Марзбонони Лаҳистон (Полша) 11 нафарро бо гумони ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ боздошт кардаанд.
Ба гуфтаи мақомот, ин афрод шаҳрвандони Украина, Беларус, Русия ва Полша буда, дар интиқоли хориҷиҳо аз Русия ва Беларус ба кишварҳои Аврупои Ғарбӣ гумонзад ҳастанд.
Аз миёни онҳо шаш нафарашон ба ҳабс гирифта шудаанд.
Дар хабарҳо гуфта шудааст, ки гумонзадҳо дар Лаҳистон роҳбаладеро ҷустуҷӯ доштанд, ки муҳоҷирони беҳуҷҷатро аз сарҳади Беларус то Олмон баранд.
Аз миёни 321 созмондиҳандаи муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар соли ҷорӣ дар Лаҳистон (Полша) 66 нафар ҳабс шудаанд.