Боздошти як мард, ки ду нобиноро фиреб дода буд

Пулиси вилояти Суғд аз боздошти як мард хабар дод, ки бо роҳи фиреб аз ду марди нобино мошинашонро гирифта буд.

Соли 2021 Умед Камолов, сокини ноҳияи Восеъ, мошини Хуршед ва Валиҷонро бо 62 ҳазор сомонӣ харид, вале 56 ҳазорашро надод.

Радиои Озодӣ аз талошҳо зиёди ду ҷавони нобино ва хонаводаашон барои баргардондани маблағ ё мошин давоми ин се сол, ки бенатиҷа буд, гузориш дода буд.

Нозирони минтақавии милитсия дар вилояти Суғд мегӯянд, баъди расонаӣ шудани хабар, Умед Камоловро, ки аввал дар шаҳри Хуҷанд пинҳон шуда, баъдан макони зисташро ба шаҳри Исфара иваз намуд, боздошт карданд.

Ҳоло нисбати Умед Камолов парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад. Додситону пулис қаблан гуфта буданд, ки зидди Умед Камолов парвандаи қаллобӣ боз шудааст ва ӯ зери пайгард қарор дорад.

Дар Тоҷикистон ин бори аввал нест, ки аз оҷизии шахсони нобино сӯистфода карда, онҳоро фиреб медиҳанд.

Моҳи сентябри соли 2023 як ҷавон дар Душанбе бо ваъдаи кумак дар гирифтани маблағ аз банкомат, Аслиддин Ҷалиловро фиреб дода, 3 ҳазор сомонии ӯро рабуд. Ин марди нобино шаш моҳ дар ба дари мақомот гашт, аммо дузд пайдо нашуд. Радиои Озодӣ моҳи марти имсол дар бораи саргузашти Аслиддин Ҷалилов гузориш дод ва бонки “Душанбе сити” маблағи марди нобиноро “ҳамчун хайр” ба ӯ баргардонд.

Тибқи иттилои расмӣ, соли 2023 дар кишвар 4241 дуздӣ ва 107 ғоратгарӣ сабт шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, дуздӣ назар ба соли 2022 камтар, аммо ғоратгарӣ зиёд шудааст.