"Боздошти Таҳмина Самадова воқеаи ҷудогона нест"

Таҳмина Самадова бо ҳамсараш. Митиши, 13-уми январи 2025

Таҳмина Самадова бо ҳамсараш. Митиши, 13-уми январи 2025

Як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон боздошти Таҳмина Самадова, модари ҳафт фарзандро дар Русия танқид кард.

Самадова зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия аст. Ӯро баъд аз дарёфти “хонаи давлатӣ” дар Русия ба қаллобӣ гумонзад медонанд. Мавқеи худаш, наздикон ва ё вакили мудофеъ маълум нест.

Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Ҳолланд, рӯзи 27-уми январ дар эъломияе ин қазияро “як намунаи рӯшани таъқиби доимии ақаллиятҳои миллӣ” дар Русия донист.

Шарофиддин Гадоев, раҳбари созмон, гуфт, “шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо барои мансубияти миллиашон дар Русия бо таҳқир ва таҳдиди доимӣ рӯбарӯ мешаванд.”

“Боздошти Таҳмина Самадова ва фишорҳои минбаъда нисбат ба ӯ танҳо як воқеаи ҷудогона нест, балки як қисми маъракаи густурдаи давлатӣ барои барангехтани нафрати қавмӣ ва парешон кардани диққати мардум аз мушкилоти дохилии Русия мебошад,” – афзуд ӯ.

Ин созмон аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, барои ҳифзи ҳуқуқи зодагони ин кишвар, аз ҷумла Таҳмина Самадова, “чораи фаврӣ ва қатъӣ андешанд”.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тақдими хона ба як оилаи тоҷик дар Русия баҳс барангехт

Таҳмина Самадова, ки бо ҳамсараш Рамазон Раҳимов 17 сол боз дар Русия кору зиндагӣ доранд, рӯзи 24-уми январ бо қарори Кумитаи тафтишотии вилояти Маскав дастгир шуд.

Моҷаро рӯзи 13-уми январ сар зад. Пас аз он ки раиси шаҳри Митиши Юлия Купетская дар Телеграм навишт, ба оилаи серфарзанди Самадова бар асоси Барномаи давлатӣ “шаҳодатномаи хариди манзил” доданд ва он 24 миллион рубл аст.

Ин хабар дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Русия бо вокунишҳои манфӣ дучор шуд. Ҳарчанд ҳукумати Митиши аз Самадова ва хонаводааш ҳимоят кард, раиси Кумитаи тафтишотии Русия, Александр Бастрикин, хоҳони таҳқиқ шуд.

Бархӯрди мақомоти Русия бо зодагони Тоҷикистон дар як соли охир сахттар шудааст. Баъди он ки ба толори “Крокус” дар вилояти Маскав ҳамлаи маргбор сурат гирифт ва бо гумони нақшарезӣ ва иҷрои он асосан шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шуданд.