Боздошти як шаҳрванди Узбекистон дар робита ба куштори генерали рус

Маҳалли ҳодиса

Мақомоти Русия рӯзи 18-уми декабр гуфтанд, ки дар робита ба куштори генерал Игор Кириллов, фармондеҳи нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии ин кишвар, як шаҳрванди 29-солаи Узбекистонро дастгир карданд. Ба вай ҳабси якумрӣ таҳдид мекунад.

Кириллов рӯзи 17-уми ноябр дар назди хонааш, ҳафт километр дуртар аз Кремл, кушта шуд.

Касе ё гурӯҳе масъулияти кушторро расман бар дӯш нагирифтааст. Як манбаъ дар Хадамоти амнияти Украина (СБУ) ба Радиои Озодӣ гуфт, ки таркиш натиҷаи амалиёти махсуси онҳост.

Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) иддао дорад, ки Украина ба шаҳрванди боздоштшудаи Узбекистон дар ивази куштани генерал Игор Кириллов 100 ҳазор доллар ва зиндагӣ дар як кишвари аврупоиро ваъда додааст.

"Гумонбар бо дастури Украина ба Маскав омада, як таҷҳизоти таркандаи худсохтро дар скутер гузошт ва дар назди даромадгоҳи хонаи генерал Игор Кириллов монд. Афсарони хадамоти махсуси Украина, ки дар ташкили ҳамлаи террористӣ даст доштанд, пайдо хоҳанд шуд ва ҷазои сазовор хоҳанд гирифт", – гуфта шудааст дар изҳороти ФСБ.

Игор Кириллов

Қатли Кириллови 54-сола як рӯз баъди он рух дод, ки Додситонии Украина ӯро ба истифода аз силоҳи кимиёӣ алайҳи нерӯҳои украинӣ муттаҳам кард.

Хадамоти амнияти Украина гуфт, нерӯҳои Русия дар ҷараёни ҷанги тақрибан сесола дар Украина таҳти раҳбарии Кириллов қариб 5000 бор аз силоҳи кимиёӣ истифода кардаанд. Ин иддаоро мустақилона тасдиқ кардан ғайриимкон аст.

Игор Кириллов хатмкардаи Мактаби олии фармондеҳии низомии Кострома буда, аз соли 2017 раҳбарии Нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русия бар дӯш дошт.