Боздошти Абдулфайз Атоӣ. Парвандаи дигарон чӣ шуд?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Абдулфайз Атоӣ, сухангӯйи пешини Вазорати корҳои хориҷӣ ва консули собиқи Тоҷикистон дар Кундузи Афғонистон, боздошт шудааст. Ба гуфтаи як манбаи огоҳ, ӯ дар аввали моҳи август аз сӯйи Додситонии кулли Тоҷикистон дар пайванд ба парвандаи Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷӣ, дастгир шуд.