Ба гуфтаи мутахассиси сангшиноси корхонаи «Лаъл» Қудратшо Хоразмшоев, ҳамарўза харидорони зиёде, ки бештарашон ҷавононанд, ба мағозаи корхона барои дарёфти мўҳраҳо ва овезаҳо муроҷиат мекунанд. Ба фикри мутахассисон, раванди афзояндаи таваҷҷўҳ ба сангҳо ба нуфуз пайдо кардани нуҷумшиносӣ дар байни мардум, ки тибқи он, ҳар як шахс вобаста ба моҳи таваллуд санги «нигаҳдоранда» ва «бахтоваранда»- и худро дорад, вобаста будааст.
Ҳамчунин фаъолияти шўъбаи геология дар Донишгоҳи Хоруғ сабаби дигари густариши маълумот оид ба сангҳо дар байни ҷавонон ва афзоиши таваҷҷўҳ ба хусусияти онҳо ном бурда мешавад. Хоразмшоев гуфт, дар мағоза муҳраҳо ва овезаҳо аз лаъл, клиногумит, ё лаъли зард, скополит, ҷаммаст, яшм, булўр, лоҷуврд, амазонит, топаз, донаи анор ва навъҳои дигари сангҳо мавҷуд ҳастанд.
Аммо ба ақидаи муаллифи китоби «Сангҳои гаронбаҳои Бадахшон» Назардод Ҷонбобоев, таваҷҷўҳ ба хусусияти рамзӣ ва муолиҷавии сангҳо аз қадим дар байни мардум роиҷ будааст. Вай гуфт, ки эътиқод ба мавҷудияти робита байни маодин ва сайёраҳо ва таъсир доштани қудрати қудрати санг вобаста ба бурҷи дувоздаҳгона ба тақдири одамон чун як ҷузви меросҳои фарҳангӣ аз насл ба насл интиқол шудааст ва дар Бадахшон низ чун як минтақаи кўҳистони ин анъана ҷой доштааст. Тибқи ин эътиқодот ва таҷоруб ба сангҳои ҷавоҳир сифатҳои оварандаи некӣ, дилхушӣ, нотиқӣ, эманӣ аз хафву хатар, далерӣ ва пирузӣ дар муҳориба нисбат дода мешавад.
Лаъли Бадахшон бо дурахшандагӣ ва зебоӣ шўҳрат дорад, аммо тибқи эътиқодоти мардумӣ мўҳраи лаълдор дорандаи онро аз дарди дил эмин медорад. Ҳамчунин хокаи лаъл барои дафъи зардии рухсора ва бемории зардпарвин даво маҳсуб мешавад. Гирифтани пораи лаъл дар даҳон чораи беҳтарини рафъи ташнагӣ дар ҷойи беоб будааст. Сокинони деҳаи Кўҳи Лаъл мегўянд, иддае аз ҳамдиёрони онҳо ҳанўз дар қарнҳои гузашта ҳангоме, ки мардуми бумӣ иҷборан ба истихроҷи ин санги ҷавоҳир сафарбар мешуданд, бидуни ихтиёр ба озмоишгоҳи ташхиси лаъл табдил шуданд ва таъсири онро дар тани худ санҷидаанд, зеро барои пинҳон доштани санг дар бархе аз маворид аз чашми корфармоён маҷбур буданд, онро фурў баранд.
Амазонит ё санги моҳтобӣ дар минтақаи Мурғоб низ кашф шудааст. Аз ин санг асбобҳои ороишӣ месохтанд ва ҳамчун тумор ва бозубанд низ аз он истифода мешудааст. Гуфта мешавад, ки агар санги амазонитро ба гардан овезанд, шиддати дарди сар ва ё эпилепсия кам ва занони безурёт соҳиби фарзанд мешаванд. Дар Бадахшон мўътақиданд, ки агар порае аз ин сангро ба шохи дарахти борвар овезанд, ҳосил фаровонтар мешавад.
Дар корхонаи «Лаъл» коса ва гулдонҳои аз аметист сохташударо дарёфт намудан мумкин аст. Тибқии ривоёти мардумӣ аметист, ё каммаст санги асроромез аст. Он чун санги қувватбахшандаи фикр ва нигаҳдоранда аз хатар шинохта мешавад. Муаллиф дар баёни хусусияти ин санг меафзояд, ки ҳамчунин агар касе аз косаи аз аметист сохташуда шароб хурад маст намешавад ва ташнагии шахси обхўра аз чунин коса зуд мешиканад. Ситорашиносон аметистро тақдирҷунбони афроде медонанд , ки дар моҳи ҳут таваллуд шудаанд. Аммо ҳоло бештари харидорон мўҳра ва ё овезаи ақиқро меҷўянд.
Робия Карамшоева, як сокини Хоруғ, гуфт, бинобар маълумоте, ки вай аз мъахазҳо пайдо кардааст, ақиқ санги ашхосест, ки дар моҳи январ таваллуд шудаанд ва аз ин ҷихат мехоҳад овезаи ин сангро дар гардан ҳамел кунад. Ақиқ яке аз сангҳои зеботарини гурўҳи халтседонӣ чун моли заргарӣ, ороишӣ ва сеҳрдор ҳанўз аз қадим маълум будааст. Мардумон ба ақиқ чун санги қавикунандаи муҳаббату нури чашм, бахт ва зафароваранда муносибат доштаанд.
Муаллифи «Сангҳои гаронбаҳои Бадахшон» бо такъя ба сарчашмаҳо меафзояд, ки бостоншиносон донаҳои шоҳмот, дастаи корд ва афзорҳои дигареро, ки дар оромгоҳи скифҳо дар Алушта ёфт шуданд, ба қарни V пеш аз милодӣ мансуб медонанд. Аз кулли намудҳои ақиқ хамчунин дар сохтани сандуқи мумиёи Фиръавн низ истифода шудааст.
Ба гуфтаи мутахассисон, Бадахшон дорои конҳои бузурги булўр аст. Булўр дар саноати радиоэлектроника, нимноқилӣ ва оинасозӣ истифода мешавад.Аммо он чун санги наҷотдиҳанда аз нерўҳои аҳриманӣ низ шуҳрат доштааст. Ҳамчунин харидорон имконият доранд, ки мўҳраҳо аз лоҷувард, нефрит ва турмалини Бадахшонро дар корхона дарёфт кунанд. Ба гуфтаи сангшиносон, бо таваҷҷўҳ ба хосияти лоҷувард, ки шуъои радиатсияро қабул мекунад, имрўз дар Хоруғ дидан мумкин аст, сари мизи ашхоси зиёдеро, ки бо компютер кор мекунанд, маҳсулот аз ин санг оро медиҳад. Мутахассисони корхона ёдовар мешаванд, ки қаблан ба дунболи фоҷиаи Чернобил онҳо аз сокинони наздик ба маҳалли ҳодиса мактубҳо дарёфт намуда буданд, ки барояшон фиристодани муҳраҳои лоҷуввардро хоҳиш менамуданд.
Чанд сол қабл дар минтақаи Помири Шарқӣ ёқут, ки дар баробари алмос «шоҳи сангҳо» ном гирифтааст, кашф гардидааст. Дар тибби Шарқи қадим бо истифода аз хусусиятҳои гармӣ, хунукӣ ва тарии сангҳои ҷавоҳир ҳамчунин тайёр намудани доруҳои гуногун аз онҳо роиҷ будааст. Назардод Ҷонбобоев гуфт, давое ки барои табобати дарди дил, узвҳои нафаскашӣ ва майнаи сар тавсия мешудааст аз хокаи ёқут, ақиқ, тилло ва нуқра иборат будааст.
Ба гуфтаи мутахассиси риштаи геологияи Донишгоҳи Хоруғ Сангин Элназаров, дар ҷаҳон зиёда аз се ҳазор хелҳои сангҳои ҷавоҳир ва ороишӣ мавҷуд буда, дар Бадахшон ба ғайр аз алмос ва зумуррад бештари ин сангҳоро дучор омадан мумкин аст. Ахиран геологҳо дар минтақа сангеро кашф кардаанд, ки он помирит ном гирифтааст.