Бохтар: Раиси нав ваъда дод, сокинон чӣ мегӯянд?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баҳси тоза набудани кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон борҳо расонаӣ шудааст. Сокинон бо гузоштани аксу наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомот талаб мекунад, ки партовҳоро сари вақт бардоранд. Дар аввали сол шаҳрдори нави Бохтар дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки як вазифаи ӯ тоза нигоҳ доштани кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр аст. Бо иваз шудани раис ин шаҳр оё Бохтар тоза шудааст?