Боздошти як зани тоҷик барои латукӯби писари даҳсолааш

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти интизомии Тоҷикистон як модарро дастгир кардаанд, ки бо бадрафториву бераҳмӣ нисбат ба фарзандаш хашми корбарони шабакаҳои иҷтимоиро барангехт.

Раёсати умури дохилӣ дар вилояти Хатлон рӯзи 23-юми октябр гуфт, Дилором Ҳакимова, сокини Хуросон, писари 10-солаашро дар пеши чашми мардум задааст ва тафтиши рафтори ӯ идома дорад.

Навори гиряи писари даҳсола бо бинии хунолуд рӯзи 21-уми октябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Баъзе аз шарҳнависон модари 35-соларо сахт танқид карда, аз мақомот хостанд, ӯро ҷазо бидиҳанд.

Раёсати умури дохилии Хатлон дар баёнияаш дар Фейсбук гуфтааст, “вобаста ба ҳолати мазкур маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад.”

Маълум нест, ки нисбат ба модари писари осебдида парванда боз кардаанд ё не.

Дар Тоҷикистон барои латукӯби сахт ва осеб задан ба сиҳатии кӯдак вобаста аз сахтии ҷиноят аз ҷарима то 2 сол зиндон ҷазо таъйин шудааст.