ВКД: Марде бо ваъдаи сафар ба Саудӣ беш аз 40 касро фиреб дод

Акс аз бойгонӣ.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз боздошти марде хабар дод, ки бо ваъдаи фиристодан ба Арабистони Саудӣ, аз 42 нафар пул гирифтааст.

Мақомот гуфтанд, ин сокини 38-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қаблан бо ҷурми "қаллобӣ" суд шуда, барои "мардумфиребӣ" дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт.

Ба иттилои манбаъ, Парвиз Бахиров бо роҳи фиреб аз ин 42 нафар маблағҳои гуногун гирифта, барои сафар намудан ба Арабистони Саудӣ ба онҳо чиптаҳои қалбакӣ омода кардааст.

Ҷузъиёти дигари қазия гуфта нашудааст. Мақомот нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтишот идома дорад.

Назари Бахиров ба ин иттиҳом маълум нест.

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон афродро барои фиреби додани талабгорони ҳаҷ, боздошт мекунанд.