Сармоядорони тоҷик имкон доранд, як санги қиматбаҳои лаълро, ки 200 сол қабл, ҳанӯз дар ибтидои асри 19 аз Кӯҳи Лаъли Бадахшон ба Аврупо рафтааст, харидорӣ карда, ба Тоҷикистон баргардонанд.
Кохи музоядаҳои Bonhams як сарсӯзан ё санҷоқи сарисинаро, ки бо як санги нодири лаъли Бадахшон зиннат ёфтааст ва бо номи “Шпинел (лаъл)-и Ҳоуп” (“Spinel Hope”) маъруф аст, барои бори аввал дар 98 соли охир ба фурӯш гузоштааст. Музоядаи ин сарсӯзани ороишии гаронбаҳо аз маҷмӯаи пуровозаи Ҳенри Ҳоуп рӯзи 24 сентябр дар Лондон доир мешавад.
Кохи музоядаҳои Bonhams қасд дорад, “Шпинели Ҳоуп”-ро ба қимати аз 150 000 то 200 000 фунт стерлинги Бритониё, муодили 230 000 – 310 000 доллар ба фурӯш бизанад. Ин тақрибан 1500 маротиба гаронтар аз 1060 доллар нархест, ки дар музоядаи қаблӣ дар соли 1917 барои ин ороиш дода буданд.
Як масъули Кохи музоядаҳои Bonhams рӯзи 10 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо умедворанд, ки ин санг бо нархи хеле баландтар аз қимати пешниҳодӣ ба фурӯш биравад.
“Шпинели Ҳоуп”-ро дар ғилофи тилову нуқра як санги нодири ҳашткунҷаи шпинел, рангаш гулобӣ ва вазнаш 50,13 қирот(карат), зиннат медиҳад. Шпинел як навъ минерали нодири омехтаи оксиди магний ва алюминий буда, дар забони мардум бо номи лаъл машҳур аст.
Бовар мерафт, ки “Шпинели Ҳоуп” аз як кони машҳури лаъл дар кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ба даст омадааст. Эмили Барбер, мудири шӯъбаи лондонии Bonhams дар гузорише дар сомонаи расмии ин Корхи музояда мегӯяд, ташхиси тозаи сангшиносони Швейтсария ин фарзияро собит кард: “Мо ба озмоишгоҳи геммологии SSEF дар Швейтсария муроҷиат кардем ва SSEF тасдиқ кард, ки ин лаъл аз кони қадимаи Кӯҳи Лаъли Тоҷикистон омадааст. Бо шарофати шаффофияти фавқулодда, коркарди олӣ, ранги ҷаззоб ва ҳаҷми бузургаш ин лаъл дар воқеъ як шоҳкори табии нодир аст.”
Кони қадимаи Кӯҳи Лаъл дар соҳили рости дарёи Панҷ дар ҳудуди ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшони Тоҷикистон дар канори шарқии рустои Кӯҳилаъл дар байни рустоҳои Андароб ва Сист ҷойгир шудааст. Дар асрҳои миёна Кӯҳи Лаъл бузургтарин кони лаъу сангҳои дигари қиматбаҳо дар минтақа шинохта мешуд ва сангҳояш тоҷи подшоҳону амирон ва маликаҳову шоҳдухтарони давр, аз ҷумла Темуриён ва Муғулшоҳиёнро зеб медод.
“Шпинели Ҳоуп” ба сари худ як таърихи ҷолиб дорад. Ин сарсӯзан дар асри 19 ба маҷмӯаи бонкдор ва ашрофи маъруфи бритониёӣ Ҳенри Ҳоуп афтод. Ҳоуп дар маҷмӯааш беш аз 700 санги нодирро ҷамъ оварда буд, ки маъруфтаринҳояш дар баробари “Шпинели Ҳоуп” ҳамчунин зумуруди тоҷи султони Майсур, “Садафи Ҳоуп” – бузургтарин садафи замони худ – ва “Алмоси Ҳоуп” аст, ки ҳоло дар захираи Осорхонаи таърихи табии Амрико дар Вошингтон қарор дорад.
Баъди даргузашти Ҳенри Ҳоуп дар соли 1839 байни ворисонаш барои мероси ӯ, аз ҷумла барои маҷмӯаи сангҳои нодираш, муборизаи шадиде сурат гирифт. Дар ниҳоят 8 санги пурбаҳотарин аз ин маҷмӯа, бо шумули “Шпинели Ҳоуп” ва “Алмоси Ҳоуп” ба яке аз фарзандони ин сармоядор расид. Вале дар ибтидои асри 20 яке аз авлоди Ҳоуп ин дороиҳои меросиро дар бозии қимор бохт ва барои пардохтани қарзҳояш маҷбур шуд, дар соли 1917 аз тариқи Кохи музоядаҳои “Christi’s” ин сангҳои қиматбаҳо, аз ҷумла “Шпинели Ҳоуп”-ро бифурӯшад. Ин санг боз чанд бори дигар аз даст ба даст гузашт ва дар ниҳоят ба ледӣ Маунт Стефен, яке аз дугонаҳои малика Мери расид. Акнун яке аз авлоди ҳамин ашрофхонуми бритониёӣ “Шпинели Ҳоуп”-ро дигарбора ба фурӯш гузоштааст.
Эмили Барбер мегӯяд, “ин санги лаъл нафақат таъриху тарҷумаи ҳоли беназир дорад, балки ба сари худ як санги нотакрор аст. Он 2,5 сантимер бар ва 50 қирот вазн дорад. “Шпинели Ҳоуп” дар маҷмӯаи ӯ дар радифи бебаҳотарин сангҳо, аз ҷумла дар бари “Алмоси Ҳоуп” нигоҳ дошта мешуд. Ин худ баёнгари он аст, ки Ҳенри Ҳоуп ин санги лаълро баҳои хеле баланд медод.”
Сангҳои қиматбаҳои Бадахшон, аз ҷумла лаълу ёқут, аз қадим таваҷҷӯҳи дӯстдорони сангу ҷавоҳироти зеборо ба ин минтақаи кӯҳистон ҷалб мекард. Истихроҷи сангҳои қиматбаҳо имрӯз низ як бахши умдаи иқтисоди вилояти Бадахшони Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ҳоло танҳо аз кони Кӯҳи Лаъл солона то 3 кило лаъл ба даст меояд, ки нархаш дар бозор то 5 миллион доллар баровард мешавад.
Тоҷикистон дар соли 2014 аз ҳисоби содироти сангҳо ва фулузоти қиматбаҳо 127 миллион доллар ба даст овардааст. Вале ин омори он сангҳои қиматбаҳои Бадахшонро, ки бо роҳҳои қочоқӣ ба хориҷ мераванд, дар бар намегирад.