Кумитаи тафтишоти Русия рӯзи 18-уми сентябр гуфт, ки генерали 45-сола Денис Путилов дастгир карда шудааст.
Ӯ дар Ҳавзаи Марказии Низомии Русия мансабдори баландпоя буд.
Путиловро ба гирифтани 140 миллион рубл (беш аз 1,5 миллион доллар) ришва (пора) аз як ширкати хусусӣ муттаҳам медонанд.
Дар иттилояи расмӣ гуфта шудааст, ки ӯ гуё ин пулро дар ивази қарордоди таъмири техникаи низомӣ гирифтааст.
Ҳангоми пурра собит шудани иттиҳом, ба Денис Путилов то 15 сол зиндон таҳдид мекунад.
Баъди аз мансаби вазири дифоъ барканор шудани Сергей Шойгу дар моҳи май, чанд мансабдори низомии Русия бо иттиҳоми фасод датсгир шудаанд.