Манобеъ: "Боим" дар Туркия дастгир ва ба Тоҷикистон оварда шудааст

Иброҳим Сафаров. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Иброҳим Сафаров, машҳур бо лақаби “Боим”, сокини 53-солаи шаҳри Душанбе, ки номаш борҳо бо фурӯшу интиқоли маводи мухаддир расонаӣ шудааст, дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Ду манбаи Радиои Озодӣ дар мақомоти тафтишотӣ рӯзи 1-уми декабр гуфтанд, ки Иброҳим Сафаров дар аввали моҳи октябр аз Истанбул ба Душанбе оварда шуд.

“Ӯ ба таъсиси шабакаи фурӯши ҳабҳои экстазӣ” ва “нигаҳдории силоҳ айбдор мешавад,” – афзуд як манбаъ.

Наздикони Иброҳим Сафаров боздошту истирдоди ӯро на тасдиқ ва на рад карданд.

Дар гузашта низ исми Иброҳим Сафаров бештар бо интиқолу фурӯши миқдори бузурги маводи мухаддир расонаӣ шуда буд.

Расонаҳои русӣ аз ӯ “Пабло Эскобари Тоҷик” ном мебурданд. Ӯ соли 2006 дар Русия бо беш аз 200 кило ҳероин боздошт ва ба 19 сол зиндон маҳкум шуда буд. Соли 2020 дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки озод шудааст. Маълум нест, ки Иброҳим Сафаров таҳти чӣ шароит пеш аз муҳлат аз зиндон раҳо шудааст.

“Ӯ пас аз озод шудан ба Туркия рафт ва аз он ҷо як шабакаи фурӯши маводи мухаддир дар Тоҷикистонро ба роҳ монд. Ҳудуди даҳ узви гурӯҳи ӯ боздошт шуданд ва худаш дар ҷустуҷӯ буд,” –гуфт яке аз манбаъҳои Радиои Озодӣ, ки нахост номаш фош шавад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар моҳи июли имсол Комрон Ҳамроев, сокини 28-солаи шаҳри Душанберо бо гумони фурӯши “ҳабҳои экстазӣ” боздошт кард.

Мақомот дар хабарномае гуфтанд, ки Комрон Ҳамроев аз наздикони “Боим” буда, бо дастури ӯ дар Душанбе маводи мухаддир мефурӯхт.

“Ҳамроев Комрон таҳти роҳбарии хешовандаш Сафаров Иброҳим, бо тахаллуси Боим, ки пеш барои кочоқи маводи мухаддир суд шуда, ҳоло дар хориҷи кишвар қарор дорад, ба ин кирдори ҷиноятӣ машғул буд,” -- гуфта шудааст дар хабарномаи ВКД.

ВКД гуфта буд, ки гурӯҳи “Боим” аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва бо истифода аз васоили пешрафта ин корро анҷом медод.

Иброҳим Сафаров солҳои 2000-ум дар Тоҷикистон чеҳраи маъруф буд. Ӯ дар баргузории консерт ва таҳияи суруд ба сарояндагон мадад мекард.