Иброҳим Аҳмадов ба “қаллобӣ” ва “ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ” муттаҳам аст. Як намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар парвандаи ӯ ба камияш 147 кас ҷабрдида ҳастанд. Мавқеи намояндагони ширкат маълум нест.
"Пулро супурдем, вале дигар хабаре нашуд"
Кароматулло Назаров аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мегӯяд, барои рафтан ба Бритониё ба масъулони ширкати “Даври истиқлол” 18 ҳазор сомонӣ дод, аммо на сафар кард ва на пулашро пас гирифт. Ӯ ният дошт, дар Бритониё кори мавсимӣ кунад ва даромади хуб бигирад.
“Моҳи октябри 2023 дар бораи ширкати “Даври истиқлол” дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон дидем. Гуфта буданд, ки корҷӯёнро дар муддати се моҳ ба Англия мефиристанд. Пулро супурдем, вале дигар хабаре нашуд,” – нақл кард ӯ рӯзи 6-уми май.
Баъзе аз шаҳрвандони дигар, ки худро дар ин қазия ҷабрдида медонанд, дар даст танҳо расид (чек)-и пули супурдаашонро доранд.
“Ҳамаи корафтодаҳо барои рафтан ба Бритониё аз бонк қарз гирифтаанд. Ман ҳам. Хеле зарар дидем. Ҳоло қарзи бонкро бо баҳраҳояш бояд баргардонем,” – гила кард Ҷовид Сафолов аз ноҳияи Ёвон.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи шашуми май ба дафтари “Даври истиқлол” дар Душанбе рафтанд, аммо дари он баста буд. Тамосу кӯшишҳои мо барои маълум кардани мавқеи намояндагони ширкат дар робита ба ин қазия то ин дам натиҷа надод.
Мусоҳибони мо мегӯянд, дар умум ҳудуди 300 нафар аз ширкати “Даври истиқлол” фиреб хӯрдаанд ва мехоҳанд, ки мақомот пеш аз муҳокима ё зиндонӣ кардани раисаш бояд пули онҳоро баргардонанд.
Ҳуқуқдон Бахтиёр Насруллоев ҳам мегӯяд, тибқи қонун зарари ҷабрдидаҳо аз тарафи ширкат бояд ҷуброн карда шавад. “Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунанд, то барои бозпас гардондани пулҳояшон ё ҷуброни зарар чораҷӯӣ шавад,” – гуфт ӯ.
3000-3500 доллар маош?
Пас аз беруншавии Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо ҳазорҳо муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, барои кори мавсимӣ дар ин кишвар имкон ёфтанд. То кунун дар бораи чанд мавриди қаллобӣ гузориш шудааст.
Рӯзноманигор Муҳайё Нозимова, ки феълан дар Бритониёст, ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба сокинон роҳҳои қонунии муҳоҷиратро ба ин кишвар нишон медиҳад.
“Кӯшиш кунанд, ки ҳар эълону иттилоъро дар бораи кор дар Бритониё аз ғалбер гузаронанд. Дар чунин эълонҳо 3000-3500 доллар маош ваъда медиҳанд. Чанде пеш дар саҳифаи яке аз расонаҳои машҳури тоҷикӣ дар Телеграм дидам, ки эълони кор дар Бритониё ҳаст. Вақте ба торпайванди он медароед, маълум мешавад, ин каналҳо нав кушода шудаанд ва маҳз барои одамони зудбоваранд,” – афзуд ӯ.
Миллионҳо коргар аз Осиёи Марказӣ ба мисли Тоҷикистону Қирғизистону Узбекистон, ки пойбанди пули муҳоҷирон ҳастанд, асосан дар сохтмону бозору киштзору корхонаҳои Русия кор мекунанд.
Кори мавсимӣ дар Бритониё барои онҳо нав аст ва сафарро ба ин кишвари аврупоӣ фурсати ҷолиб медонанд. Пештар сафорати Бритониё дар Тоҷикистон аз афзоиши мавридҳои қаллобӣ барои даъват ба кор дар ин кишвар хабар дода, аз сокинон хоста буд, танҳо бо роҳҳои қонунӣ бираванд.