Боздошти як мард, ки ҳамсар ва фарзандашро ба талбандагӣ водор мекард

Бинои милиса ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздшоти марде хабар дод, ки ба қавли ин ниҳод, бо вуҷуди доро будан, ҳамсар ва фарзандони ноболиғашро ба талбандагӣ водор мекардааст.  

Ин ниҳод бо пахши наворе гуфт, Тутихон Раҳимова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғаффоров бо фарзандони ноболиғаш дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ба талбандагӣ машғул шуда, шавҳараш Муродҷон Ғафуров ба чунин амал мусоидат карда, ҳамарӯза онҳо бо мошин оварда, бозпас мебурдааст.

Ба иттилои манбаъ, санҷиш маълум кардааст, ки шавҳари ин зан Муродҷон Ғафуров соҳиби ду манзил ва се адад воситаи нақлиёт буда, ду мошинашро кироя додааст.

Вай дар наворе, ки 23-юми октябр дар нтернет нашр шуд, мегӯяд, ки дигар даст ба чунин амал нахоҳанд зад.

Назари ӯ ва дар чӣ шароит сабти навори суҳбатҳояш маълум нест.