Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситораи Bollywood Салмон Хон ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд


Салмон Хон, ситораи синамои Ҳинд
Салмон Хон, ситораи синамои Ҳинд

Додгоҳ ҳунарпешаи машҳури синамои ҳинд Салмон Хонро барои садамаи марговар ва фирор аз ҷои воқеа ба панҷ соли зиндон маҳкум кард.

Ситораи Bollywood Салмон Хони 49-сола барои пахш кардани панҷ нафаре, ки дар роҳраве дар шаҳри Мумбай хобида буданд, ба панҷ соли зиндон маҳкум кард. Дар ин садама 1 нафар кушта ва 4 тан захмӣ шуда, худи ҳунарпеша саҳнаи воқеаро тарк карда буд. Пеш аз муҳокимаи додгоҳӣ эҳтимол мерафт, ки Салмон Хон ба камияш 10 сол гирад ё ба ҳабси абад маҳкум шавад.

Эҳтимол меравад, ки ҳунарпешаи машҳури синамои Ҳиндустон аз болои ин ҳукм ба додгоҳи болоӣ шикоят барад. Агар шикояташ рад шавад, карйераи ӯ дар Bollywood ва ҳам қазияе, ки 12 сол идома дошт, ба поён мерасанд.

Салмон Хон дар беш аз 80 филм нақш бозида, чанд филми дигараш дар ҳоли таҳия шудан ҳастанд. Интизор меравад, ки бо ҳабси ин ҳунарпешаи машҳур саноати синамои ҳинд зиёда аз 31 миллион доллар сармоягузориро аз даст медиҳад.

IСалмон Хон (рост) ҳангоми интиқоли ӯ ба додгоҳ, 6 майи соли 2015.
IСалмон Хон (рост) ҳангоми интиқоли ӯ ба додгоҳ, 6 майи соли 2015.

Садамаи марговар дар беруни як дӯкони нони Мумбай 12 сол пеш, дар моҳи сентябри соли 2002 ба вуқӯъ пайваста буд. Муфаттишон мегӯянд, Хон идораи мошини гаронбаҳои худ – ҷипи Toyota Land Cruiser-ро аз даст дод ва аз болои афроди бехонае гузашт, ки дар пиёдароҳ хобида буданд. Вай аз тарабхонае, баъд аз нӯшидан бармегашт.

Ҳунарпеша даъво дошт, ки вай дар сари фармони мошин набуд, аммо муфаттишон ин иддаоро рад карданд ва ӯро ҳамчунин ба он муттаҳам намуданд, ки аз ҷойи воқеа фирор намуд ва ба осебдидагон кӯмак нарасонд.

Додгоҳ низ исбот кард, ки худи Салмон Хон дар паси фармони мошин буд ва ба ин тартиб ӯ ба куштори амдӣ айбдор дониста шуд.

Мусоҳиба бо Фариштаи Нигоҳро дар бараи қазияи Салмон Хон дар ин навор бубинед:

Ситораи Bollywood Салмон Хон ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:12 0:00

Салмон Хон писари ҳунарпеша ва филмноманави саршиноси Ҳиндустон Салим Хон аст, ки дар даҳҳо филм ҳунарнамоӣ карда, муаллифи чанде аз беҳтарини онҳо ба шумор меравад. Филмҳо бо ширкати Салмон Хон дар Афғонистону Покистон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигар шӯҳрати зиёд доранд. Дар худи Ҳиндустон ӯ яке аз ҳунарпешагони раддаи аввал ба шумор меравад ва миллионҳо мухлису ҳаводор дорад, ки ҳоло аз ҳукми додгоҳ изҳори норогиӣ мекунанд.

Расонаҳои Ҳиндустон қаблан низ дар бораи майпарастӣ ва бадрафтории ӯ бо мардум хабар додаанд. Дар ин навори маҷаллаи "Пушти пардаи Болливуд" гуфта мешавад, ӯ дар мазҳари ом яке аз муҳофизони худро торсакӣ задааст.

XS
SM
MD
LG