда буданд?
Ҷалолиддини Маҳмуд: “Албатта, ин мушкилоти танҳо худи қумондонҳо набуд. Баъзе аз нафарҳои сатҳи сиёсиву роҳбарият ҳам дар аввал аз оқибати сулҳ дарки амиқ надоштанд, ки то ба куҷо он давом меёбад. Баъзе нафарони сиёсӣ ҳам сулҳро бо ин шаклу шева намехостанд, аммо дигар махфӣ монданд. Худи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин соли 1995 ташкил шуда буд. Дар аввал як номи муайян ҳам надошт. Як идеяро дар Афғонистон қабул карда буданд, ки на ҳама онро сарфаҳм мерафт ва роҳбарияти устод Нуриро дар аввал на ҳам қабул дошт. Қумондонҳо бо нафарони сиёсӣ алоқаи хос доштанд.”
"УСТОД ҲАМ ШИФОҲӢ ВАЪДА МЕДОД..."
Озодӣ: Яъне ҳар қумондон як навъ раҳбари худашро дошту ҳама ба як нафар итоат карданӣ набуданд?
Ҷалолиддини Маҳмуд: “Дар ибтидо ҳамин тавр буд. Кумиссюни назорат бар оташбас соли 1994 ташкил шуд. Чун ин намуд мушкилоту музокироту тақсимоти қудрат миёни ҳукумату мухолифин дар ҷаҳон зиёд иттифоқ афтодааст ва қумондонҳо ҳам ба воситаи расонаҳои хориҷӣ, хусусан радиоҳои “Озодӣ”-ву “Би-би-сӣ” бо оламиён робита пайдо карда буданд. Ҳамеша ҳукуматҳое, ки ғолиб омадаанд , гурӯҳҳоро оҳиста-оҳиста бо ҳар навъ аз байн бурданд. Яъне қумондонҳо аз пеш омадани чунин сарнавишт ҳарос доштанд, зеро кафолатҳои мегирифтаашон шифоҳӣ буд, на хаттиву расмӣ. Як замонати комил надоштанд. Баъзе аз онҳо ба ин сулҳ бовар надоштанд. Устод ҳам даҳонӣ ваъда медод, ки Худо хоҳад ҳамааш ба хубӣ анҷом меёбад. Баъдтар маълум шуд, ки ин нигарониҳо ва нофаҳмиданҳо дар асл ҳам ҷой доштаанд ва тасдиқи худро ҳам ёфтанд. Баъзе қабулкардаҳо қурбон шуданд. Қабулнокардаҳо ҳам аз байн рафтанд. Яъне, он нигарониҳое, ки ин созишҳо баъд аз муддате пароканда мешавад, тасдиқи худашро ёфт. Мо гурӯҳи Тамос ва гурӯҳи кишварҳои кафили иҷрои созишномаҳоро низ доштем. Бо омадани Кумиссюни оштии миллӣ онҳо аз байн рафтанд. Аммо чун мушкилот пеш меомад, намедонистӣ, ки ба кӣ муроҷиат кунӣ. На тарафи ҳукумат, на тарафи мухолифин онҳоро (қумондонҳо) натавонистанд қонеъ кунанд, ки оқибати кор чӣ мешавад. Ахбор даҳон ба даҳон мерасид. То ба як қумондон расидани як амр он сад бор тағйир меёфт.”
МУХОЛИФИН НИЯТИ ГИРИФТАНИ ҲУКУМАТРО НАДОШТАНД?
Озодӣ: Созишномаи сулҳ дар ҳоле ба имзо расид, ки мухолифин шарқи кишварро комилан зери итоати худ гирифта буданд. Дар Суғду Ҳисор ҳам тазоҳуроти эътирозӣ нисбат ба ҳукумати марказӣ сурат мегирифт. Дар худи шаҳри Душанбе низ мухолифин қувваи худро дошт. Пас, чаро ба як чунин созиш мухолифин ризоият доданд?
Ҷалолиддини Маҳмуд: “Аз ҳамон даме ки мухолифатҳову тазоҳурот дар майдонҳо шурӯъ шуд ва ниҳоят задухӯрди мусаллаҳона оғоз ёфт, роҳбарияти мухолифин нияти гирифтани ҳукуматро надошт. Дар аввал ин эътирозҳо алайҳи ҳукумати Қаҳҳор Маҳкамову Раҳмон Набиев буруз карда буд. То ба имрӯз роҳбарияти мухолифин бар ин ақида аст, ки ҷанги дохилӣ таҳмилӣ буд. Мо ҷанг кардан ва ҳукуматро гирифтан намехостем. Ба мо онро таҳмил карданд ва ҳамеша вазифаи мо дифоъ кардани худамон буд. Дар Афғонистон ҳам устоди марҳум мегуфтанд, ки ягона ҳадафи ман бозгашт ба Ватан аст. На мақсади раҳбар шудан дорам ва на мақсади ҳукумат гирифтан. Дар ҳар шароите, ки моро ба Ватан баргардонанд, мо розием. Рӯзҳои охир, вақте ки дар Маскав Созишнома ба имзо мерасид, хати пеши нерӯҳои ҷангии мухолифин дар фурудгоҳи кӯҳна буду дар Роҳи оҳану «сеюм база» задухӯрдҳо мерафт, ки ин хабарҳо, албатта, ба Маскав мерасиданд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, устод ҳамеша таъкид мекард, ки барои ман ҳукумат даркор нест. Мақсад ба ватан ва хонаву дар баргардонидани муҳоҷирине аст, ки ба хотири мо ҳиҷрат кардаанд. Чанд фоиз ва ё кадом вазифаҳоро медиҳанд, муҳим нест. Муҳим пеши роҳи хунрезиҳоро гирифтан аст. Мақсад идома додани мубориза набуд.”
Озодӣ: Фикр намекунед, ки мухолифин чандон дар майдони сиёсат обутоб наёфта буданд ва намедонистанд, ки оянда чӣ мешавад?
Ҷалодиддини Маҳмуд: “Не, баръакс медонистанд. Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ҳарчанд дар сафи худ зиёиёну рӯшанфикрон низ дошт, аммо роҳбарият аслан афроди мазҳабӣ буданд. Онҳо медонистанд, ки ҷаҳони онрӯза омода барои қабули гурӯҳҳои мазҳабӣ дар сатҳи ҳукумат нест. Роҳбарияти мухолифин мегуфтанд, ки ин ҳама муборизаҳои мо то ба даст овардани сулҳ идома хоҳад ёфт.”
ТӮРАҶОНЗОДА МАВҚЕИ ДИГАР ДОШТ...
Озодӣ: Вақте тавофуқ шуд барои бозгашти роҳбарияти мухолифин аз хориҷи кишвар, чаро роҳбарони сатҳи аввал Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода баробар наомаданд?
Ҷалолиддини Маҳмуд: “Агар аҳамият дода бошед, дар худи музокираҳо ҳам мавқеи устод Тӯраҷонзода як зарра дигар буд. Вақте дар бораи афв миёни тарафҳо музокира шурӯъ шуд ва гӯиё, ки ба як
натиҷа расиданд, устод Тӯраҷонзода мегуфт, ки «ман ҷавоби қонеъкунанда нагирифтам аз ҳукумат. Онҳо метавонанд, ҳамаи моро зери он моддаҳои ҷиноӣ биоваранд. Дар ҳоле ки ду тарафи ҷанг аст ва аз ду тараф сулҳ мешавад, пас, барои чӣ бахшиш яктарафа мешавад. Мо тарафи ҳукуматро на дар кадом сатҳ, балки комилан бахшидем ва мо нагуфтем, ки моддаҳое дорем, ки ин нафаронро намебахшем. Пас, бояд тарафи дигар ҳам чунин кунад». Устод Тӯраҷонзода ба тақсими сифоизаи ҳукумат низ бовар надошт ва мегуфт, ҳоло механизми ташкил ва иҷрои он тартиб дода нашудааст. Ваъда шуда буд, ки механизми онро Кумиссюни оштии миллӣ рӯшан мекунад. Ҳочӣ Акбар Тӯраҷонзода мегуфт, ки то ин Комиссия (КОМ) корро шурӯъ мекунаду мустақар мешавад, умри ҳукумати сифоизаи мо, ки ҳамагӣ як солу нӯҳ моҳ - ду сол аст, ба охир мерасад. Фурсат тамом мешавад. Мегуфт, ки биёед ин тақсимотро дар хориҷи кишвар ва қабл аз ворид шудан ба ватан анҷом диҳем. Яъне, ҳамин гуна нигарониҳо дошт устод Тӯраҷонзода.”
МУХОЛИФАТИ ҲУКУМАТ РАСМӢ НАБУД
Озодӣ: Ба ҳар сурат зери Созишнома имзо монданд, аммо чаро ин ду нафар ҳамроҳ бо як тайёра барнагаштанд? Мегӯянд, ки ҳукумат махсус ташкил кард, ки ҷаноби Нурӣ бидуни ҷаноби Тӯраҷонзода вориди Душанбе шавад...
Ҷалолиддини Маҳмуд: “Дуруст, аммо устод Тӯраҷонзода узви Кумиссюни оштии миллӣ набуд. Дар аввал Кумиссюни оштии миллӣ бояд меомад. Чунин фикрҳо ҳам буданд, ки роҳбари кумиссюн устод Нурӣ набошад, устод Тӯраҷонзода ё ягон нафари дигар бошад. Дар марҳилаи аввал устод Тӯраҷонзода мегуфт, ки чун Созишномаи сулҳро имзо ва дар ҳар ҳамон шакл бовар кардед, биравед, ман ҳоло ба ин бовар надорам.”
Озодӣ: Яъне ин тасмими шахсӣ буд ва ҳукумат мухолифат ба бозгашти эшонро надошт?
Ҷалолиддини Маҳмуд: “Ҳукумат мухолифат дошт. Аммо мухолифат, мухолифати расмӣ набуд, чун расмӣ чизе гуфта намешуд. Аммо устод Тӯраҷонзода худаш шахсан омадан намехост, чунки нобовариҳо дошт. Агар мухолифат мекард, ҳамин Кумиссюни оштии миллӣ ҳам омада наметавонист. Мегуфт, ки ман ҳоло инҷо хоҳам монд, то шароит ва баъзе чизҳоро биомӯзам ва баъд меравам. Аммо тавре вонамуд карданӣ шуданд, ки ӯ ба сулҳ розӣ нест, як нафари ҷангҷӯ аст, ки дигар дертар ҳам бошад, омад.”
ИХТИЛОФИ МИЁНИ ТӮРАҶОНЗОДА ВА НУРӢ БАР САРИ ЧӢ БУД?
Озодӣ: Аслан ихтилофи миёни ҷанобон -- Нурӣ ва Тӯраҷонзода буд, бар сари чӣ буд ва оё он нигарониҳое, ки ҷаноби Тӯраҷонзода дошт, баъдан собит шуд ё хайр?
Ҷалолиддини Маҳмуд: “Ихтилоф миёни ин ду нафар назарӣ буд. Барои мисол устод Нурӣ ба устод Тӯраҷонзода мегуфт, ки биё, вуҷуди физикии ту дар Тоҷикистон муҳим аст, биё, ҳамроҳи мо, канор нагир. Он нафароне, ки роҳбариашонро ба ӯҳда дорӣ намефаҳманд, миёни онҳо нофаҳмиҳо рух медиҳад, ҷаҳониён ҳайрон мешаванд, биё, ҳадди ақал дар хонаи худат нишин. Бо он ҳама норозигиҳое, ки дошт устод Тӯраҷонзода омад. Бо назардошти мушкилоте, ки баъдан болои иҷрои Созишномаи сулҳ, ҷонибдорони як тарафи сулҳ омад, дигар инкор ҳам карда намешавад, ки он нигарониҳое, ки Тӯраҷонзода дошт, ҷой надошта бошад.”
"ҲУКУМАТ ГУЗАШТҲО КАРД, ВАЛЕ АМАЛАН ИҶРО НАНАМУД"
Озодӣ: Яъне ба ҳар сурат Тӯраҷонзода ояндаро хубтар дарк карда буд ва медонист, ки дар ояндаҳо бо чи мушкилоте мухолифин мувоҷеҳ хоҳанд шуд?
Ҷалолиддини Маҳмуд: “Аслан устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ як шахси хушбин (оптимист) буданд. Устодон Ҳимматзодаву Тӯраҷонзода оптимист набуданд. Бо гузашти 14 сол аз замони имзои Созишномаи сулҳ ҳанӯз ҳам баъзе ҷузъиёту баъзе пӯшидагиҳои он баъди 40-50 сол ва бо омадани дигар ҳукуматҳо ошкор мешавад. Мақсади Тӯраҷонзода идома додани ҷанг набуд. Ҳам ӯ ҳам марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо роҳи сиёсӣ баргаштан мехостанд. Устод Тӯраҷонзода бар ин назар буд, ки баъзе замонат ва имкониятҳоро зиёдтар ба даст овардан мумкин аст, саросема шудан даркор нест. Аслан бигирем, шартгузор ҷониби мухолифин буд. Бори дигар мегӯям, ки то ҷое ман устод Тӯраҷонзодаро мешиносаму эҳтиром мекунам, ӯ аслан хостори идома додани ҷанг набуд. Баръакс, ӯ аз сиёсат бештар огоҳ буд. Дар идораи Қозиёт кор мекард, вакили Шӯрои олӣ буд ва аз ин ҷиҳат аз бозиҳо ва нозукиҳои сиёсӣ бештар хабар дошт. Устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ин нозукиҳоро назариявӣ мефаҳмид, аммо Тӯраҷонзода аз онҳо амалан бохабар буд. Фикр мекунам, ки агар ҷойҳои устодон Тӯраҷонзодаву Нуриро иваз кунем, ӯ ҳам гузашт мекард. Чун нафари аввал ҳамеша гузашт мекунад. Агар ҳадаф сулҳ кардан бошад, ҳатман бояд гузашт кунӣ. Тарафи ҳукумат ҳам гузаштҳои зиёд мекард, аммо он гузаштҳоро амалан иҷро накард. Агар онҳоро анҷом медод, нигарониҳои устод Тӯраҷонзода ҳам аз байн мерафт.”
ДИДОР БО РАИСИҶУМҲУР. ГУФТУГӮ ДАР БОРАИ РИЗВОН
Озодӣ: То ҷое медонем, Шумо дар ҷараёни фаъолияти хеш дар Кумиссюни назорати оташбас чанд навбат бо раисиҷумҳур шахсан мулоқот доштед. Чӣ боис ба баргузории ин мулоқотҳо шуданд?
Ҷалолиддини Маҳмуд: “Бори нахуст банда бо раисиҷумҳур дар соли 1996 мулоқоти як ба як доштам. 9-ум ё 10-уми октябри ҳамон сол овоза паҳн шуд, ки (баъдан тасдиқи худро ёфт) Ризвон вориди Тоҷикистон шудааст. Шоҳидон мегуфтанд, ки Ризвон дар сар тоқиву дар тан ҷомаи тоҷикӣ ҳамроҳи сардори Горди Миллии онвақта Ғаффор Мирзоев (Седой) дар хиёбонҳои шаҳр мегардад. Устод Нурӣ аз чунин ранг гирифтани кор сахт ранҷид, ки аз як тараф бо мо сулҳ карда истодаанду сулҳ ба марҳалаи ниҳоии худаш наздик мешавад, ҳолати имзо кардани он расидааст, аз тарафи дигар ба чунин корҳо даст мезананд. Чун он вақт Ризвон ба душмани сарсахт ва ашаддии роҳбарияти мухолифин табдил шуда буд. Аз ин ҷиҳат устод Нурӣ худро аз музокирот ва мулоқот қафо кашид. Сипас, задухӯрдҳо дар ҷабҳаҳо шиддат гирифт ва Кумиссюни назорати оташбас натавонист, ки оташбасро таъмин кунад. Зеро қумондонҳо, вақте ба ҳарфи мо гӯш мекаранд, ки аз боло ишора мешуд. Ҳар сафаре, ки мо ба манотиқи таҳти контроли фармондеҳон анҷом медодем, пешопеш аз Теҳрон ё аз Толиқон таъкид мекарданд, ки Кумиссюн меояд ва онро эҳтиром кунед, ки хостаҳояшон сиёсӣ ва қонунӣ ҳастанд. Мо ризо ҳастем, Шумо низ қабул кунед. Баъд моро ба хушӣ қабул мекарданд. Агар чунин супоришҳо аз боло (Теҳрону Толиқон) намешуд, кори мо чандон пеш намерафт. Ҳамин тавр, устоди шодравон дилмонда шуд ва ӯро ҳеҷ пайдо накарданд, на бо мухобира ва на бо ягон намуд алоқаи дигар. Аз ҷумла намояндаи СММ ва русҳо ҳам ӯро наёфтанд. Амирқул Азимов, ки дабири Шӯрои амният ва нозири фаъолияти Кумиссюни назорати оташбас буд, назди ман омада гуфт, ки раисҷумҳур мехоҳад мулоқот кунад. Онҳо бо ин умед пеши ман омаданд, ки шояд ман бидонам, устод дар куҷо аст. Дар сӯҳбатҳои ману раисҷумҳур ҳам фақат ҳамин масъала матраҳ буд, ки ман ҳар кореро, ки метавонам, анҷом диҳам, то устодро биёбам ва ба ӯ бирасонам, ки раисҷумҳур хостори мулоқот бо ӯст. Бо вуҷуди он ки ман низ дар воқеъ намедонистам, ӯ дар куҷост. Ҳатто паспорт ҳам надоштам. Бароям ҳама васоили сафарро омода ва хоҳиш карданд, то устодро бикобаму биёбам. Эрон рав гуфтанд. Мо ҳам дар Теҳрон бо азобҳои зиёде устодро ёфтему паёми раисиҷумҳурро расонидем. Аз ин беш ман ҳеҷ сӯҳбате ҳам надоштаму ҳеҷ миссияи дигар ҳам. Ин мулоқот дар қасри раисиҷумҳур бо талоши Амирқул Азимов сурат гирифт. Баъдан дар Маскав. Зимистон буд, ки он ҷо аз ҳарду ҷониб ҳам Муҳаммадсайид Убайдуллоеву Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ба унвони раҳбари гурӯҳҳои музокиракунанда ширкат доштанд ва ҳам ва раисиҷумҳуру устоди марҳум. Боз ҳам як чунин сӯитафоҳумҳо пеш омаданд ва чунин вазъият пеш омад, ки ҷониби мухолифин музокиротро тарк мекунад. Шукурҷон Зуҳуров хоҳиш кард, ки паёми раисиҷумҳурро ба устод бирасонам. Раисиҷумҳур ҳам дар як сӯҳбати кӯтоҳе, ки бо ман анҷом дод гуфт, мо набояд аз ин нишаст бо дасти холӣ баргардем.”
Озодӣ: Устод Нурӣ чӣ хел қабул карданд, ки Шумо миёнаравӣ мекунед?
Ҷамолиддини Маҳмуд: “Устоди марҳум аз ин хушаш наомад. Аммо маҷбур будам, чун дар меҳмонӣ ва зери назорати ҳукумат қарор доштам. Як навъ таҳдид ҳам шуд аз ҷониби ҷаноби Азимов, ки чи хел мешавад ин хоҳишро рад кард, чун Шумо дар меҳмонхона ва таҳти назорати амнияти ҳукумат ҳастед ва раисиҷумҳур аз ман хоҳиш кард, ки бо кӯмаки Шумо бо Нурӣ мулоқот анҷом диҳад, чӣ гуна не мегӯед. Яъне, ин як навъ ишора ба таҳдид буд. Гуфтам устод мебахшед, аммо илоҷи дигар набуд ва мехоҳанд ҳамон мулоқоти қатъшударо аз нав барқарор кунанд. Устод гуфт ҳама азхудгузариҳо аз ҷониби мо сурат гирифта истодааст ва ҳамеша талоши вохӯрӣ карданро мо мекардем, ки аз ин корҳои мо ба истилоҳи тоҷикӣ ҷониби ҳукумат дигар маст шуду аз худ рафт. Омадани худат гувоҳи он аст, ки ниҳоят онҳо ин дафъа мехоҳанд мулоқот барпо шавад.”
Озодӣ: Вақте бо раисҷумҳур сӯҳбат доштед, эҳсос мекардед, ки ӯ мулоқотро ҷиддан мехоҳад?
Ҷалолиддини Маҳмуд: “Фикр мекунам, ки ҷиддан мехост. Чун ҳатто ба ман вохӯрӣ кардан хост ва ниҳоят ин ҳама сӯҳбатҳо анҷом ёфтанд. Вақте дар вохӯрӣ бо ман эҳтиёҷ дошта бошанд, пас, маълум аст, ки ҷиддан мехоҳанд ин вохӯрӣ сурат бигирад, аммо таҳи ин хостаҳо чӣ нуҳуфтааст, ман аз онҳо хабардор набудам.”
НУРӢ МЕГУФТ, “ҶАНГИ МАН БАРОИ СУЛҲ АСТ”
Озодӣ: Мегӯянд, ки дар масъалаи интихоби раиси КОМ низ баҳсҳои зиёде ба вуҷуд омада буд. Гӯиё ҷониби давлат ҳам намехост, ки Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода роҳбари он бошад ва аз ҷаноби Нурӣ ҷонибдорӣ мекард. Барои чӣ?
Ҷалолиддини Маҳмуд: “Гуфта наметавонам, ки ҳукумат дар ин бора як чизи ошкор ба касе гуфта бошад, ки раҳбар устод Нурӣ бошанд, на устод Тӯраҷонзода. Агар чунин сӯҳбатҳо шуда бошанд ҳам на расмӣ, балки маҳрамона анҷом ёфтаанд. Аслан чунин савол ҳам матраҳ набуд, ки устод Тӯраҷонзода раиси КОМ баргузида шаванд. Аммо мегуфтанд, ки Сайид Абдуллоҳи Нурӣ як нафари мазҳабӣ аст ва мақоми болотар аз раиси Кумиссюни оштии миллӣ дошта бошаду аз худаш поён касе дошта бошад, ки ӯ раиси ин кумиссюн шавад. Дар сурате, ки раиси Кумиссюни оштии миллӣ бо мушкилу камбудҳо мувоҷеҳ шавад, устод битавонад, ки онҳоро аз байн бибарад. Вале агар худаш ба ин мақом ояд, дигар аз он ниҳоди болое нест, ки дар сурати пеш омадани камбудиҳо битавонад бартараф кунад. Ҳукумат ҳам албатта инро мехост, ки устод Нурӣ раҳбар бошад чун ӯ як шахси нармтабиат буд ва зиёд гузашт мекард. Чун ӯ аз аввал эълон карда буд, ки ҷанги ман барои сулҳ аст, на барои гирифтани ҳокимият.
МАРҲУМ ҲУМДИН ШАРИФОВ УЗР ХОСТ...
Озодӣ: Оё дар давоми фаъолият дар Кумиссюни назорати оташбас, ки хеле давраи мураккаб буд аз тарафи фармондеҳон таҳдид мешудед?
Ҷалолиддини Маҳмуд: “Бале, ин гуна ҳодисаҳо хеле зиёд сурат гирифта буданд. Дар Теппаи самарқандӣ қумондонҳо Раҳмону Мансур фармоннораво шуда буданд. Онҳо нафарони сиёсӣ набуданд ва намефаҳмиданд. Нафарони эҳсосӣ буданд. Як бор мо рафтем ба назди онҳо, то ки насиҳат кунем. Вақте расидем, шоҳиди амалиёти густардаи нерӯҳои ҳукуматӣ бар зидди онҳо шудем (алайҳи Мансуру Раҳмон). Мо аз ин огоҳӣ надоштем. Дар пости аввали зери назорати нерӯҳои ҳукуматӣ боздошт карданд. Чун риш доштем, мавриди шубҳа қарор гирифтем. Хулоса, моро ҳамроҳи Юсуф Ҳакимов ҷудо карданд ва ошкоро гуфтанд, ки мошинро дигар тарафи теппа бареду тарконед, пас ба мо ишора карда ин ду нафарро дар дигар тараф парронед. Он вақт муайян карда намешуд, ки онҳо аз вазорати дифоъ ё корҳои дохила буданд, чунки амалиёт муштарак сурат мегирифт. Ронандаро ба дигар самту моро ба самти дигар бурданд. Ягон ҳарфи зиёдатӣ ҳам намегуфтанд, ҷайбҳоро ҳам накофтанд. Моро дар болои БТР бурданд ба тарафи Роҳативу ба дасти дигар нафарон супориданд. Аз он ҷо ҳамроҳи маҷрӯҳон ба автобус шинонида ба Душанбе гусел карданд. Моро ин ҷо УВД-и шаҳр оварданд. Ба ошёнаи сеюм бароварданду баъд гуфтанд, ки шом Шуморо бурда дар Қӯрғонтеппа мепарронем. Ронандаи моро он ҷо як нафар милиса, ки ҳамсояаш будааст, мешиносаду ба оилааш хабар мекунад. Оилаи ӯ рафта ба дафтари СММ муроҷиат мекунад. Чунки ӯ ронандаи онҳо буд. СММ ба ВКД муроҷиат мекунад, ки кӣ ин амалиётро гузаронида истодааст. Маълум шуд, ки ин амалиётро УВД-и шаҳри Душанбе доир кардааст. Давоми ин се-чор соате, ки интизори шом ва бурдани худ ба қатлгоҳ будем, пайдоямон карданд. Хулласи калом ёфтанду халос карданд ва бурданд назди вазири ВКД Ҳумддин Шарифов. Ӯ маъзарат хосту гуфт, бифаҳмед, ки ин як ҳолати ҷангӣ аст.”
ҚУМОНДОНҲОИ “ГИЗАЛА”
Озодӣ: Шумо бо қумондонҳои ҳарду тараф сӯҳбатҳо меоростед. Кадоме аз он қумондонҳо бештар саркашу ба қавле “гизала” буданд?
Ҷалолиддини Маҳмуд: “Дар самти поён ҳамин Раҳмону Мансур буданд, ки миёни мо ҳеҷ ҳамдигарфаҳмӣ ба амал намеомад. Дар боло бошад, бо ягон нафар аз қумондонҳои мухолифин мушкил надоштем. Як навбат Раҳмону Мансур мошини моро зада шикастанду ҳамроҳони моро гаравгон гирифтанд ва мо рафта хостаҳои онҳоро ба ҳукумат расонидему бароварда кардем. Сипас, бо мошини дигар рафта гаравгонҳоро аз онҳо бозпас гирифтем.”
РИЗВОН НОФАРМОНӢ КАРДУ...
Озодӣ: Қумондонҳо ҳама аз як фармондеҳ итоат мекарданд ва ё ҳар нафари онҳо аз минтақаи худ дифоъ мекарданду касеро гӯш намекарданд?
Ҷалолиддини Маҳмуд: “Як чунин таҷриба ҳам ба кор гирифта шуда ҳамаи нерӯҳоро зери назорати Ризвон супорида буданд. Ризвон аз худ рафту мухолифат ва нофармонӣ кард ва дарди сар шуд. Пас аз ин устод чунин тасмим гирифт, ки ҳар фармондеҳ дар алоҳидагӣ бо ӯ ҳамсӯҳбат шаванд, на ба воситаи якдигар. Вақте Мирзохӯҷа Низомро мехостанд, фармондеҳи кулли минтақа эълон кунанд, устод аз ин ранҷид, ки ӯ ҳам шояд ба як Ризвони дигар табдил шавад. Устод дастур дод, ки Муҳаммадрӯзӣ, Шайх ё Мирзохӯҷа Низом ҳар кадоме мустақим ба ӯ муроҷиат кунанд. Ҳарчанд онҳо нисбат ба ҳамдигар эҳтиром доштанд, аммо расман якдигарро итоат намекарданд.”
ҲНИТ ВОРИСИ ИТТИҲОДИ НЕРӮҲОИ МУХОЛИФИН НЕСТ
Озодӣ: Аз имзои созишномаи сулҳ 14 сол гузашт. Ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ он таҳлил мешавад, вале назарҳо якранг нестанд. Оё фикр мекунед, ки воқеан мухолифин фиреб хӯрданд?
Ҷалолиддиини Маҳмуд: “Аввал ин ки ҳоло Иттиҳоди мухолифин аз байн рафтааст. Дуюм ин ки гурӯҳи Тамос ва гурӯҳи кишварҳои кафили сулҳ аз байн рафтанд. Онҳо кафолат дода буданд, ки дар сурати иҷро накардани шартҳо аз тарафи ҳукумат мо кафил хоҳем буд. Мо ҷавоб мегӯем гуфтанду дигар аз онҳо ному нишон боқӣ намондааст. Ҳозир агар як нафар аз собиқ мухолифин бо як мушкилии кӯчак гирифтор шавад, намедонад, ки ба кӣ муроҷиат кунад. Он нафарон куҷо шуданд, ки даъво мекарданд, агар ба сари ту мушкилӣ ояд мо ҷавоб мегӯем. Иттиҳод пароканда шуд, дигар ҳар нафар чӣ коре, ки хост, дар танҳоӣ анҷом дод. Дигар нафаре пайдо нест, ки ин ҳамаро зери итоати худ дарорад. Ҳозир ҳукумат ҳам дигар ба фиреб кардан ҳеҷ ниёзе надорад. Бо роҳи зӯрӣ, бидуни фиреб ҳар нафареро, ки хост мегирад, маҳкам мекунад. Ҳоло дигар вориси Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсион расман ҲНИТ ҳам нест. Агар як нафар болои сараш мушкилӣ ояд, пеши кӣ равад? Пеши Ҳизби демократ, пеши ҲНИТ, «Лаъли Бадахшон”-у “Растохез”? Пеши кӣ биравад?”
Озодӣ: Дигар тавозуни сиёсӣ ҳам риоя намешавад?
Ҷалолиддини Маҳмуд: “Бале, як вақт тавозун буд. ИНОТ онро ҳифз карда натавонист, он аз байн рафт. Ҳозир оппозитсия оппозитсияи пешина нест. Дигарон пайдо шудаанд, шояд ягон нафар аз мухолифони собиқ ҳам ҳамроҳашон бошад. На пешинаҳо мехоҳанд онҳоро роҳбарӣ кунанд ва на ҳозираҳо мехоҳанд, ки аз пешинаҳо ягон нафарро роҳбар бидонанд.”
АЗ СУЛҲ МИЛЛАТ БУРД КАРД, ВАЛЕ...
Озодӣ: Манзурам ин буд, ки ин сулҳсозиҳо бо гурӯҳи ҳоким ба ҳамин натиҷа овард, ки дигар гурӯҳи ҳоким ҳокимияти мутлақ дорад, ҳеҷ нерӯи дигарро писанд намекунад ва ин натиҷаи ҳамон сулҳ аст?
Ҷалолиддиини Маҳмуд: “Агар гурӯҳи ҳоким мудирияту таҷрибаи хуб медошт, мебоист сулҳи пешинаро мӯҳтарам медонист. Барои чӣ? Барои он ки шояд гурӯҳҳое пайдо шаванд ва боз нафари дигар ин ҷо лозим меояд, ки миёни онҳо сулҳ кунад. Яъне, дигар гурӯҳи нав мегӯяд, ки мо ба сулҳи ҷониби ҳукумат дигар бовар намекунем, чунки дидем натиҷааш ба чӣ анҷомид. Акнун тоза, вақте қонуни афвро қабул карданд, ба ин натиҷа расиданд, ки гурӯҳҳову афроди ҳамроҳ бо Маҳмуд Худойбердиев дар ҳаводиси водии Ҳисору Хуҷанд ширкатдошта ҳам шомили афв шаванд. Дигар тоза эҳсос карданд, ки намешавад ҳамеша бо роҳи зӯриву саркӯбӣ ба ҳадаф расид ва амниятро таъмин кард. Маҷбур шуданд. Аз сулҳ дар маҷмӯъ миллати тоҷик бурд кард, аммо аз он истифодаи хуб карда натавонист. Сулҳро ҳамчун муқаддасот натавонистанд ба ҷаҳониён муаррифӣ кунанд, ки ҳар кӣ сулҳ мекунад чунин натиҷаҳо ва фоидаҳоро ба даст меорад. Баръакс, ба ҷаҳониён чунин муаррифӣ карданд, ки ҳарки сулҳ мекунад чунин зарарҳоро ба даст меорад.”
Аз солҳои 80-ум бо ҳаракатҳои исломӣ пайваст мешавад ва дар ҳалқаҳои динии он солҳо донишҳои исломии худро такмил медиҳад. Фаъолияти кории худро дар “Таджиклифтремонт” ба ҳайси корманди техникӣ шурӯъ карда, баъдан дар Омӯзишгоҳи савдои шаҳри Душанбе ба ҳайси муаллим идома медиҳад.
Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Маскав паноҳанда мешавад ва сипас аз тарафи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин масъулияти раёсати Комиссияи назорати оташбасро ба ӯҳда мегирад. То чанд муддат раёсати бахши минтақаии ҲНИТ дар навоҳии тобеи марказро дар ихтиёраш мегузоранд. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.
То ба имрӯз роҳбарияти мухолифин бар ин ақида аст, ки ҷанги дохилӣ таҳмилӣ буд. Мо ҷанг кардан ва ҳукуматро гирифтан намехостем. Ба мо онро таҳмил карданд ва ҳамеша вазифаи мо дифоъ кардани худамон буд...

Дар бораи Ҷалолиддини Маҳмуд
Ҷалолиддини Маҳмуд, узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва собиқ раиси Комиссияи назорати оташбас аз ҷониби мухолифин дар солҳои ҷанги дохилӣ. Дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. 51 сол дорад. Шӯъбаи иқтисоду савдои Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар соли 1988 хатм кардааст. Хидмати сарбозии даврони Шӯравиро дар Муғулистон анҷом додааст.Аз солҳои 80-ум бо ҳаракатҳои исломӣ пайваст мешавад ва дар ҳалқаҳои динии он солҳо донишҳои исломии худро такмил медиҳад. Фаъолияти кории худро дар “Таджиклифтремонт” ба ҳайси корманди техникӣ шурӯъ карда, баъдан дар Омӯзишгоҳи савдои шаҳри Душанбе ба ҳайси муаллим идома медиҳад.