Боздошти ҳашт зодаи Тоҷикистон дар Амрико
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бо гузашти як рӯз аз эълони мақомоти Амрико дар бораи боздошти 8 зодаи Тоҷикистон дар Лос-Анҷелес, Ню-Йорк ва Филаделфия, мақомот дар Душанбе ҳанӯз вокуниш накардаанд. Манобеи амниятии Амрико рӯзи 11-уми июн ин афродро ба иртибот бо гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” ё ДОИШ гумонбар донистанд.