Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

17 ва 20 сол ҳукми зиндони ду "наркобарон" аз Тоҷикистон


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Додгоҳи вилояти Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми қочоқи 115 кило ҳероин ба 17 ва 20 соли зиндон маҳкум кардааст.

Додгоҳи вилояти Маскави Русия шаҳрвандони Тоҷикистон Шавкатҷон Шокиров ва Фатҳуддин Фатҳуддиновро дар қасди қочоқи 115 кило маводи мухаддири сахттаъсири ҳероин мҷурим шинохта, ҳардуро мутаносибан ба мӯҳлати 17 ва 20 сол равонаи зиндон кард. Дар ин бора додситонии кулли Русия рӯзи 3 сентябр дар сомонааш хабар додааст.

Бино бар ин манбаъ, додгоҳ шаҳрвандони Тоҷикистонро дар нақзи бандҳои “а” ва “б”-и қисми 4-уми моддаи 229.1(қочоқи маводи мухаддир) ва қисми якуми моддаи 30 ва қисми 5-уми моддаи 228.1-и Кодекси ҷиноии Русия ( омодагӣ ба фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир) айбдор донистааст.

Мақомоти тафтишотии Русия мегӯянд, ки Шавкатҷон Шокиров ва Фатҳуддин Фатҳуддинов дар моҳи июни соли 2013 талош кардаанд, ки 115 кило ҳероинро дар дохили қуттиҳои олуча ҷо карда, ба Русия интиқол диҳанд. Гуфта мешавад, ки қочоқбарон дар поддонҳои қуттиҳои олуча пинҳонгоҳҳое сохта, дар ҳар кадом аз 300 то 400 грамм ҳероинро пинҳон кардаанд.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Аммо ин бор алакай баъди расидан ба вилояти Маскав аз тарафи маъмурони Хадамоти федеролии назорати маводи мухаддири Русия (ФСКН) кашф ва мусодира шудааст. Ба гуфтаи маъмурони ин ниҳод, ҳероини кашфшуда барои сеяки аҳолии Маскав кифоят мекард. Додгоҳ Фатҳуддиновро ба 20 ва Шокировро ба 17 соли зиндони режимаш шадид маҳкум кард, - гуфта мешавад дар иттилоияи додситонии кулли Русия.

Ҳукми тӯлонии зиндони ду шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир дар ҳоле нашр мешавад, ки дар ҳафтаи гузашта дар вилояти Маскав 4 шаҳрванди узбактабори Тоҷикистон, бо шумули 3 бародар ва як зан, дар вилояти Маскав бо беш аз 105 кило маводи мухаддир дастгир шуданд. Хабаргузории Регнум – ношири ин хабар – навишт, ки афроди боздоштшуда аъзои як хонаводаи узбактаборҳои зодаи Тоҷикистон буда, ҳамаи аъзои ин гурӯҳ - се бародар ва як зане, ки масъулияти интиқоли бор барои ин гурӯҳи қочоқбарро бар ӯҳда доштааст, шаби 29 август дар вилояти Маскав дастгир шудаанд. Исми боздоштшудаҳо аммо ҳанӯз нашр нашудааст.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Манобеи Регнум дар раёсати Хадамоти федеролиии назорат бар маводи мухаддири Русия (ФСКН) дар вилояти Маскав гуфтаанд, ки аъзои ин гурӯҳи қочоқбар тақрибан 6 моҳ боз дар мадди назари онҳо қарор дошт. Ибтидо беш аз 10 фурӯшандаи майдаву миёнаи маводи мухаддирро, ки аз сӯи ин гурӯҳ таъмин мешуданд, бо тақрибан 30 кило ҳероин дастгир карда, сипас ба шикори “сайд”-и асосӣ – созмондиҳандагони ин шабакаи ҷиноӣ – иқдом кардаанд.

Ба гуфтаи ин манобеъ, дар саргаҳи ин шабака шаҳрвандони узбактабори Тоҷикистон истода буданд. Шабакаи қочоқбарро бародари калонии онҳо раҳбарӣ мекард ва ду додараш ба ӯ дар ин амр кумак мекарданд. Аммо риски асосӣ бар дӯши зани 25-солае буд, ки масъулияти интиқоли маводи мухаддир бо роҳҳои махуфро бар ӯҳда доштааст.

Шаби 29 август раҳбари ин шабака ва ин зани қочоқбарро ҳангоми талоши интиқоли 4 кило маводи мухаддир дастгир карданд. Ҳамзамон дар ду макони дигар ду бародари хурдии “наркобарон”-и асосиро боздошт кардаанд. Яке аз ин бародарон посбони амборе дар ноҳияи Чехови вилояти Маскав будааст. Ҳангоми боздошт аз мошини ин бародарон 1 кило ҳероину аз сумкаи дасти зан беш аз 3 килои дигар аз ин навъи сахттаъсири маводи мухаддир пайдо карданд. Баъдан ҳангоми кофтукоб аз манзиле, ки ин зан ба сар мебурд, боз 10 кило ҳероини дигар кашф ва мусодира шудааст.

Аммо маълум шуд, ки амбори асосии ин шабакаи қочоқбар дар ҳудуди ноҳияи Чехов, дар ҳавлие, ки ба яке аз аъзои ин шабака тааллуқ мегирифт, қарор доштааст. Дар таҳхонаи бино дар зери фарш беш аз 60 кило маводи мухаддирро дар 135 бастаи ҳар кадом нимкилоӣ пинҳон карда будаанд.

Ба гуфтаи мақомот, ин шабакаи қочоқбар маводи мухаддирро аз Тоҷикистон ба Русия дар дохили рахти хоб интиқол медодаанд. Ин рахтҳои хоб тавлиди Қирғизистон буда, бо нархи арзон харида мешуд ва сипас қочоқбарон дар дохили он ба ҷои картон бастаҳои ҳероинро ҷой мекардаанд. Ҷамъи маводи мухаддире ки дар ҷараёни боздошти ин шабакаи бузурги қочоқбар мусодира шудааст, беш аз 105 кило буда, гуфта мешавад, ки арзиши ин миқдори ҳероин дар бозори сиёҳи Русия то ба 5 миллиард рубли русӣ, ё ҳудуди 140 миллион доллар мерасад.

Алайҳи 4 нафари боздоштшуда бар асоси моддаи 228-уми Кодекси ҷиноии Русия (қочоқи маводи мухаддир) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Ин банди Кодекси ҷиноии Русия барои қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир ҳамчун ҷазо аз 10 то 15 соли зиндон бо ҷарима ба маблағи 500 00 рубли русиро пешбинӣ мекунад.

Марзи Тоҷикистону Афғонистон
Марзи Тоҷикистону Афғонистон

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон 1370 километр марзи мустақим дорад, яке аз масирҳои умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Русия эътироф шудааст. Матбуоти Русия тақрибан ҳаррӯз дар бораи боздошти шаҳрвандони тоҷик бо маводи мухаддир хабар медиҳад. Аммо боздошти ин 4 шаҳрванди Тоҷикистон бо беш аз 105 кило ҳероин дар вилояти Маскав яке аз бузургтарин мавридҳои боздошти қочоқбарони маводи мухадддир дар Русия дар солҳои охир ба шумор меравад.

Аз дигар қазияҳои пурсарусадои марбут ба “наркобарон”-ҳои тоҷик яке қазияи сокини Душанбе Иброҳим Сафаров, мулаққаб ба “Боим”, “Раис” ва ҳатто “Министр” аст, ки рӯзи 26 ноябри соли 2004 дар Русия бо ҷурми қочоқи ҳудуди 200 кило ҳероин дастгир шуд. “Боим”, ки ҳоло 43 сол дорад, раҳбари яке аз бузургтарин шабакаҳои қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Русия ном бурда мешуд. Мақомоти Русия он вақт мегуфтанд, шабакаи "Боим" солона ба ин кишвар то 4,5 тонна маводи мухаддир меовард. Ӯро соли 2006 ба 19 соли зиндон маҳкум карданд.

Ҳамин тавр, дар соли 2012 дар Дубай Атобек Гулмамадов, зодаи ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшонро дастгир ва моҳи феврали соли 2013 ба Маскав истирдод шуд. Мақомоти Русияро Гулмамадов, имулаққаб ба "Бек"-ро аз соли 2009 ба далели даст доштан дар қочоқи 400 килограмм ҳероин ҷустуҷӯ мекарданд. Вале наздикони ӯ мегуфтанд, ки ӯ бисёр як зиндагии хоксоронае дошт ва пулиси Русия ба хотири бузург нишон додани натиҷаи кораш “аз пашша фил сохтааст.”

Мақомоти Русия маводи мухаддиррро як таҳдиди ҷиддӣ ба генофонди мардуми ин кишвар меноманд. Бино ба омори расмии вазорати беҳдошти Русия, то сентяри соли 2013 дар ин кишвар 850 000 мӯътоди маводи мухаддир расман сабти ном шуда буд. Хадамоти федеролии назорати маводи мухаддири Русия (ФСКН) аммо ҷамъи мӯътодони маводи мухаддирро дар ин кишвар беш аз 3 миллион нафар баршумурда, мегӯяд, 18 миллион аз аҳолии Русия дастикам боре маззаи маводи мухаддирро чашидаанд.

XS
SM
MD
LG