Боздошти як шаҳрванди Узбекистон дар Кореяи Ҷанубӣ

Саида Мирзиёева ва Комил Алламҷонов

Мақомоти Кореяи Ҷанубӣ шаҳрванди Узбекистон Ҷавлон Юнусовро бо гумони даст доштан дар суиқасд ба ҷони Комил Алламҷонов, шахси наздики Саида Мирзиёева, духтари президент Шавкат Мирзиёев, дастгир кардаанд.

Дар ин бора манобеи мустақил дар Кореяи Ҷанубӣ ва Узбекистон рӯзи 14-уми ноябр ба бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар доданд.

Намояндаи сафорати Узбекистон дар Сеул боздошти Ҷавлон Юнусовро тасдиқ кард, аммо ҷузъиёт надод.

Пештар “Интерпол” (пулиси байнулмилалӣ) ба мақомоти интизомии саросари ҷаҳон дархост фиристода буд, ки Юнусови 36-соларо пайдо ва боздошт кунанд.

Комил Алламҷонов, сардори пешини Оҷонси иттилоот ва иртибототи Узбекистон , шаби 26-уми октябр дар шаҳри Тошканд ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Чизе, ки мақомоти Узбекистон ҳамчун суиқасд таҳқиқ мекунанд.

Пулис гуфт, ки чанд тир ба мошини “Range Rover” задааст. Алламҷонови 40-сола ва ронандааш наҷот ёфтанд.

Тирборон кардани мошинҳо дар шаҳри Тошканд маъмул нест, чи расад ба худрави як сиёсатмадори маъруф. Ҳоло суол ин аст, ки дар паси ҳамла кӣ истодааст? Ва ин рухдод барои режими Узбекистон, ки аз сӯйи хонаводаи Мирзиёев идора мешавад, чӣ маъно дорад?

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Мирзиёева, Алламҷонов, Умаров. Талош барои қудрат дар Узбекистон?