Рӯзи 17-уми декабр дар чанд нуқтаи билетфурӯшӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, нархи билет дар хатсайри Маскав-Душанбе то 4,5 ҳазор сомонӣ ё 400 доллар аст. Ин дар ҳоле, ки нархи билети ҳавопаймо аз Душанбе ба Маскав то 1600-1700 ($150) сомонӣ аст.
Намояндаи як нуқтаи билетфурӯшӣ дар Душанбе сабаби гарон будани нархи билети Маскав-Душанберо ба бозгашти муҳоҷирон рабт дод.
Муҳоҷирони тоҷик дар фасли баҳор ба Русия мераванд ва дар охири тирамоҳ ва аввали зимистон ба ватан бармегарданд.
Хатсарйи Маскав-Душанбе яке аз роҳҳои асосии сафари муҳоҷирони тоҷик аст. Шабонарӯз дар ин масир то 7 парвоз амалӣ мешавад. Аз Душанбе ба ягон шаҳри дигар ин қадар парвоз анҷом намешавад.
Гарон будани нархи билети ҳавопаймо баъзе муҳоҷирони тоҷикро маҷбур кардааст, ки аз роҳҳои заминӣ аз ҷумла, тариқи автобус ба Тоҷикистон баргарданд.
Сафар бо нақлиёти заминӣ то 3-4 рӯз тӯл мекашад ва муҳоҷирон мегӯянд, дар роҳҳо, бахусус дар биёбонҳои Қазоқистон азоб мекашанд.