Боздошти чанд узви шохаи "Хуросон"-и ДОИШ дар Афғонистон

Ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ". Афғонистон, 17-уми нобяри 2019

Намояндагони “Толибон” дар Афғонистон гуфтаанд, ки шуморе аз аъзои шохаи “Хуросон”-и гурӯҳи “Давлати исломӣ” ё ДОИШ-ро дастгир кардаанд.

Ба иттилои ин гурӯҳ, ки ҳукуматашро ҳеч давлате ба расмият нашинохтааст, “дар миёни боздоштшудаҳо як зодаи Тоҷикистон низ ҳаст”. Мақомот дар Душанбе ҳанӯз вокуниш накардаанд.

Бахши афғонистонии Радиои Озодӣ рӯзи 30-юми сентябр аз қавли сухангӯйи “Толибон” Забеҳулло Муҷоҳид навишт, ин афрод дар ҳамла ба кормандони Раёсати назорат ва пайгирии фармонҳо (собиқ Додситонии кул) дар рӯзи 12-уми сентябр дар Кобул даст доштанд.

Гурӯҳи “Толибон" хабар дод, ки дар ин ҳамла 6 нафар кушта ва 13 кас захмӣ шуданд. Анҷумани додситонҳои Афғонистон мегӯяд, дар ин ҳамла камаш 16 додситон ҷон бохтанд.

Забеҳулло Муҷоҳид афзудааст, боздоштшудаҳо дар чанд ҳамлаи дигар дар Кобул ва минтақаҳои дигар, аз ҷумла ҳамла ба сайёҳон дар Бомиён даст доштанд.

Вай ҳамчунин иддао кард, ки аъзои мусаллаҳи шохаи "Хуросон"-и ДОИШ дар пайи амалиёти "Толибон" Афғонистонро тарк карда, ба Балуҷистону Хайбар Пахтунхоҳи Покистон рафтаанд ва аз онҷо ҳамлаҳои худро дар Афғонистон тарҳрезӣ мекунанд.

Кумитаи таҳримҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар моҳи август гуфт, ки Афғонистони зери ҳокимияти “Толибон” ба паноҳгоҳи амне барои гурӯҳҳои “Ал-Қоида” ва ДОИШ табдил шудааст.

Дар канори нигарониҳо аз ҳузури шохаи Вилояти Хуросони ДОИШ дар Афғонистон, нигаронии дигар дар бораи ҳузури ин ҳалқа дар дунёи маҷозӣ буд.