Иҷрои ҳукми 5 сол ҳабси Салмон Хон ба таъхир афтод

Салмон Хон, ситораи синамои Ҳинд

Додгоҳи зинаи болоӣ мӯҳлати иҷрои ҳукми ҳабси 5-солаи ҳунарпешаи машҳури синамои ҳинд Салмон Хонро ду рӯз баъд аз содир шуданаш ба таъхир гузошт.

Рӯзи ҷумъаи 8-уми май додгоҳи Ҳиндустон мӯҳлати иҷрои ҳукми ҳабси 5-солаи ҳунарпешаи маъруфи ин кишвар Салмон Хонро ду рӯз баъд аз содир шуданаш ба таъхир гузошт. Ин дар ҳолест, ки ситораи синaмои Ҳинд барои ҳалокати як нафар ва захмӣ шудани чаҳор тани дигар дар як садамаи 13 сол пеш, ки дар ҳолати сархушии ӯ ба амал омадааст, ба панҷ соли зиндон маҳкум гашта буд.

Ҳукми додгоҳ рӯзи 5 май садҳо ҳазор нафар аз мухлисони Салмон Хонро, ки дар авҷи шӯҳрат аст, норозӣ гузошта, бозори саҳҳоми ширкатҳоеро, ки бо студияи филмсозии Bollywood ҳамкорӣ доранд ва филмҳоеро бо ширкати ин ҳунарпеша сармоягузорӣ мекунанд, ба ҳам зада буд.

Ба таъхир афтодани иҷрои ҳукм дафъатан саҳмияҳои яке аз чунин ширкатҳоро, ки барои иштироки Салмон Хон дар як филм миллионҳо доллар пул гузошта буд, боло бурд.

Додраси додгоҳи Мумбай, Абҳай Зипсай, ки аризаи шикоятии Салмон Хонро пазируфтааст, мегӯяд: “Мо наметавонем, аз он ки сарнавишти инсон дар ҳоли баррасист, ӯро ба дохили зиндон барем ва аз ин хуш бошем.”

Додгоҳи зинаи поёнӣ Салмон Хони 49-соларо ба куштори донистакорона муттаҳам донист ва мегӯяд, ҳунарпеша даор соли 2002 аз болои гурӯҳи бехонаҳое мошин ронд, ки дар пиёдароҳ хобида буданд. Гуфта мешавад, Салмон Хон аз тарабхонае бармегашт ва сармаст буд.

Салмон Хон мегӯяд, вай дар паси фармони мошин набуд, вале чандин шоҳид баёнот додаанд, ки ӯро дар лаҳзаи садама паси рул дидаанд. Ронандаи ҳунарпеша дар моҳи март гуфт, вай паси фармон буд ва Салмон Хон дар курсии ақиб менишаст.

Дар ҷараёни муҳокима вакили дифои Салмон Хон Амит Десай баҳс кард, ки додрас далелҳои тарафи мудофиаро дар бораи он ки ногаҳон кафидани чархи мошин сабаби фалокат шудаст, нодида гирифт. Десай ҳамчунин шикоят кард, ки додгоҳи зинаи поёнӣ баёноти як шоҳидро, ки дар курсии ақиби мошини Салмон Хон ба парванда ҳамроҳ накард.

Хон ҳоло маҷбур хоҳад буд, ки шиносномаи худро ба мақомот таслим кунад ва 30 000 рупия ё 469 доллари амрикоӣ гаравпулӣ супорад. Додгоҳи олӣ парвандаи ӯро рӯзи 12 июн баррасӣ хоҳад кард.

Садҳо нафар аз мухлисони Салмон Хон, ки дар атрофи манзили ӯ дар Мумбай ҷамъ омада буданд, қарори додгоҳро ҷашн гирифтанд. Ва нархи саҳмияҳои ширкати филмбардорӣ ва тақисми филми Eros International 8 дарсад боло рафт. Саҳмияҳои ширкати нассоҷии Mandhana Industries, ки бо Бунгоҳи Салмон Хон ҳамкорӣ мекунад, низ дар ҳоло болоравист. Агар ҳукми 5 сол ҳабси Салмон Хон ба иҷро мерасид, ӯ аз ширкат дар филмҳои зиёде, ки дар ҳоли таҳия шудан ҳастанд, маҳрум мегашт ва ба фарҷом нарасидани ин филмҳо ба саноати филмсозии Ҳиндустон садҳо миллион доллар зарар ворид хоҳад кард.

Салмон Хон писари ҳунарпеша ва филмноманави саршиноси Ҳиндустон Салим Хон аст, ки дар даҳҳо филм ҳунарнамоӣ карда, муаллифи чанде аз беҳтарини онҳо ба шумор меравад. Филмҳо бо ширкати Салмон Хон дар Афғонистону Покистон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигар шӯҳрати зиёд доранд.