Дар Кумитаи тафтишотии Русия гуфтанд, дар миёни гумонбарон сардори шуъбаи минтақавии Вазорати корҳои дохилии ин кишвар, ду зердасти ӯ ва як коромӯз низ ҳастанд.
Бино ба фарзияи муфаттишон, гумонбарон бар ивази беш аз як миллион рубл шаҳрвандони хориҷиро дар шаҳрҳои Реутов ва Балашиха ғайриқонунӣ дар қайд гузошта, ба онҳо шаҳодатномаи қалбакӣ дар бораи донистани забони русӣ ва санадҳои дигарро додаанд.
Дувоздаҳ тан аз гумонбарон ба ҳабси пешакӣ ва ду нафари дигар ба ҳабси хонагӣ гирифта шудаанд.
Вазорати корҳои дохилии Русия назорати муҳоҷиронро баъди ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Холл"-и Маскав дар охирҳои моҳи марти имсол сахттар кардааст.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, шикояти муҳоҷирон дар бораи латтукӯб шудан, боздоштҳои ғайриқонунӣ ва ихроҷ аз Русия баъди ҳодисаи мазкур афзудааст.